Раҳбари СММ ҳамлаҳои мушакиро ба Кобул маҳкум намуд

Ноябрь 23, 2020 10:14

ДУШАНБЕ, 23.11.2020 /АМИТ «Ховар»/. Пойтахти Афғонистон- Кобул 21 ноябр мавриди ҳамлаи мушакӣ қарор гирифт, ки дар натиҷа шумораи зиёди шаҳрвандон кушта ва захмӣ шуданд. Дабири кулли СММ Антонио Гутерриш ин ҳамларо шадидан маҳкум кард ва хостори фавран хотима додан ба хушунат дар кишвар шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти ахбори СММ.

«Дабири кулли СММ ҳамлаи мушакии имрӯзаро ба Кобул, ки боиси ҳалокат ва захмӣ шудани теъдоди зиёди шаҳрвандон шуд, маҳкум кард. Вай ба оилаҳои қурбоншудагон таъзияи амиқ ва ба захмиён шифои оҷил таманно кард», — омадааст дар изҳороте, ки онро аз номи Дабири кулли СММ котиби матбуотиаш пахш намудааст.

Раҳбари СММ зарурати ба хушунатҳо дар Афғонистон хотима бахшиданро зикр намуд. Вай ибрози умедворӣ кард, ки дар доираи раванди музокироти сулҳ шиддати муноқишот зуд коҳиш меёбад ва ҳамлаҳо қатъ хоҳанд шуд.

«Конфронси дарпешистодаи «Афғонистон-2020″, ки бо иштироки намояндагони Афғонистон, Финляндия ва СММ 23-24 ноябр баргузор мешавад, имкониятест барои тасдиқи алоқамандӣ ба рушди мусолиҳатомез ва шукуфоии ояндаи кишвар», — зикр шудааст дар изҳороти Дабири кулл.

Бино бар гузоришҳои ВАО, 21 ноябр дар натиҷаи ҳамлаи мушакӣ дар пойтахти Афғонистон, аз ҷумла дар наздикии Минтақаи сабз, ки сафоратхонаҳо ва идораҳои байналмилалӣ дар он ҷо ҷойгиранд, беш аз 20 мушак таркид. Дар бораи ҳалокат ва захмӣ шудани одамон гузоришҳо пахш шудаанд.

ДАР АКС: Кобул, Афғонистон. Акси Намояндагии СММ дар Афғонистон/ Фаришта Дунё

 

Ноябрь 23, 2020 10:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Се олим бо ҷоизаи Нобел дар бахши иқтисод дар соли 2025 сарфароз гардонида шуданд
Дар шаҳри Толятии Федератсияи Русия ошхонаи миллии тоҷикӣ ифтитоҳ гардид
Раёсат дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2026 ба Туркманистон гузашт
Имрӯз дар Минск ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои ИДМ баргузор мегардад
Шумораи давлатҳо ва ҳайатҳое, ки дар Бозиҳои III ИДМ иштирок менамоянд, эълон гардид
Анутхин Чанвиракун Сарвазири нави Таиланд интихоб гардид
Дар Покистон 766 ҳазор нафар аз минтақаҳои аз обхезӣ зарардида кӯчонида шуданд
Бар асари заминларзаи шадид дар Афғонистон беш аз 1120 нафар ҳалок шуданд
Дар Покистон бар асари боронҳои шадид ва обхезӣ 307 нафар ҳалок ва даҳҳо нафар маҷруҳ шуданд
Ҳамоиши Воситаҳои ахбори омма ва марказҳои таҳлилии СҲШ дар Чжэнчжоу баргузор мешавад
Дар натиҷаи суқути ҳавопаймои Ан-24 дар вилояти Амури Русия ҳамаи мусофирон ҳалок шуданд
Бемориҳои музмини ғайрисироятӣ ҳамасола сабаби 1,8 миллион марги пешгиришаванда мегарданд