НЕРУИ НАРМ ВА ДИПЛОМАТИЯИ ФАРҲАНГӢ ОМИЛИ ТАҲКИМИ МАВҚЕИ ТОҶИКИСТОН ДАР ДОХИЛ ВА ХОРИҶИ КИШВАР. Андешаҳои академик Абдуҷаббор Раҳмонзода

Ноябрь 23, 2020 17:18

ДУШАНБЕ, 23.11.2020. /АМИТ «Ховар»/. Солҳои охир дар илми ҷомеашиносӣ ва фарҳангшиносӣ истилоҳи “неруи нарм” ва “дипломатияи фарҳангӣ” маъмул гардида, кишварҳои пешрафта, аз ҷумла ИМА, Англия, Фаронса, Италия, Олмон, Россия бо истифода аз қудрати ин арзишҳои иҷтимоӣ ба комёбиҳои назаррас ноил шудаанд. Доманаи баҳси ин хориқаҳои босубот дар шароити кунунӣ ба давлатдорӣ, сиёсат ва дипломатия таъсири амиқ расонида, мамлакатҳо муҳимтарин масъалаҳои консептуалии сиёсати хориҷии худро ба ин восита татбиқ карда истодаанд. Онҳо дар сиёсати берунаи худ ба хотири густариши ҳамкориҳои гуманитарӣ ба ин омилҳои ваҳдатофар такя карда, мавқеи худро дар фазои муносибатҳои байналмилалӣ таҳким мебахшанд. 

Бо пайдо шудани мафҳумҳои “неруи нарм” ва “дипломатияи фарҳангӣ” дар муносибати байни давлатҳо мавқеи фарҳанг  боз ҳам устувор гардида, онҳо кўшиш доранд, ки ҳамкориҳои фарҳангию адабиро тавсеа бахшида, ҳамдигарфаҳмиро миёни халқҳо ва кишварҳо устувор гардонанд.

Мафҳуми “дипломатияи фарҳангӣ” солҳои сиюми қарни ХХ дар собиқ Иттиҳоди Шўравӣ арзи ҳастӣ карда, ҷанбаи тарғиботӣ ва сиёсӣ дошт. Дар ҳамон замон ба хотири ҳарчи бештар амалӣ шудани саноатикунонии мамлакат зарурати ҷалби олимони барҷастаи соҳаи техникаву технология ва шахсиятҳои фарҳангию адабӣ аз кишварҳои пешрафтаи хориҷӣ пеш омада буд. Сарони вақт барои расидан ба ин ҳадаф аз дипломатияи фарҳангӣ истифода карда, олимони машҳур, адибони шинохта, файласуфони бузург, ба мисли Г. Уэллс, Р. Ролан, Б. Россел, А. Жидро ба кишвари Шўроҳо даъват мекарданд ва аз таҷрибаи корӣ, илмӣ ва мавқеи ҷамъиятии онҳо истифода намуда, баробари ин робитаро бо кишварҳои хориҷӣ таҳким мебахшиданд. Ин усули кор минбаъд таҳким ёфта, давлатҳои пешқадам аз ин таҷриба истифода мекарданд ва барои тавсеаи дипломатияи фарҳангӣ шеваҳои наву созандаро эҷод намуда, барои рушди фарҳанг роҳи васеъро боз менамуданд. Аммо, пасон, доираи ин сиёсат дар кишвари Шўроҳо заиф шуда, давлатҳои Ғарб аз дипломатияи фарҳангӣ истифода намуда, барои роиҷ ёфтани он тадбирҳои зиёдеро амалӣ намуданд.

Ин раванд дар Англия ҷойи созгор пайдо намуд ва баъдан дар Олмон, Италия, Фаронса ва ИМА истифодаи он дар сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ мавқеи шоиста пайдо кард. Ба ақидаи муҳаққиқони Ғарб “дипломатияи фарҳангӣ”, барои беҳтар кардани ҳамкориҳои мутақобилан судманди кишварҳо мусоидат намуд. Бо ин роҳ мазмуни фарҳанг васеъ шуда, ба он  адабиёт, санъат, маориф, воситаҳои ахбор, аз ҷумла телевизион, кино, мусиқӣ, вақтхушӣ, интернет, шабакаҳои иҷтимоӣ ва ҳамчунон рушди сайёҳиву ҷараёни муҳоҷират ворид мегардад.

