Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба маъракаи сабзазоркуниву ниҳолшинонӣ дар пойтахт оғози расмӣ бахшиданд

Ноябрь 10, 2020 16:30

ДУШАНБЕ, 10.11.2020 /АМИТ «Ховар»/.  Имрӯз Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо шинондани аввалин ниҳол дар хиёбони ба номи Садриддин Айнии пойтахт ба маъракаи сабзазоркуниву ниҳолшинонӣ дар шаҳр  оғози расмӣ бахшиданд. Дар ин бора аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Тавре  иттилоъ дода шуд,  дар ду шафати хиёбони Садриддин Айнии шаҳри Душанбе беш аз 300 ниҳоли дарахтони магнолия шинонида мешаванд, ки онҳо ба шаҳр шукӯҳу  шаҳомати хосса  мебахшанд. Дар маҷмӯъ, дар ин мавсим тибқи нақшаи пешбинишуда дар ҳудуди шаҳри Душанбе беш аз 100 ҳазор бех дарахтони сояафкану ороишӣ ва зиёда аз 10 миллион адад гулҳои мавсимиву бисёрсола, аз ҷумла 3,5 миллион дона  гулҳои лола шинонда ва парвариш меёбанд.

Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ баробари оғоз намудани мавсими ниҳолшинонӣ масъулинро ба вусъат бахшидани маъракаи ободонӣ,  сабзу хуррамгардонӣ дар ҳудуди пойтахт даъват намуданд. Дар ин замина таваҷҷуҳи махсус ба интихоби навъҳои дарахту буттаҳо бо назардошти хусусияти ороишиашон  ба шаҳраку маҳаллаҳои пойтахт ва  риояи қоидаҳои дурусти агротехникӣ дар раванди ниҳолшинонӣ равона гардид. Зеро риояи ин қоидаҳо асоси нашъунамои хуби минбаъдаи дарахтон мебошад.

Мавриди зикр аст, ки муроҷиати Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бобати ба «шаҳри сабз» табдил додани шаҳри Душанбе, ки зимни баргузории иҷлосияи сеюми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум садо дод,  ҳамчун пешниҳоди ҷолиб дар таъмини муҳити тозаи экологӣ миёни аҳли ҷомеа ҳамовозии гарму ҷӯшон ба миён овард.

Дар ин радиф аз ҷониби Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ пешниҳод гардид, ки  ҳар як оилаи сокини пойтахт дар мавсими ниҳолшинонӣ дар назди манзили зисташон лоақал як дарахти ҳамешасабз шинонда, онро парвариш намоянд.

Раиси шаҳр иқдоми мазкурро саҳмгузорӣ дар ободонии пойтахти мамлакат арзёбӣ намуда, онро барои  насли наврас намунаи ибрат ва омили дӯст доштани табиат, макони зист  ва сарзамини аҷдодӣ маънидод карданд.

Ин аст, ки ҳоло  аксар сокинони пойтахт бо нишони ҷонибдорӣ аз ин иқдоми роҳбарони шаҳри Душанбе дар назди ҳавлӣ, атрофи биноҳои истиқоматӣ, корхонаву муассиса, ташкилоту идораҳо ба шинондани дарахтони ҳамешасабзу сояафкан шурӯъ намудаанд.

Шинонидани дарахт ва бунёди боғу гулгаштҳо ба муҳити  экологӣ таъсири амиқ гузошта, мавҷудоти зиндаро  бо ҳавои тоза, ки асоси ҳастии ҳаёт ба он вобаста аст,  таъмин мегардонад.

Бо ишора ба ин метавон гуфт, ки бо пайравию дастгирии амиқ аз ин пешниҳоди Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бобати вусъат бахшидани маъракаи ниҳолшинонию сабзкорӣ, дар  пойтахт муҳити тозаву муътадили экологӣ ба вуҷуд омада, шароити меҳнату фароғати аҳолии шаҳри Душанбе боз ҳам беҳтар мегардад.

Тазаккур бояд дод, ки шаҳри Душанбе дар партави дастуру супоришҳои бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва  иқдомҳои созандаву  ободкоронаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба яке аз шаҳрҳои сарсабзу хуррам ва шукуфои олам табдил ёфта, имрӯз аз ҷониби созмонҳои байналмилалии муҳити зист ба сифати яке  аз «шаҳрҳои сабз» ва сарсабзу хуррам ва аз ҷиҳати экологӣ тозаи олам пазируфта шудааст. Бо дар амал татбиқ намудани пешниҳоди навбатии Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бобати шинониду парвариши ҳарчи бештари дарахту буттаҳои ороишӣ,  ки мантиқан идомаи сиёсати созандаи Пешвои муаззами миллат дар роҳи ҳалли мушкилоти экологӣ ва беҳдошти муҳити зист арзёбӣ мешавад, шаҳри Душанбе ояндаи наздик боз ҳам сарсабзу хуррам мегардад.

Ноябрь 10, 2020 16:30

Хабарҳои дигари ин бахш

ДУШАНБЕ — ҶАВҲАРИ ҶИЛОНОК ДАР БАЙНИ КӮҲҲОИ САРБАФАЛАККАШИДАИ ТОҶИКИСТОН. Эҳдо ба Рӯзи пойтахт
ДУШАНБЕ – ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОН! Андешаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ бахшида ба Рӯзи пойтахт
Имрӯз дар шаҳри Душанбе Ниммарафони 14-уми байналмилалӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар баъзе кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Душанбе ҳаракати воситаҳои нақлиёт қатъ мегардад
Пагоҳ дар баъзе кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Душанбе ҳаракати воситаҳои нақлиёт қатъ мегардад
Пагоҳ дар шаҳри Душанбе Ниммарафони 14-уми байналмилалӣ баргузор мегардад
20 апрел дар баъзе кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Душанбе ҳаракати воситаҳои нақлиёт қатъ мегардад
Барои дар сатҳи баланд гузаронидани мусобиқаи байналмилалии Гран-Слам оид ба гӯштини ҷудо ҷаласаи кумитаи тадорукот доир гардид
Ба ғолибони озмунҳои «Мураббии сол-2023» ва «Омӯзгори сол-2023» 10 ҳазор сомонӣ тақдим мегардад
Дар шаҳри Душанбе хатсайри нави автобус ба фаъолият шуруъ менамояд
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) Рустами Эмомалӣ бо Президенти Ассотсиатсияи байналмилалии бокс (IBA) Умар Кремлёв мулоқот намуданд
Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон — шаҳри Душанбе таҷлил мегардад