ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. Дар Ҳисор аз ҷониби бародарон Сатторовҳо иншооти иҷтимоӣ бунёд гардид
ДУШАНБЕ, 18.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба истиқболи 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳаи Хирманаки Ҷамоати деҳоти Сомони шаҳри Ҳисор бо иштироки муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён ва Раиси шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумъазода иншооти иҷтимоие, ки аз ҷониби соҳибкорон — бародарон Сатторовҳо бо дастгирии сокинони деҳа бунёд гардидааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Тавре аз маркази матбуоти раиси шаҳри Ҳисор иттилоъ доданд, бино аз ду ошёна иборат буда, дар ошёнаи якум маркази хизматрасонии тиббӣ бо ҳуҷраҳои доругузаронӣ, қабул ва муоинаи беморон, инчунин хатнакунии кӯдакон сохта шудааст. Дар ошёнаи дуюми бино маҷлисгоҳ бо 150 ҷои нишаст ва утоқи корӣ барои раиси маҳалла ҷойгир аст. Бино бо тарҳу намуди зебо оро ёфта, маҷлисгоҳ бо фаршҳои гармкунандаи замонавӣ муҷаҳҳаз гардидааст. Дар ин марказ 5 нафар духтарон соҳиби ҷойи кори доимӣ гардиданд.
Ба истифода додани бинои мазкур мушкилоти сокинони деҳа ва деҳаҳои атрофи онро дар дастрасӣ ба хизматрасонии тиббӣ осон намуд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор барои иҷрои чунин иқдоми наҷиб ҷиҳати ободонии маҳал соҳибкор Баҳромҷон Сатторовро бо «Сипоснома» қадршиносӣ намуд. Зикр шуд, ки аз ҷониби ин оила соли равон як пули мошингузар бо харҷи беш аз чор миллион сомонӣ низ мавриди истифода қарор ёфта буд.
Барои саҳм гузоштан дар сабзу хуррам намудани муҳити атроф ва тоза нигоҳ доштани манзилу макони зист аз ҷониби муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Ҳисор ва дигар масъулин дар соҳили дарёи Чангоб маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор гардид.











ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Райан»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар шаҳри Истаравшан 12 иншоотро мавриди истифода қарор доданд