Олими амрикоӣ Милтон дипломатияи фарҳангиро ҳамчун “мубодилаи идеяҳо, иттилоот, муқаддасот, анъана, эътиқод ва дигар ҷиҳатҳои фарҳанг, ки метавонанд ҳамдигарфаҳмиро беҳтар гардонанд” медонад. Дар чунин ҳолат дипломатияи фарҳангӣ ба қисми таркибии дипломатияи мардумӣ дохил шуда,  дар худ маҷмўи таъсири амалиеро, ки мақсади тактикиву стратегӣ дар соҳаи фарҳанги ҳамкории давлатҳо, созмонҳо  ва институтҳои байналмилалӣ дорад, ифода менамояд.  Ба ин восита баробари дипломатияи нухбагон дипломатияи халқӣ қувват гирифта, табодули фарҳангии одамони одиро низ фарогир мешавад. Яъне баробари сиёсатмадорон, сафирон, арбобони барҷаста, аҳли фарҳангу адаб, шахсиятҳои эҷодӣ ҳангоми соҳиби нуфузи минтақавӣ ва ҷаҳонӣ шудан метавонанд дар ҳамкории кишварҳо таъсир расонанд ва соҳиби натиҷаҳои судманд гарданд.

Бо шиддат гирифтани ҷаҳонишавӣ дар шароити кунунӣ фарҳанг ба қисми таркибии сиёсати байналмилалӣ ва “дипломатияи фарҳангӣ” — и давлатҳо ворид шуда, ҷиҳати таҳкими равобити дўстона мусоидат карда истодааст.  Дар чаҳорчўби дипломатияи фарҳангӣ метавон аз санъат, аз ҷумла театр, кино, мусиқӣ, рақс, санъати тасвирӣ, ҳайкалтарошӣ, намоишҳо, барномаҳои маърифатӣ, илмӣ таҳсилотӣ, адабиёт, таъсиси китобхонаҳо, пахши ахбор ва барномаҳои фарҳангӣ дар хориҷи кишвар ва ташаббуси муколамаи динҳо истифода намуд.

Ҳамзамон барои таҳкими дипломатияи фарҳангӣ ташкил намудани барномаҳои фарҳангӣ бо ҷалбу иштироки чеҳраҳои шинохта аз аҳаммият холӣ набуда, таъсиси грантҳо, стипендияҳо, табодули академӣ, баргузории тренингу конфренсияҳо ва ҳамзамон роҳ ёфтан ба каналҳои иттилоотӣ мусоидати бештар менамояд. Бо ин роҳ робитаи фарҳангӣ метавонад  воситаи   судманди дипломатияи оммавии давлатҳо гардад  ва дар  ташаккули мавқеи онҳо нақши назаррас бозад.

Пайдоиши истилоҳи “неруи нарм” низ таърихи начандон дур дошта, дар солҳои сиюми асри гузашта арзи ҳастӣ намудааст. Ҳанўз соли 1939 Эдвард Ҳаллетт Карр (1892-1982), муаррих, дипломат ва назариячии робитаҳои байналмилалӣ қудрати давлатро дар фаъолиятҳои байнидавлатӣ ба се қисм: неруи низомӣ; неруи иқтисодӣ ва неруи нарм (неруе, ки бар афкору андеша ҳукмрон аст) тақсим карда, навъи сеюмро барои дастёбӣ ба натиҷаҳои дилхоҳ ниҳоят муҳим арзёбӣ намуда буд. Ин биниш, мутаассифона минбаъд таҳқиқ нашуда, моҳияти он кам ба эътибор гирифта шуд.

Ба ин масъала баъдтар Ҷозеф Ной  баргашта, мафҳуми «неруи нарм» — ро расонаӣ кард ва ҷонибдорони зиёд пайдо намуд. Ба ақидаи ин донишманд “неруи нарм” ба се манбаъ: фарҳанг, арзишҳои сиёсӣ ва ормону орзуҳо дар самти сиёсати хориҷӣ такя мекунад. Махсусан, ў фарҳангро ҳамчун унсури тавони неруи нарм пиндошта, таъсири онро дар ҷаҳонбинӣ ва таҳаввули ташаккули шуури одамон муҳим арзёбӣ намудааст. Вай ба ин бовар аст, ки Ҳукумат ва давлат бо истифодаи дуруст аз «неруи нарм» метавонад ба вазифаҳои дар фаъолиятҳои дохилию хориҷӣ гузоштаи худ ба осонӣ ноил шавад. Ба ақидаи ў арзишҳои фарҳангию адабӣ ва фалсафию ахлоқӣ, ки саршор аз маъноҳои баланди гуманистиянд, дар ин роҳ мусоидат карда, мавқеи давлатҳоро дар ҷомеа устувор менамояд.

