«Амонатбонк» барои ба «Шаҳри сабз» табдил додани Душанбе саҳми босазо мегузорад
ДУШАНБЕ, 21.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Ҳайати кормандони Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» дар шафати роҳи байналмилалии мошингарди Душанбе – Чанок, воқеъ дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе 270 бех ниҳоли сояафкану ороишӣ шинониданд.
Маркази матбуоти «Амонатбонк» иттилоъ медиҳад, ки ин иқдом дар доираи ташаббуси Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар бораи ба «Шаҳри сабз» табдил додани пойтахти мамлакат –шаҳри Душанбе роҳандозӣ гардидааст.
Ин пешниҳоди Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалиро дар бораи ба «Шаҳри сабз» табдил додани Душанбе роҳбарон ва кормандони «Амонатбонк» ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, дар назди биноҳои марказҳои хизматрасонии бонкӣ ва филиалҳои «Амонатбонк» дар тамоми қаламрави ҷумҳурӣ, инчунин дар назди ҳавлӣ, атрофи биноҳои истиқоматӣ, корхонаву муассиса ва ташкилоту идораҳо ниҳоли дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ шинонида истодаанд.









МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Дар фасли баҳор танаи дарахтонро бо маҳлули махсус сафед намоед
ИМРӮЗ — РӮЗИ ГУЛ ВА НИҲОЛШИНОНӢ. Пешвои миллат: «Барои наслҳои оянда ниҳол шинонем, боғ бунёд намоем!»
ДАРАХТ БИНШОН! Дар хатсайрҳои сайёҳии Панҷакент беш аз 200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Ёвон беш аз 400 бех ниҳоли арча шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар минтақаи Рашт беш аз 5 000 ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва ороишӣ шинонида шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо ҳолати сабзиши дарахтон дар боғу токзори шаҳри Ҳисор шинос гардид
Дар маҳаллаҳои Бӯстон ва Шукуҳии пойтахт 2500 бех ниҳолҳои ҳамешасабз ва мевадиҳанда шинонида шуданд
«ТОҶИКИСТОНРО БА КИШВАРИ САБЗ ТАБДИЛ МЕДИҲЕМ!» Дар Лучоб 7 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Турсунзода 120 дарахти ороишии Фатония шинонида шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар шаҳри Исфара 1200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар шоҳроҳи байналмилалии Хуҷанд-Чанок 500 бех ниҳоли санавбар шинонида шуд
Дар Душанбе бо иштироки намояндагони 27 давлат маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор шуд






