Табибони ноҳияи Тоҷикобод соҳиби бинои Маркази саломатӣ гардиданд
ТОҶИКОБОД, 28.11.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Тоҷикобод бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндагони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, «Ташкилоти ҷамъиятии хайриявии Тоҷикистон», намояндагони муассисаи Муҳаммад Бин Рашид Оли Мактум дар шаҳри Дубай, раиси ноҳияи Тоҷикобод ва кормандони ташкилоту муассисаҳои тандурустӣ бинои хуштарҳу замонавии Маркази саломатӣ барои кормандони Муассисаи кумаки аввалияи тиббию санитарӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.
Тибқи иттилои масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Тоҷикобод бинои мазкур аз ду ошёна иборат буда, дар доираи ҳамкории мутақобилан судманди Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ ба маблағи 2 миллиону 600 ҳазор сомонӣ сохта шуда, бо маблағи 2 млн 300 ҳазор сомонӣ бо таҷҳизоти муосир ҷиҳозонида шудааст. Бино бо ибтикори Ташкилоти ҷамъиятии хайриявии “Тоҷикистон” сохта шудааст. Ташкилоти мазкур аз созмонҳои бонуфузи мамлакат буда, дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд дар бунёди инфрасохтори соҳаҳои мухталиф саҳм мегузорад.
Бунёди бинои нави Маркази саломатӣ мушкилии норасоии утоқҳои муоинавӣ ва муолиҷавиро бартараф намуд. Дар дохили бино дастгоҳҳои замонавии ташхису муоинавии пуриқтидор насб карда шуда, дар ду палата катҳои дорои имконияти электронии муоинавӣ мавҷуд мебошанд.
Муовини раиси ноҳияи Тоҷикобод Маҳмадтоир Назирзода изҳор дошт, ки бунёди чунин иншоот бо шарофати сиёсати дарҳои боз ва таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷалби сармоягузорӣ ҳамчун омили рушди иқтисоди мамлакат амалӣ мегардад.
Зикр шуд, ки иқдоми мазкур бори аввал набуда, ду сол қабл аз тарафи ин шарикони рушд дар деҳаи Капалии ноҳия бинои хуштарҳи бунгоҳи тиббӣ сохта шуд. Ин бунгоҳи замонавӣ айни замон дар хизмати сокинони деҳа қарор дошта, ба онҳо кумаки саривақтии тиббӣ мерасонад.










Дар Академияи идоракунии давлатӣ оид ба нақши Конститутсия дар таъмини баробарии гендерӣ ҳамоиш доир шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар шаҳри Истаравшан 12 иншоотро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан бинои маҷмааи миллии соҳибкории «Роҳи Абрешим»-ро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон дар Иди картошка иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон барои бунёди 2 корхона санги асос гузоштанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон муассисаи таълимии хусусии литсейи «Идрок»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар ноҳияҳои Шаҳристон ва Айнӣ 9 иншоотро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии «Ғунчаи баҳор»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як иншоот дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва 13 иншоот дар шаҳри Конибодомро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаи коркарди меваю сабзавот, истеҳсоли нӯшокиҳои ташнагишикан ва афшураҳои мевагии ҶДММ «Сирдарё»-ро ба истифода доданд