Дар ҳақиқат, фарҳанг (ба маънои васеъ ва фарогираш, ки дар боло зикр шуд. — А.Р.) бо табиати созандаи худ фаъолиятҳои фардию иҷтимоиро таҳким бахшида, ба рафтори маънавию сиёсии аҳли ҷомеа таъсири бевосита мегузорад. Аз ин рў, дипломатияи фарҳангӣ ва неруи нарм, ки ин ҳама соҳаҳоро ба ҳам муттаҳид месозад, ба таври шоиста онҳоро барои ҳифзу ҳимояи  манфиатҳои миллӣ равона сохта, дар тарғиби сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ аз ин қувваҳои тавоно истифода менамояд. Агар дар даврони гузашта кишварҳо бо роҳи истифода аз неруи низомӣ ба мақсадҳои стратегии хеш ноил мешуданд ва ё дар муносибаҳои дипломатиашон қудрати низомии хешро ҳадафмандона ба намоиш мегузоштанд, дар қарни муосир давлатҳо бо истифода аз баланд бардоштани сатҳи илму дониш ва дастгирии фарҳангу маънавиёт ба муваффақият ноил шуданро афзал дониста, қудрати хешро бо ин роҳ афзун мегардонанд. Ба ибораи дигар, давлатҳо бо роҳи тавлиди маърифат ва фарҳангсозӣ кишварашонро пеш бурда, бо ин роҳ мавқеи мамлакатро дар миёни ҳамсоягон устувор карда, аз ин роҳ мехоҳанд миёни давлатҳои дигар таъсири худро бештар гардонанд. Ба ин сабаб дар қатори омилҳои асосии стратегӣ  фарҳангу адабиёт, дигар навъи санъат ва таҳсилоту илмро ҳамчун унсури муҳимми қудрати давлат дониста, онро ба сифати неруи нарм эътироф менамоянд.

Ба ҳамин хотир, профессори Донишгоҳи Ҳарвард Ҷозеф Най консепсияи неруи нармро  бар пояи фарҳанг асос гузошта, дар таҳкими ҳамкориҳои мутақобилан судманди миёни давлатҳо онро муҳим медонад. Ин консепсия минбаъд дар миёни сиёсатмадорон, фарҳангшиносон ва илми муосир  рушд намуд ва дар доираи сиёсати хориҷӣ  баробари мафҳуми дипломатияи фарҳангӣ пазируфта шуд.

Мафҳуми неруи нарм аз ду калима иборат буда, бори сиёсӣ ва фарҳангиро дар худ ифода намуда, дар маҷмуъ ҳамчун  қувваи ба ҳам овардани халқҳо ва миллатҳо бо истифода аз арзишҳои фарҳангӣ дониста мешавад. Маънои “неру” асосан ба ҳокимият алоқаманд буда, “нарм” фарогири фарҳагу маънавиёт мебошад. Ба маънои дигар “неруи нарм” ин санъати баланди ҷалби чеҳраҳои фарҳангӣ барои боло бурдани имиҷи кишварҳо мебошад.

Фарҳанг дар консепсияи неруи нарм нақши калидӣ бозида, ба ин восита дигар кишварҳо ба омўзиши фарҳанги миллӣ ҷалб мешаванд. Дар ин ҳолат, чи тавре ки дар боло зикр гардид, доираи фарҳанг васеъ гардида, ба он  забон, адабиёт, меъморӣ, кино, мусиқӣ, рассомӣ ва дигар навъҳои санъату илм аз ҷумла сайёҳӣ ворид мегардад. Дар баробари ин неруи нарм ҷанбаи баланди сиёсӣ дошта, бо ин роҳ баъзе ташаббусҳои кишвари бузург дар дигар мамлакатҳои дигар татбиқ мегарданд ва ё эътироф мешаванд. Ба он гунае, ки чор ташаббуси созандаи Ҳукумати Тоҷикистон дар масъалаи глобалии об дар ҷаҳон тавассути Созмони Милали Муттаҳид пазируфта шуда, ҳамчун неруи нарм дар таҳкими сиёсати хориҷии кишвар нақши калидӣ бозида истодааст. Махсусан, оғоз гардидани татбиқи лоиҳаи “Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018 – 2028” имкон медиҳад, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ аз рўи ин лоиҳаи ҳадафманд кору фаъолият намояд ва ташаббуси созандаи Тоҷикистонро ба хотири таъмини аҳолии сайёра бо оби ошомиданӣ ва дигар масъалаҳои алоқаманд ба обро дастгирӣ кунад.

Неруи нарм ҳамзамон ҷузъи дипломатияи фарҳангӣ мебошад. Дипломатияи фарҳангӣ метавонад тамоми унсурҳои дар боло зикршударо дар муносибатҳои байналмилалӣ истифода намояд.

Дар маҷмуъ дипломатияи фарҳангӣ ва неруи нарм паҳнкунанда ва тарғиботгари фарҳанги миллӣ, муқаддасоти сиёсӣ ва тарзи ҳаёт буда, ҷиҳати ба вуҷуд овардани симои созгори ҳар як давлат дар арсаи ҷаҳонӣ нақши бузург мебозанд.

