ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 10 ноябр, сешанбе, 315-умин рӯзи соли 2020 аст

Ноябрь 10, 2020 08:00

10 ноябри соли 2014 аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Рӯзи милитсияи тоҷик ба 50 нафар хизматчии сохторҳои зертобеи Вазорати корҳои дохилӣ калиди манзили доимии истиқоматӣ тақдим карда шуд.

***

59 сол қабл, 10 ноябри соли 1961 шаҳри Сталинобод ба шаҳри Душанбе тағйири ном кард.

***

Дар ин рӯзи соли 1953 Канада дар Германия пойгоҳи ҳарбӣ кушод.

10 НОЯБР ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Дар Тоҷикистон – Рӯзи милитсия.

***

Рӯзи байналмилалии ҷавонон.

***

Рӯзи байналмилалии илм барои сулҳ ва рушд.

РӮЙДОДҲО:

10 ноябри соли 2009 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони мудофиаи кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид.

***

10 ноябри соли 2012 масоили мубрами ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистон ва Қирғизистон дар самтҳои энергетика, сохтмони хатҳои интиқоли неруи барқ ва сарҳадҳо муҳокима гардид.

***

5 сол пеш, 10 ноябри соли 2015 масоили ҳамкории судманд ва дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Британияи Кабир баррасӣ гардиданд.

***

10 ноябри соли 2017 Конфедератсияи футболи Осиё ба Федератсияи футболи Тоҷикистон ва дастаи «Истиқлол»-и Душанбе дар робита ба муваффақона гузаронидани бозии Ҷоми КФО -2017 раҳматнома фиристод.

***

2 сол пеш, 10 ноябри соли 2018 дар Чин ҳайати ҷавонони Тоҷикистон дар ҷаласаи Ассамблеяи ҷавонони Созмони Ҳамкории Шанхай оид ба мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм иштирок намуд.

***

Дар ин рӯзи соли 1775 флоти ҳарбии ИМА таъсис дода шуд.

***

Дар ин рӯзи соли 1945 Федератсияи байналмилалии демократии ҷавонон таъсис ёфт.

 ***

10 ноябри соли 1994 Ироқ истиқлоли Кувайтро эътроф намуд.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 2018 дар пойтахти Тоҷикистон- шаҳри Душанбе аввалин фестивали «Оши палав» доир шуд.

***

Соли 1997 дар ИМА аввалин маротиба ҳукми суд дар интернет паҳн гардид.

Ноябрь 10, 2020 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш