ИҚДОМИ САБЗ. Чоҳи амудии ноҳияи Мастчоҳ беш аз 5 гектар заминҳои ниҳолпарвариро бо оби доимӣ таъмин менамояд

Август 10, 2025 09:30

ДУШАНБЕ, 10.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади таҳкими иқтидори истеҳсолии хоҷагии ёрирасони бахши ҳифзи муҳити зист, фароҳам овардани заминаҳои устувор барои татбиқи амалии Барномаи кабудизоркунӣ ва таъмин намудани обёрии мунтазами заминҳои ниҳолпарварӣ дар ноҳияи Мастчоҳ чоҳи амудии об мавриди истифода қарор гирифт. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Чоҳи амудӣ дар ҳудуди хоҷагии ёрирасон бо ташаббуси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кофта шуда, ҳадафи бунёди он бо оби доимӣ таъмин намудани заминҳои истифодашаванда ва ниҳолхонаи бахш мебошад. Иншооти мазкур қариб 50 гектар заминро обёрӣ карда, ба рушди сабзазоркунӣ дар ноҳия мусоидат менамояд.

Зимни ба истифода додани чоҳи амудӣ Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳури Тоҷикистон Баҳодур Шерализода изҳор дошт, ки бунёди чоҳи амудӣ дар хоҷагии ёрирасони бахши ҳифзи муҳити зист иқдоми муҳиму саривақтӣ дар самти амалӣ намудани барномаҳои экологӣ ва сабзазоркунии минтақа мебошад. Он на танҳо ба парвариши ниҳолҳо, балки ба таъсиси ҷойи нави кор ва беҳсозии муҳити зист замина мегузорад.

Соли равон бо мақсади татбиқи амалии Барномаи кабудизоркунӣ аз ҳисоби заминҳои фонди захиравии ноҳия 5 гектар замин барои истифодаи бахши ҳифзи муҳити зист ҷудо гардида, дар он тадриҷан ниҳолҳои ба иқлими маҳаллӣ мутобиқ шинонида ва парвариш карда мешаванд.

Дар айни замон дар беш аз як гектар замини хоҷагии ёрирасон зиёда аз 17 ҳазор бех ниҳолҳои навъҳои гуногун, аз ҷумла павлония, ақоқиё, сада, сарвиноз, арча ва санавбар парвариш меёбанд.

Ба иттилои масъулини бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Мастчоҳ, бо мақсади таъмини иҷрои самараноки вазифаҳои марбут ба сарсабзгардонии муҳити зист, татбиқи амалии Барномаи кабудизоркунӣ, тақвияти иқтидори истеҳсолӣ ва рушди инфрасохтори техникӣ бо дастгирии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ихтиёри бахш ду техникаи соҳавии ёрирасон дода шудаанд.

Ба андешаи масъулин, истифодаи техникаҳои соҳавии дастрасгардида имконият медиҳад, ки ниҳолҳо дар хоҷагии ёрирасони бахши ҳифзи муҳити зист бо сифати беҳтар, сарфи камтари захираҳо ва дар муҳлати кӯтоҳтар парвариш ва нигоҳдорӣ карда шаванд. Ин иқдом ҳамзамон ба рушди устувори бахш, таъмини зичии сабзиши ниҳолҳо ва густариши корҳои сабзазоркунӣ дар сатҳи ноҳия мусоидат менамояд.

Ҳоло дар хоҷагии ёрирасон 4 нафар ба парваришу нигоҳубини ниҳолҳо ҷалб гардидаанд. Тибқи маълумоти масъулин, бо фаро гирифтани масоҳати пурраи заминҳо ва густариши фаъолияти истеҳсолӣ имкони бо ҷойи кор таъмин кардани 17 нафар муҳайё хоҳад шуд.

Бунёди чоҳи амудӣ ва рушди инфрасохтори хоҷагии ёрирасон ҷузъи муҳими сиёсати давлатии экологӣ дар сатҳи маҳаллӣ буда, дар татбиқи босамари стратегияҳои миллӣ дар самти ҳифзи муҳити зист, истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ ва рушди иқтисоди «сабз» нақши муассир мегузорад.

АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Август 10, 2025 09:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон 556,5 гектар боғҳои нав бунёд карда шуданд
Дар Тоҷикистон то соли 2040 беш аз 2 миллиард дарахт шинонида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон: «Дар Тоҷикистон дар доираи Барномаи давлатии сабзкорӣ то соли 2040 беш аз 1 миллиард бех дарахт шинонида мешавад»
ДАРАХТИ ДӮСТӢ БИНШОН. Ректорони донишгоҳҳои «сабз» беш аз 50 бех ниҳоли дарахти ҳамешасабз шинониданд
БАРНОМАИ КАБУДИЗОРКУНӢ. Дар мавзеи баландкӯҳи Вору зиёда аз 12 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар Мурғоб беш аз 3 ҳазор бех ниҳоли дарахтони сояафкан шинонида шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Дар фасли баҳор танаи дарахтонро бо маҳлули махсус сафед намоед
ИМРӮЗ — РӮЗИ ГУЛ ВА НИҲОЛШИНОНӢ. Пешвои миллат: «Барои наслҳои оянда ниҳол шинонем, боғ бунёд намоем!»
ДАРАХТ БИНШОН! Дар хатсайрҳои сайёҳии Панҷакент беш аз 200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Ёвон беш аз 400 бех ниҳоли арча шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар минтақаи Рашт беш аз 5 000 ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва ороишӣ шинонида шуд