Солҳои охир давлатҳо инчунин кўшиш доранд, ки бо роҳи тарғиби дипломатияи фарҳангӣ ва истифода аз неруи нарм сулҳу суботро устувор гардонанд ва фазои осуда ва осоиштаро таъмин намоянд. Ин ташаббуси шоистаро Бунёди маориф, илм ва фарҳанг (UNESCO)-и Созмони Милали Муттаҳид низ дастгирӣ карда, баробари рушди соҳаҳои илму маориф тавассути дипломатияи фарҳангӣ ба ҳифзу ҳимояи мероси маънавиву ёдгориҳои беназири таърихӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуда, онҳоро ҳамчун ҷузъи тавонои неруи нарм ҳифз ва муаррифӣ месозад. Ин созмони бонуфуз дипломатияи фарҳангиро ҳамчун воситаи равобити густардаи мутақобилан судманди давлату миллатҳо истифода карда, дар таҳкиму пойдории он  талош менамояд ва бо ин роҳ аксари лоиҳаҳои фарҳангиву таърихиро дастгирӣ карда, ҷиҳати барқарор, ҳимоя ва азнавсозии онҳо маблағ ҷудо мекунад ва онҳоро дар варақаи мероси моддӣ ва маънавии фарҳангӣ ворид карда, ба арзишҳои умумибашарӣ умри дубора мебахшад.

Дар ҷаҳони муосир, ки ҷангҳои бошиддат авҷ гирифта, боиси хароб гардидани ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ шуда истодаанд, яке аз роҳҳои хомўш кардани ин низоъҳо ва ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ дипломатияи фарҳангӣ ва истифодаи фаъол аз неруи нарм мебошад. Ин амали неку шоиста дар доираи ба инобат гирифтани умумияти давлату миллатҳо бидуни хушунату зуроварӣ роҳи расидан ба суботи сиёсӣ ва ваҳдати комилро наздик менамояд.

Аз ин рў, мутахассисони соҳаи муносибатҳои байналмилалӣ фарҳангро ҳамчун рукни чаҳоруми сиёсати хориҷии давлат ба кор бурда, аксари муноқиша ва низоъҳоро дар се даҳсолаи охир тавассути дипломатияи фарҳангӣ баррасӣ месозанд. Ҳамзамон фарҳангро омили муҳимми  ҳувиятсоз муаррифӣ карда, онро ҷиҳати барпо кардани ваҳдату ягонагӣ дар дохили кишвар ва устувор кардани мақому ҷойгоҳи давлат унсури калидӣ медонанд. Баробари ин аз ҳад берун рафтан дар ин самтро хатарнок ҳисобида, онро воситаи бедор намудани ҳисси  душманӣ дар миёни шаҳрвандон медонанд ва риояи эътидол ва мудороро дар ин масъала шарти асосӣ мепиндоранд. Аз ин рў,  дар дипломатияи муосир аз неруи нарм истифода карда, фарҳангро ҳамчун воситаи ҳувиятсоз ба таври созанда дар раванди муколамаҳо истифода мекунанд ва ба бузургии он арҷ мегузоранд.

Дар ҷумҳурии мо низ забон, адабиёт илм, таҳсилот, фарҳанг ва иттилоот ба неруи нарм дохил шуда, бо ин роҳ мақоми кишвар  дар арсаи байналмилалӣ афзун гардида истодааст. Таваҷҷуҳ ба сохторҳои фарҳангию адабӣ дар канори унсурҳои моддӣ яке аз хусусиятҳои хоси сиёсати давлати соҳибистиқлоли тоҷикон буда, дар шаклгирии ҷаҳонбинии ҷомеа нақши муҳимро бозида истодаанд.

Ҳукумати мамлакат таҳти сарварии хирадмандонаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  аз рўзҳои аввали соҳибистиқлолӣ ба фарҳанг арҷ гузошта, онро ҳастии миллат эълон намуданд ва барои рушди он заминаҳои мусоид фароҳам оварданд. Ин абармарди дунёи сиёсат ҷиҳати эҳёи арзишҳои фарҳангӣ талош намуда, чорабиниҳои зиёдеро ба хотири устувор гардидани фарҳанги миллӣ дар дохил ва хориҷи кишвар баргузор намуданд, ки ҳар кадом дар боло рафтани мавқеи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ нақши босазо бозиданд. Махсусан, эҳёи таърих ва тарғиби шахсиятҳои барҷастаи адабию фарҳангии гузаштаву муосирро Пешвои миллат ҳамчун воситаи худогоҳиву худшиносии шаҳрвандони Тоҷикистон истифода карда, дар давлатсозӣ ва сохтани ҳувияти миллӣ аз ин рукнҳои тавонманд  истифода намуда, дар таҳкими пояҳои давлати миллӣ саҳми созгор гузоштанд.

Ҳангоме ки сухан доир ба Тоҷикистони фарҳангӣ меравад, таърих ва ҷуғрофиёи он васеътар аз сарҳадҳои Тоҷикистони имрӯза гардида, бо кишварҳои ҳамсояву ҳамҷавор робита пайдо менамояд ва мавқеи забон ва адабиёти тоҷикӣ низ васеъ густариш меёбад.

Таърихи гузаштаи мо ба адабиёт чунон пайванди қавӣ дорад, ки ҳоҷат ба шарҳу тавзеҳ надорад.

