80 нафар занону духтарони Душанбе ба машғулияти омӯзишии «Бонуи ҳунар» фаро гирифта шуданд

Декабрь 16, 2020 13:27

ДУШАНБЕ, 16.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва дастгирии Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар доираи эълон гардидани Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ барои 80 нафар духтарону бонувони пойтахт дар заминаи Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази касбомӯзии шаҳри Душанбе» давоми як моҳ курси омӯзишии «Бонуи ҳунар» ташкил карда шуд.

Дар маросими ифтитоҳи курси мазкур роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Агентии меҳнат ва шуғли Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази таълимии калонсолон ва сохторҳои зертобеи он иштирок карданд.

Зикр шуд, ки ташкили курсҳои омӯзишӣ ба соҳибкасб намудани занону бонувон, рушди ҳунарҳои мардумӣ, дастгирии занону бонувон аз оилаҳои ниёзманд ва мусоидат ба беҳдошти вазъи иҷтимоии занону духтарон равона гардидааст.

Тавре дар суҳбат бо хабанигори АМИТ «Ховар» сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе  Заррина Зуҳурова зикр кард, “курси омӯзишии мазкур давоми як моҳ- аз 15 декабр то 15 январи соли 2021 идома ёфта, пас аз хатм ба таълимгирандагон гувоҳнома супорида мешавад. Бо занону духтарон омӯзгорони ботаҷриба аз рӯи касбҳои  дӯзандагӣ ва пазандагӣ машғулият мегузаронанд”.

Ташкили курсҳои омӯзишӣ барои 80 нафар занону духтарон дар ҳолест, ки соли равон дар пойтахт аз ҷониби мақоми шаҳрии ваколатдори соҳа 2166 нафар занону бонувон ба курсҳои омӯзишӣ ҷалб карда шуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта  410 нафар зиёд мебошад.

Декабрь 16, 2020 13:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад
Имрӯз иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир шуд
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор гардид
Тантанаҳои наврӯзӣ дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе то 28 март идома меёбанд
Дар Тоҷикистон барномаҳои фарҳангии Ҷашни байналмилалии Наврӯз доир мегарданд
Имрӯз Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Пагоҳ Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад