Бештар аз 50 давлат, аз ҷумла Тоҷикистон дирӯз дар маросими муаррифии ваксинаи русии «Спутник V» дар СММ ширкат намуданд

Декабрь 3, 2020 10:17

ДУШАНБЕ, 03.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан хабар дода будем, дирӯз дар СММ муаррифии ваксинаи русии «Спутник V» дар шакли виртуалӣ баргузор шуд. Тавре  АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС иттилоъ медиҳад, муаррифии баргузорнамудаи вазири тандурустии Федератсияи Россия Михаил Мурашко (ДАР АКС) сабаби ҷалби таваҷҷуҳи азими ҷомеаи ҷаҳонӣ шудааст.

Мутобиқи маълумоти ТАСС, ҷиҳати ширкат дар ин чорабинӣ намояндагони 55 давлат, аз ҷумла ҶДХК, Миср, Беларус, Алҷазоир, Қатар, Ҳиндустон, Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Озарбойҷон, Сингапур, Тайланд ва Сурия сабти ном шуда буданд. Намояндагони СММ, СУТ, Салиби Сурх ва дигар ташкилоти байналмилалӣ низ ба ин ҷаласаи онлайн пайвастанд.

Бисёре аз онҳо тавонистанд саволҳояшонро ба намояндагони Федератсияи Россия дар бораи ваксинаи русӣ, арзиш ва омодагӣ ҷиҳати истеҳсоли он дар кишварҳои дигар бидиҳанд.

Тавре Кирилл Дмитриев, роҳбари Фонди сармоягузории мустақими Россия (ФСМ) ба иштирокчиён иттилоъ дод, арзиши як доза вояи зидди коронавируси «Спутник V» -и Россия камтар аз 10 доллар хоҳад буд, ки нисбат ба дигар ваксинаҳои зидди коронавирус арзонтар аст. Роҳбари Вазорати тандурустии Федератсияи Россия Михаил Мурашко дар навбати худ зикр кард, ки зиёд намудани тавлиди ваксина ҳам дар Россия ва ҳам дар хориҷи кишвар ба нақша гирифта шудааст.

«Спутник V»  — аввалин ваксинаи сабтиномшуда дар ҷаҳон алайҳи коронавирус мебошад, ки онро Маркази ба номи  Гамалей таҳия кардааст. Ҳоло он аз санҷишҳои пас аз сабти ном шудан мегузарад, ки дар он танҳо дар Россия 40 ҳазор довталабон иштирок мекунанд. Озмоишҳои клиникии дору, ба ғайр аз Россия, инчунин дар Беларус, Бразилия, Ҳиндустон ва Аморати Муттаҳидаи Араб идома доранд.

АКС аз бойгонӣ

Декабрь 3, 2020 10:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Қоҳира 35-солагии Истиқлоли Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири корҳои иҷтимоӣ, хонавода ва кӯдакони Давлати Кувайт мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Ректори Донишгоҳи тиббии Вена вохӯрӣ намуд
Дар Вашингтон 34-солагии барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистон ва Амрико таҷлил гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири адлияи Ҷумҳурии Ироқ мулоқот намуд
Дар Бағдод тамосҳои мустақим байни доираҳои соҳибкории Тоҷикистон ва Ироқ баррасӣ гардид
Дар Сеул бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ доир шуд
Тоҷикистон ва Молдова машваратҳои консулӣ баргузор намуданд
Cафири Тоҷикистон бо Президенти Ҷумҳурии Ироқ мулоқот намуд
Ҳамкории иқтисодӣ ва ҷалби сармоягузории Давлати Кувайт ба Тоҷикистон баррасӣ гардид
Зубайдулло Зубайдзода бо намояндаи Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Ироқ мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Президенти Кантони Сюрих мулоқот намуд