Тоҷикистон дорои фарҳанги ғании миллист, ки метавонад бар асоси арзишҳои башарӣ аз неруи нарм, ки ҳар ҷузъи он саршор аз гуманизими беҳамтост, истифода намояд. Ин неруи зоҳиран нарму зотан хеле қавӣ, тавоноии Тоҷикистонро меафзояд ва симои давлати тоҷиконро дар байни кишварҳои ҷаҳон барҷаста месозад.

Хусусияти хоси сохтори сиёсии Тоҷикистон моҳияти миллӣ доштани он аст. Дар оғози Истиқлоли давлатӣ Ҳукумат заминаҳои бедории сиёсию иҷтимоии мардумро фароҳам овард. Аммо набудани неруи созмондиҳандаи миллӣ, ки метавонист орзуву ормони гурӯҳҳои гуногуни мардумро ба як ниёзи миллӣ мубаддал кунад, кишварро ба вартаи задухӯрдҳои дохилӣ кашид. Аммо хиради  азалии халқи тамаддунофари тоҷик имкон дод, ки таҳти роҳбарии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ин буҳрони сиёсӣ  раҳоӣ ёбем ва роҳи сулҳу суботро ҳамчун воситаи таҳкими ваҳдати комил интихоб карда, ба рушди минбаъдаи кишварамон роҳи васеъро боз намоем.

Ба ин восита Тоҷикистон мавқеи худро дар арсаи байналмилалӣ тавонист устувор намояд ва дар тарғибу тарвиҷи тавоноиҳои фарҳангию адабии мамлакат бо кишварҳои дигар фаъолияти босамареро ба роҳ монад.

Дар сиёсати дохилию хориҷии хеш Тоҷикистон аз осори адабии гузаштаи хеш босамар истифода карда, адабиёти беш аз ҳазорсола, фарҳанги ғанӣ, ҷуғрофиёи ҷолиб барои сайёҳии экологӣ, захираҳои обӣ ва маъданҳои  зеризаминии бешумореро, ки аз ҷумлаи боигариҳои беназири Тоҷикистон ба шумор мераванд, барои таҳкими ҳамкориҳои гуманитарӣ истифода карда, мавқеашро дар миёни кишварҳои минтақа ва ҷаҳон таҳким бахшида истодааст. Ин тавоноиҳои табиӣ ҳамчун неруи нарм дар созмон додан ва мустаҳкам кардани муносибатҳои байналмилалӣ самаранок истифода гардида, Ҳукумат аз ҳуҷумҳои ғаразноки фарҳанги бегона ба ин восита ҷилавгирӣ мекунад.

Тоҷикистон инчунин фарҳангро ҳамчун воситаи густариши қаламрави забон, таблиғи адабиёт, додугирифти фарҳангӣ истифода намуда,  воқеаҳои таърихию адабиро дар фаъолиятҳои дипломатӣ корбарӣ менамояд. Дар баробари ин бо дастрасии васеъ ба шабакаҳои байналмилалии иттилоотӣ чеҳраҳои таърихӣ ва фарҳангии худро муаррифӣ карда, неруи нарми кишварро қавӣ менамояд. Ҳамзамон бо бисёр созмонҳои байналмилалӣ робита карда, ҷунбишҳои байналмилалии экологиро дастгирӣ мекунад, дар ҳаракатҳои зидди ҷанг иштироки фаъолона намуда, анҷуманҳои дӯстӣ бо кишварҳои ҷаҳонро баргузор менамояд ва дар маъракаву чорабиниҳои байналмилалии фарҳангӣ ширкат меварзад. Махсусан, дар тарғиби адабиёти чандҳазорсолаи тоҷик нақши калидӣ мебозад. Бино ба мушоҳидаҳои иддае аз пажӯҳишгарони осори ғиноманди тоҷикӣ Эдвард Браун, С. Айнӣ, Э. Бертелс, А. Мирзоев, Саид Нафисӣ, Эраҷ Афшор, Ёршотир Эҳсон, Ян Рипка, И. Бечка ва дигарон шумораи осори адабии ба забони тоҷикӣ, форсӣ ва дарӣ эҷодшуда ба нисбати адабиётҳои ба забонҳои дигар хеле зиёд аст. Аз нигоҳи сифат низ осори беназири Рўдакию Фирдавсӣ, Хайёму Саъдӣ, Мавлонову Шайх Аттор, Ҳофизу Камоли Хуҷандӣ пур аз мафҳумҳои баланди инсониянд, ки аз шуҳрату маҳбубияти онҳо аҳли башар бархурдор буда, адабиёти бисёре аз миллатҳоро зери таъсири созандаи хеш қарор додаанд.

