«Такмили мазмуну мундариҷа ва муҳтавои китобҳои дарсӣ дар ҳошияи роҳнамоиҳои Пешвои миллат»-таҳти чунин унвон семинари илмию машваратӣ доир гардид
ДУШАНБЕ, 23.11.2020 /АМИТ «Ховар»/. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми суханрониҳои худ ҳамеша ба соҳаҳои маорифу илми мамлакат, ки дар он насли ояндасози Ватан тарбия меёбад, таваҷҷуҳи зиёд зоҳир мекунанд. Масъалаи беҳтар шудани сатҳу сифати китобҳои дарсӣ ва бознигарии мазмуну муҳтавои онҳо низ борҳо дар суханрониҳои Пешвои муаззами миллат таъкид шудааст. Дар доираи ин дастурҳои Президенти мамлакат ва тадбирҳои ислоҳоти соҳаи маориф, аз ҷумла, татбиқи муносибати босалоҳият ба таълим, навсозии мазмуни таҳсилот, таҳияи стандарту барномаҳои фаннӣ, китобҳои дарсӣ шурӯъ гардид. Ин матлаб 20 ноябр дар семинари илмию машваратӣ ва таҳлилию методӣ дар мавзӯи «Такмили мазмуну мундариҷа ва муҳтавои китобҳои дарсӣ дар ҳошияи роҳнамоиҳои Пешвои миллат», ки дар муассисаи таҳсилоти умумии №65-и шаҳри Душанбе сурат гирифт, баён гардид.
Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Дар семинар Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода, Вазири маориф ва илм Муҳаммадюсуф Имомзода, Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ, Раиси Кумитаи телевизион ва радио Нуриддин Саид, Раиси Кумитаи забон ва истилоҳот Олимҷон Муҳаммадҷонзода ва муаллифони китобҳои дарсӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода зикр дошт, ки мақсад аз баргузории семинари мазкур — ислоҳи камбудиҳо ва дар рӯҳияи худшиносию тафаккури миллӣ таҳия намудани китобҳои дарсӣ мебошад. Ҳамчунин зарур аст, ки стандартҳои давлатии зинаҳои таҳсилоти умумӣ, миёна ва олии касбӣ, барномаҳои таълимӣ аз нав таҳия ва минбаъд дар асоси стандарту барномаҳои нав китобҳои дарсӣ таълиф гарданд.
Иштирокдорони семинар зикр намуданд, ки муҳимтарин дастоварди Вазорати маориф ва илми мамлакат дар ду даҳсолаи охири замони истиқлол нашр ва дастраси хонандагону омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ гардонидани китобҳои дарсӣ мебошад. Дар баробари ин, ба китобҳои дарсии равияҳои гуманитарӣ баъзе афкори бегона ва матнҳои ба ғояҳои миллию худшиносӣ номувофиқ ворид гардидаанд, ки ин норасоиҳо дар нашрҳои минбаъдаи китобҳои дарсӣ ба таври ҳатмӣ бояд ислоҳ карда шаванд.
Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода иброз намуд, ки «таълиф ва таҳияи китобҳои дарсии орӣ аз хусусиятҳои динию хурофотӣ ва ҷавобгӯ ба талаботи муосир, яъне, такя ба дунявият, ҷаҳонбинии илмӣ ва дидгоҳи миллӣ, тадриси дурусти онҳо ба хонандагон яке аз омилҳои асосии мусоидаткунанда ба самаранокии мубориза бар зидди терроризму экстремизм, ташаккули тафаккури дунявӣ, ҷаҳонбинии илмӣ, ҳифзи сохти конститутсионӣ ва таҳкими давлатдории миллӣ мебошад».
Зимни семинар як гурӯҳ муаллифони китобҳои дарсӣ ва иштирокдорон, аз ҷумла, устодон Т. Зиёев, Ю. Яқубов, М. Забирзода, М. Мирзоева, С. Аҳмадов, Ҳ. Камол, С. Аминов, А. Байзоев, Н. Асадзода фикру андеша ва таклифу пешниҳодоти худро баён доштанд.










Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад






