ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. Соҳибкор Фаррух Амонов дар деҳаи Деҳҳавзи Кӯҳистони Мастчоҳ бинои нави муассисаи таълимӣ бунёд намуд

Декабрь 2, 2020 11:22

ДУШАНБЕ, 02.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба ҷашни 30- солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар деҳаи Деҳҳавзи ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ  бо иқдоми соҳибкор Фаррух Амонов бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №18 мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба АМИТ «Ховар»  хабар доданд, бинои нави таълимӣ дорои 6 синфхона бо 110 ҷойи нишаст ва 2 ҳуҷраи корӣ барои омўзгорон буда, бо тамоми таҷҳизоти зарурӣ таъмин гардонида шудааст.

Раиси ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ  Хайрулло Бобозода зимни ифтитоҳи муассисаи таълимӣ аз сиёсати маорифпарваронаи  Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуда, ба соҳибкор, роҳбари Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Роҳи Сомон» Фаррух Амонов барои бунёди бинои нав изҳори сипос намуд.

Деҳҳавз яке аз дурдастарин деҳаҳои ноҳияи Кӯҳистони Масчтоҳ буда, дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти Лангар қарор дорад. Бинои нави муассиса дар асоси  дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи бунёдкориҳо ба истиқболи 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта шуда,  барои илмомӯзии хонандагон шароити мусоид фароҳам овардааст.

Декабрь 2, 2020 11:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Норак 2 ёдгории бостонӣ кашф ва таҳқиқ карда шуд
Дар Мурғоб коргоҳи маҳсулоти қаннодии «Нозанин» ва 5 гармхона ба фаъолият шуруъ намуданд
Дар назди муассисаҳои таълимии ноҳияи Ванҷ синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуд
50 километр роҳи деҳоти Ҳисор ва Ориён то сарҳади Узбекистон таъмир мегардад
Дар Мурғоб калонтарин неругоҳи офтобӣ ба истифода дода шуд
Дар Шуғнон корхонаҳои саноатӣ ва иншооти соҳаҳои тандурустӣ ва маориф ба истифода дода шуданд
Дар Хоруғ кӯдакистонҳо, маркази обуҳавошиносӣ ва майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Мурғоб муассисаи таълимии томактабии «Лола» ба истифода дода шуд
Дар Бадахшон муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ ба истифода дода шуданд
Сохтмони бинои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд идома дорад
35-СОЛАГИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Спитамен беш аз 600 иншоот сохта ба истифода дода мешавад
Дар шаҳри Истаравшан сохтмони зиёда аз 20 иншооти соҳаи маориф идома дорад