Ба таври шоиста ҷашн гирифтани 700 — солагии Камоли Хуҷандӣ, баҳои баланди Котиби генерали ЮНЕСКО, хонум Одри Азулай ба адабиёти тоҷик ва чоп шудани осори Камол бо забонҳои русӣ, англисӣ ва чинӣ, инчунин изҳори назар кардани шахсиятҳои илмию адабӣ дар бораи осори  ин нобиғаи Шарқ ҳар кадом бозтобдеҳи истифода аз неруи нарми фарҳанги миллӣ мебошад, ки имиҷи Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ баланд мебардорад. Ё ба шумораи зиёд ва ба таври васеъ дар ИМА мутолиа кардани осори Мавлавӣ ин нишонаи тарғиби неруи нарми фарҳанги тоҷикӣ дар арсаи ҷаҳонӣ мебошад. Бо ин восита фарҳанг ва маънавиёти тоҷикӣ  ба ҷаҳониён муаррифӣ шуда, маҳбубияти одамони дигар кишварҳо ба андешаҳои гуманистии Мавлоно зиёдтар мегардад.

Ҳамасола тавассути ЮНЕСКО Тоҷикистон ба хотири ҳифзу ҳимояи ёдгориҳои таърихӣ ва мероси моддӣ ва ғайримоддии худ лоиҳаҳои мукаммалро пешниҳод карда, аз ҷониби комиссияҳои босалоҳияти байналмилалӣ эътироф мешаванд ва вобаста ба ҳифзу ҳимоя ва муаррифии онҳо қарорҳои дахлдор қабул мегарданд. Бо ин роҳ мо осори фарҳангии ғайримоддии халқамон, аз қабили   “Шашмақом” “Фалак”, “Чакан”, “Оши палов” — ро муаррифӣ кардем ва имрўз оламиён дар бораи ин мероси ғайримоддии тоҷикон маълумот доранд ва мутахассисони соҳа доир ба арзиши ин осори фарҳангӣ корҳои илмиву таҳқиқотӣ мебаранд. Ҳамин тавр, ба таври шоиста мо “Наврўз” — ро ба  қатори ҷашнҳои байналмилалӣ ворид кардем ва дар саросари олам рўзи 21 — уми март ҷашни Наврўз доир мегардад ва оид ба моҳияти фалсафиву инсонгароёнаи ин ҷашни миллии тоҷикон изҳори назар ва андешаҳои судманд ҳамасола тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн мегарданд. Ҳоло ба хотири қабул шудани ҷашни “Меҳргон” ба рўйхати мероси ғайримоддии ҷаҳонӣ  ба ЮНЕСКО лоиҳа аз ҷониби Тоҷикистон пешниҳод шудааст ва боварӣ дорем, ки ин лоиҳаро низ созмони мазкур эътироф хоҳад намуд. Ҳамзамон, барои ҳифзи ёдгориҳои беназири Саразми бостонӣ ҳамчун нахустин маркази шаҳрдорӣ, ҳунармандӣ ва кишоварзӣ ва Ҳулбук ҳамчун мероси таърихии асри 1Х қарорҳои дахлдори ЮНЕСКО ба тасвиб расида, имсол бо иштироки Пешвои миллат ва намояндагони сафоратҳои муқими кишвар дар шаҳри Панҷакент ва мавзеи Саразм конфренсияи байналмилалӣ ва ҳамоиши илмӣ баргузор гардид, ки бори дигар бо ин восита неруи нарми Тоҷикистон ба оламиён муаррифӣ гардид ва мавқеи кишвари моро боло бурд.

Таҳсилот низ дар солҳои охир дар кишвари мо ба неруи нарм табдил ёфта, тавассути стпендияи байналмилалии “Дурахшандагон” даҳҳо нафар ҷавонони болаёқат дар кишварҳои пешрафтаи Аврупо ва Осиё таҳсил карда, қисме аз онҳо таҳсилро дар аспирантура ва доктарантура идома дода, дар тарғиби фарҳангу маърифати миллии тоҷикон саҳм мегузоранд. Ҳамзамон, бо истифода аз технологияи  иттилоотиву коммуникатсионӣ ва шабакаҳои фаъоли иҷтимоӣ равобити дўстона миёни муҳассилони тоҷик ва донишҷўёни кишварҳои минтқа таҳким ёфта, иштирок дар олимпиадаҳои ҷаҳонӣ нуфузи таҳсилоти Тоҷикистонро боло бурда истодааст. Таъсис ёфтани филиалҳои доннишгоҳҳои бонуфузи Россия ва Белорус дар пойтахти мамлакат шаҳри Душанбе, ба кор оғоз кардани Донишгоҳи байналмилалии Осиёи Миёна дар шаҳри Хоруғ низ ба рушди неруи нарм мусоидат намуда истодааст. Дар чанд соли охир ҳамкории илмиву техникӣ ва инноватсионии Тоҷикистон бо кишварҳои пешрафта рушд намуда, корҳои илиму пажўҳишии якҷоя ба маротиб зиёд шудааст. Имрўз аз расадхонаҳои астрофизикии кишвари мо олимони  дигар ҷумҳуриҳо истифода карда, хулосаҳои онҳо миёни олимони соҳа паҳн мешаванд.  Чунин ҳамкориҳо дар соҳаи математика, физика ва химия низ ба чашм мерасанд. Ин раванди нави робитаҳои дўстона дар соҳаи илм буда, дар таҳкими неруи нав ва дипломатияи фарҳангӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат менамоянд.

