Ба имзо расидани як қатор қонунҳо аз ҷониби Пешвои миллат

Декабрь 17, 2020 09:50

ДУШАНБЕ, 17.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба якчанд қонунҳо, аз ҷумла қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба кодексҳои ҷиноятӣ, ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва андоз, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф” ва “Дар бораи аудити дохилӣ дар ташкилотҳои бахши давлатӣ” имзо гузоштанд.

Иловаҳои ба кодексҳои ҷиноятӣ ва ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшуда, барои пешгирӣ ва мубориза ба зидди ҷиноятҳо ва ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурие, ки бо мақсади барангехтани кинаю адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва динӣ содир карда мешаванд, равона шудааст.

Тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи аудити дохилӣ дар ташкилотҳои бахши давлатӣ” ба такмили қоидаҳои гузаронидани супоришҳои аудиторӣ, таъсису таҳкими воҳидҳои аудити дохилӣ дар ташкилотқҳои давлатӣ ва ҳамкории аудити дохилӣ бо аудити беруна нигаронида шудааст.

Қонунҳои баимзорасида ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, соҳибкорӣ, такмили низоми андоз, аудити дохилӣ, пешгирӣ ва мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ва дар маҷмӯъ барои таҳкими қонуният ва беҳдошти зиндагии мардум равона шудаанд.

Қонунҳои баимзорасида дар матбуот интишор карда мешаванд.

Декабрь 17, 2020 09:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Конститутсия
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ вориди шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон шуданд
Сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қазоқистон
Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон тағйироти кадрӣ ба амал оварданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Райан»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд