ПОЙТАХТРО БА ЭКОМЕГАПОЛИСИ МУҲТАШАМ ТАБДИЛ МЕДИҲЕМ! Дар партави Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе

Ноябрь 17, 2020 11:33

ДУШАНБЕ, 17.11.2020 /АМИТ «Ховар»/. «Аз тамоми сокинони шаҳри Душанбе  даъват ба амал меорам, ки барои ба шаҳри сабз табдил додани пойтахт саҳм гузоранд. Дар ин радиф пешниҳод менамоям, ки ҳамчун нишони ҳамраъйӣ ҳар як оилаи сокини пойтахт дар мавсими ниҳолшинонӣ дар назди манзили зисташон як дарахти ҳамешасабз шинонда, онро парвариш намоянд. Бо ин иқдом мо на танҳо шаҳри худро сарсабз мегардонем ва  дар ободонии он саҳм мегузорем,  балки барои  насли наврас намунаи ибрат гашта, дӯст доштани табиат, макони зист  ва сарзамини худро меомӯзем».

 Ин  пешниҳоди  Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ зимни баргузории  иҷлосияи сеюми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум дар байни сокинони пойтахт ва ҷумҳурӣ  ҳамовозӣ ба вуҷуд овард ва имрӯзҳо ба сомонаи АМИТ «Ховар» аз номи намояндагони қишрҳои гуногуни ҷомеа  матолиби зиёде оид ба дастгирии он  ворид мегарданд. Аз ҷумла, доир ба ташаббуси Раиси шаҳри Душанбе, ки  ба бунёди «экошаҳр» замина мегузорад, директори ҶСК «Саноатсоз» Баҳром МАЛИЗОДА  дар  суҳбат бо хабарнигори   АМИТ «Ховар» Фирӯза ДАВЛАТЗОДА чунин изҳор  намуд:

— Аз рӯйи таҳқиқоти олимон, як дарахти андозааш миёна давоми 24 соат миқдори оксигенеро ки аз ҷониби 3 нафар одам истифода бурда шудааст, барқарор менамояд. Давоми як шабонарӯз дар 1 гектар ҷангалзор 220-280 кг гази дуоксиди карбон фурӯ ва 180-220 кг оксиген тавлид карда мешавад. Меъёри муносиби истифодаи оксиген барои 1 нафар 400 кг дар 1 солро ташкил медиҳад, ки  ин миқдор оксигенро  0,1-0,3 га дарахту буттаҳо ҳосил мекунанд.

Дар илми муосири меъморӣ истилоҳе бо номи «шаҳри сабз» (экогород) арзи ҳастӣ дорад, ки кулли идораҳои сохтмонии давлатҳои ҷаҳон сайъ мекунанд ин назарияро ҳатман риоя намоянд. Шаҳри устувор ё эко-шаҳр шаҳрест, ки бо назардошти муҳити зист сохта шуда, дар он одамоне зиндагӣ мекунанд, ки неруи барқро сарфакорона истифода бурда, обро бо эҳтиёт ва самаранок истифода мебаранд, истифодаи хӯрокеро, ки ба партови сахти маишӣ сабаб мешавад, кам мекунанд, ба тавлиди ғайримуқаррарии гармӣ, ифлосшавии ҳаво бо СО2 ва метан ва ифлосшавии об монеъ мешаванд.

Дар ин замина бояд гуфт, ки даъвати Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ, ки аз сиёсати созанда ва бунёдкоронаву ташаббуссози Пешвои муаззами миллат сарчашма мегирад, дар байни қишрҳои гуногуни ҷомеа, хосса сохтмончиёну меъморон ҳамовозии гарму ҷӯшон ба амал овард. Агар аз як ҷониб, ин мавқеъгирӣ ба андешаҳои созандагиву навҷӯӣ ва ҷаҳони хиради як роҳбари ҷавону муваффақ вобастагӣ гирад, аз ҷониби дигар мақоми фаъолу созанда ва нигоҳи мутамаддину муосир доштан ва  эътимоди аҳли ҷомеаро сазовор гаштан аст.

Ташаббуси оқилонаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷиҳати ба шаҳри сабз табдил додани пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе ҳамчун нишони ҳамраъйӣ на танҳо аз ҷониби сокинони пойтахт, балки бо ҳамовозии тамоми мардуми мамлакат якдилона ҷонибдорӣ ва дастгирӣ пайдо намудан унвон мешавад.

Дар тӯли таърихи башарӣ кам роҳбарони ҷавони хушномро инсоният дар ёд дорад, ки дар садри роҳбарии як пойтахт бо ташаббусҳои беназир ва татбиқи ҳадафҳои бузург муътабару маҳбуби ҳамагон гардида бошанд.

Имрӯз пойтахти азизамон- шаҳри Душанбе ба майдони беҳудуди сохтмонҳои бузург табдил ёфтааст, ки дар инҷо сокинони Душанбе «тамаддуни муосири рӯизаминӣ» бунёд мекунанд. Бунёди иншооти зиёди маишиву маъмурӣ, коргоҳу корхонаҳои гуногунсамт ва заводу фабрикаҳои бузург ба он далолат мекунад, ки  ҳавои поки ин шаҳр «ҳаққи ҳалоли тамоми сокини ифтихормандаш» мебошад. Ин ташаббус ба он далолат мекунад, ки бояд дар таҳия ва тарҳрезии лоиҳаҳои сохтмонӣ унсурҳои муҳими «шаҳри экологӣ» ба эътибор гирифта шаванд.