Дипломатияи фарҳангӣ имкон дод, ки мо ҷашнҳои миллиамонро ҳам ба таври барҷаста муаррифӣ намоем. Дар аксари сафоратҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишварҳои хориҷа ба ин муносибат мулоқоту  вохўриҳо бо намояндагони аҳли фарҳагу санъат ва чеҳраҳои саршиноси кишварҳои хориҷӣ доир шуда, дар он аксҳо ва  асарҳое, ки доир ба таърихи маросиму ҷашнвораҳо ва ёдгории бостонии тоҷикон маълумот медиҳанд, ба маърази тамошо гузошта мешванд. Меҳмонон ба ин васила ба таърих, фарҳанг ва санъати тоҷикон ошноӣ пайдо менамоянд. Ин  навъ муаррифӣ имкон медиҳад, ки намояндагони дигар халқу миллатҳо ба мероси маънавии тоҷикон шинос шаванд ва ин меросро қадр ва тарғиб намоянд.

Мо бояд дар оянда сайёҳӣ ва сайёҳии экологиро низ ба сифати неруи нарм тарғиб намоем ва дар ин самт ба дастовардҳо ноил гардем.

Фарҳангу адабиёт, ки ойинаи тамомнамои ҳувияти миллат мебошанд, дар ташаккули ахлоқу одоб ва рафтору кирдори шахсию иҷтимоии одамон таъсири амиқ мерасонанд. Ба ин хотир онҳо ҳамчун манбаи неруи нарм эътироф шуда, гуфтору пиндори одамонро дар ҷамъият созмон медиҳанд ва Тоҷикистон ин мероси ғании хешро дар муколамаҳои фарҳанги ҷаҳонӣ самаранок истифода мекунад.

Сэмюэл Ҳангтингтон, яке аз назариячиёни Ғарб ба ин ақида аст, ки “на иқтисод, балки фарҳанги кишварҳои Шарқ тамаддуни ғарбиёнро таҳдид мекунад”. Махсусан, адабиёти оламгири тоҷикӣ, ки ганҷинаи донишу таҷрибаҳои маърифатию ахлоқӣ ва фалсафии ҷомеаи тоҷиконро фарогир мебошад, бар иловаи латофату зебоиҳои фарҳангию табиии Тоҷикистон, ки назираш дар ҷаҳон кам дида мешавад, бидуни хароҷоти зиёди молию маънавӣ неруи нармро ташкил мекунад ва имкониятҳои давлатро барои ҷалби таваҷҷуҳи кишварҳои хориҷӣ бештар намуда, дар сурати самаранок ба роҳ мондани он моро бидуни талошу кӯшиши зиёд ба  пирӯзию даст ёфтан ба ҳадафҳои тактикию стратегии хеш дар муносибатҳои дохилию хориҷӣ қодир месозад.

Бешак, Тоҷикистони соҳибистиқлол дар фаъолиятҳои байналмилалии хеш солҳои охир бо мавқее, ки шахсияти сатҳи ҷаҳонӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайдо кардаанд, ба муваффақиятҳои назаррас ноил шуда истодааст. Дар ин пирӯзиҳо ниҳодҳои марбутаи Ҳукумат бо роҳнамоиҳои бевоситаи Пешвои миллат аз неруи нарми миллӣ ҳадафмандона истифода карда истодаанд. Дар пешбурди корҳои дохилӣ адолати иҷтимоӣ ва меъёрҳои ахлоқӣ татбиқ шуда, хостаҳову ниёзҳои мардум амалӣ гардида, дар фаъолияти хориҷӣ робитаҳои мутақобилан бо кишварҳо ва ниҳодҳои  байналмилалии рў ба рушд мебошад. Кишвари мо ҳамкориро бо фондҳои байналмилалии хайриявӣ, қонунҳои умумиҷаҳонии фарҳангӣ, созмонҳои ҳифзи ҳуқуқи башар, ниҳодҳои умумиҷаҳонии мубориза бар зидди офатҳои табиӣ, бемориҳо ва ғайра сол ба сол устувор намуда истодааст. Ин ҷиҳати масъала боиси бештар гардидани боварии дигар кишварҳо ба ҷумҳурии мо гардида,   нуфузу обрӯи онро дар  арсаи байналмилалӣ боло бурдааст.

Яке аз роҳҳои ба даст овардани қалбу андеша ва раъю мароми қишрҳои мухталифи ҷомеа дипломатияи фарҳагиву мардумист, ки одатан арзишҳои отифии ахлоқӣ ва адабию фарҳангӣ мавзӯи асосии ин навъи муносибот қарор мегирад. Дар ин навъи муколама, ки фарҳангитару ахлоқитар аст, имконоти фаровоне барои истифода аз қишрҳои мухталифи аҳолӣ дар пешбурди ҳадафҳои давлат фароҳам мешавад.