Инсоният ба хотири расидан ба ин ормонҳои бузург саъю талош мекунад ва мисолаш ҳамин ташаббуси Раиси муҳтарами шаҳри Душанбе аст, ки ҳамагонро ба бунёди экошаҳр талқин мекунад.

Ҳамчунин Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ изҳор доштаанд, ки «бо ин иқдом мо на танҳо шаҳри худро сабз мегардонем ва дар ободии он саҳм мегузорем, балки барои насли наврас намунаи ибрат гашта, дӯст доштани табиат, макони зист ва сарзамини худро меомӯзем».

Дар зовияи ин ташаббус ҳаминро метавон зикр кард, ки сараввал мо бо шинонидани дарахтон, дар ҳудуди иншооти сохтмонӣ ҷойгир намудани мавзеи дарахтшинонӣ,  васеъ намудани майдони боғҳои фарҳангӣ-фароғатӣ дар ҳудуди пойтахт, тозаву пок нигоҳ доштани ҳавои ҳудуди маконҳои таҷаммӯи одамон, мисоли бозору марказҳои хизматрасонӣ ва ҳамчун меъёр қабул намудани шинонидан ва парвариш намудани ҳудуди 10 ниҳол ба ҳар аъзои оила дар маҳалла ё ҷойҳои махсус ва ҷудо намудани қитъаи ниҳолшинониву ниҳолпарварӣ барои ҳар корхонаву муассиса дар  доманакӯҳҳои атрофи пойтахт заминаи бунёди пойтахти устувор ё шаҳри экологиро хеле мустаҳкам мегузорем.

Имрӯз Душанбе ба феҳрасти шаҳрҳои сердарахт ва сабзу хуррами ҷаҳон ва яке аз мегаполисҳои аз лиҳози экологӣ тозаи Осиё шомил шуда, ин иқдоми наҷиб метавонад минбаъд симои пойтахтамонро комилан тағйир диҳад ва Душанберо ба экомегаполиси муҳташам табдил созад. Дар доираи ин ташаббуси созандаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба ҳар ширкати сохтмонӣ ва лоиҳакашӣ зарур аст, ки ин ташаббус ва шарҳи онро ҳамчун дастурамали корӣ қабул ва дар фаъолият нақшаи корӣ намуда, ба лоиҳаи сохтмонӣ ҳатман ворид созанд.

Аз пешниҳоди ин ташаббуси Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аён аст, ки ҳадафи роҳбари муваффақу дилсӯз бунёди шаҳри тозаву  мусоид ба зиндагии инсонӣ бидуни боду ҳавои сунъист. Зеро рушди тамаддуни инсонӣ  ва натиҷаи баланди нишондоди зеҳнии башарият бо вуҷуди муваффақияту пешрафтҳояш ҷойи инсонро дар шаҳрҳои бузург хеле тангу нороҳат кардааст. Аз ин рӯ бо дарки ин раванд роҳбари хирадманду ташабускори шаҳрамон муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба хотири ояндаи сокинони пойтахт чунин пешниҳод ироа намудаанд.

Аз ин рӯ ҳар сокини пойтахт, новобаста  аз синну сол, касбу кор, мавқею мақоми иҷтимоӣ ва кулли касбу кори гуногун аз хурдсол то солхӯрда муваззаф аст, ки дар ин иқдом саҳм гузорад.

Зеро пойтахт ҳамин тавр содаву осон сохта намешавад. Барои бунёди он бо роҳбари созандаву муваффақ кулли сокинонаш ҳамраъю масъул мешаванд.

Ноябрь 17, 2020 11:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Рустами Эмомалӣ сокинони шаҳри Душанберо ба муносибати Рӯзи пойтахт табрик намуданд
Ғолибон ва ҷоизадорони Ниммарафони XIV байналмилалии Душанбе муайян шуданд
ДУШАНБЕ — ҶАВҲАРИ ҶИЛОНОК ДАР БАЙНИ КӮҲҲОИ САРБАФАЛАККАШИДАИ ТОҶИКИСТОН. Эҳдо ба Рӯзи пойтахт
ДУШАНБЕ – ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОН! Андешаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ бахшида ба Рӯзи пойтахт
Имрӯз дар шаҳри Душанбе Ниммарафони 14-уми байналмилалӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар баъзе кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Душанбе ҳаракати воситаҳои нақлиёт қатъ мегардад
Пагоҳ дар баъзе кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Душанбе ҳаракати воситаҳои нақлиёт қатъ мегардад
Пагоҳ дар шаҳри Душанбе Ниммарафони 14-уми байналмилалӣ баргузор мегардад
20 апрел дар баъзе кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Душанбе ҳаракати воситаҳои нақлиёт қатъ мегардад
Барои дар сатҳи баланд гузаронидани мусобиқаи байналмилалии Гран-Слам оид ба гӯштини ҷудо ҷаласаи кумитаи тадорукот доир гардид
Ба ғолибони озмунҳои «Мураббии сол-2023» ва «Омӯзгори сол-2023» 10 ҳазор сомонӣ тақдим мегардад
Дар шаҳри Душанбе хатсайри нави автобус ба фаъолият шуруъ менамояд