Ҳузури адабиёту фарҳанг дар ҳаёти сиёсию иҷтимоии кишвар нақши бузурге дар таҳкими ҳувияти миллию фарҳангӣ ба вуҷуд овардааст. Нодида гирифтани ин падидаи ҳувиятсоз ҳатман ба ғафлату гумроҳӣ меоварад. Рӯҳияи меҳандӯстию андешаи миллӣ, ки ҳар саҳифаи мероси беҳамтову ғании адабии моро оро додааст, офарандаи неруи нарм ва ифтихору болидагии шаҳрвандони Тоҷикистон дар муқобили кишварҳои хориҷии дуру наздик аст.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сиёсати худ бо истифода аз неруи нарм ва дипломатияи фарҳангӣ андешаҳои инсонпарваронаи фарҳанги ғанию қадимаи хешро тавассути баргузории симпозиуму конференсияҳо, иштирок дар чорабиниҳои фарҳангии сатҳи баланд, форумҳо ва муаррифии шоистаи осори бегазанди санъату мусиқӣ ва санъати тасвирӣ дар давлатҳои дигар тарғиб намуда, дар таҳкими сулҳу субот ва равобити мутоқобилан судманд миёни кишварҳо нақши шоиста бозида истодааст.

Ба ин хотир вазоратҳои фарҳанг, маориф ва илм, корҳои хориҷӣ, Академияи миллии илмҳоро зарур аст, ки бо мақсади дуруст истифода кардан ва паҳн намудани таъсири  неруи нарм ва дипломатияи фарҳангӣ барномаи кӯтоҳмуддат ва дарозмуддати фаъолияти иҷтимоиву фарҳангии инсонгароёнаро дар дохил ва хориҷи мамлакат таҳия  намоянд ва дар асоси он ҳадафу мақсади Ҳукумати мамлакат ва давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистонро баҳри боз ҳам баланд бардоштани мавқеи Ватани азиз дар арсаи ҷаҳонӣ мавриди татбиқ қарор диҳанд. Ҳамзамон олимони соҳаи ҷомеашиносиро мебояд доир ба моҳияти консепсияи неруи нарм ва дипломатияи фарҳангӣ таҳқиқот ба анҷом расонида, назари худро ҷиҳати дарки аҳаммияти иҷтимоиву сиёсии ин мафҳумҳо ва нақши онҳо дар сиёсати дохиливу хориҷӣ  иброз намоянд.

                           Абдуҷаббор РАҲМОНЗОДА,
Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
                                оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ
                            ва робита бо ҷомеа,
академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

 

Ноябрь 23, 2020 17:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Маърифати ҳуқуқӣ ва экологӣ — омили ободкориву созандагӣ. Эҳдо ба Рӯзи пойтахти Тоҷикистон
ТАШАККУЛИ МАКТАБИ ЗЕҲНГАРОЁНАИ ИДОРАКУНӢ ДАР СИЁСАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Мулоҳизаҳои докторони илми фалсафа Хайриддин Усмонзода ва Саидмурод Фаттоҳзода
11 АПРЕЛ-РӮЗИ ҶАҲОНИИ МУБОРИЗА БО ПАРКИНСОН. Ин беморӣ чӣ тавр муолиҷа мешавад?
ЗАНГӮЛАИ ҲУШДОР ВА Ё ҲИДОЯТҲОИ НАВИНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ҳошияи мулоқоти Президенти Тоҷикистон бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини мамлакат
КАСБОМӮЗИИ ҶАВОНОН — ТАҚОЗОИ ЗАМОН. Андешаҳо дар ҳошияи мулоқоти Президенти Тоҷикистон бо фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин
10 АПРЕЛ-РӮЗИ ҚӮШУНҲОИ ДОХИЛИИ ТОҶИКИСТОН. Ба ташкили ин сохтори низомӣ 33 сол пур шуд
ХАЙРУ САДАҚОТ – СУННАТИ НЕК. Андешаҳои вакили Маҷлиси намояндагон Файзулло Баротзода дар ин мавзуъ
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Дар таркиби бодоми талх витамини B 17 мавҷуд буда, истеъмоли он ҳуҷайраҳои саратонро нест менамояд
СОЛИМИИ ҶОМЕА-БОИГАРИИ ДАВЛАТ. Бо мақсади тарғиби тарзи ҳаёти солим 7 апрел Рӯзи ҷаҳонии саломатӣ эълон шудааст
МУҲАББАТ БА ВАТАН АЗ ИМОН АСТ. Андешаҳои раиси Шурои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода
Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон мактаби шуҷоату мардонагӣ аст
ТЕРРОРИЗМ ЧИСТ? ТЕРРОРИСТ КИСТ? Чаро як фард тамоми арзишҳои инсониро канор гузошта, ба ин роҳи манфур меравад?