Дабири кулли СММ аз хатари пайдоиши вирусҳои нави зоонозӣ ҳушдор медиҳад

Декабрь 3, 2020 10:20

ДУШАНБЕ, 03.12.2020 /АМИТ «Ховар»/.  Вирусҳои нави зоонозӣ (бемориҳои сироятӣ, ки аз ҳайвонот ба одамон мегузаранд), мисли коронавирус ба инсоният таҳдид мекунанд, агар мудохилаи одамон ба олами ҳайвонот қатъ нагардад. Дар ин бора Дабири кулли СММ Антонио Гутерриш зимни баромад дар Донишгоҳи Колумбия бо лексияи «Дар бораи вазъи сайёра» изҳор доштааст, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС.

«То вақте ки одамон ва ҳайвоноти хонагӣ беш аз пеш ба муҳити зисти ҳайвоноти ваҳшӣ дастдарозӣ ва сарҳади табиати ваҳширо вайрон мекунанд, мо шоҳиди он мешавем, ки ҳарчи бештар вирусҳо ва дигар ангезандаҳои бемориҳо аз ҳайвонот ба одамон мегузаранд», — гуфт Дабири кулл.

Дар ин робита, Антонио Гутерриш даъват кард, ки фаромӯш набояд кард, ки 75% бемориҳои сироятии нави инсонӣ зоонозӣ мебошанд.

Раҳбари СММ инчунин гуфт, ки нишондиҳандаи калидии макроиқтисодӣ — маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) аҳамияти худро гум мекунад, чунки он зарар ба муҳити зистро ба инобат намегирад. «Теъдоди бештари одамон маҳдудияти меъёрҳои анъанавӣ, аз ҷумла ММД — ро, ки зимни онҳо фаъолият ба муҳити атроф зарар мерасонад, аз ҷиҳати иқтисодӣ фоиданок мешуморанд ва дарк мекунанд», — гуфт Дабири кулл.

«Тарзи тафаккур тағйир меёбад. Шумораи бештари одамон зарурати интихоби ҳаррӯзаи худро дар коҳиши осори карбон дарк мекунанд”, — зикр кард Антонио Гутерриш.

                                            ДАР АКС: Антонио Гутерриш. Акси EPA

Декабрь 3, 2020 10:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Шумораи ҳалокшудагони заминларза дар Афғонистон ба 7 нафар расид
Се олим бо ҷоизаи Нобел дар бахши иқтисод дар соли 2025 сарфароз гардонида шуданд
Дар шаҳри Толятии Федератсияи Русия ошхонаи миллии тоҷикӣ ифтитоҳ гардид
Раёсат дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2026 ба Туркманистон гузашт
Имрӯз дар Минск ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои ИДМ баргузор мегардад
Шумораи давлатҳо ва ҳайатҳое, ки дар Бозиҳои III ИДМ иштирок менамоянд, эълон гардид
Анутхин Чанвиракун Сарвазири нави Таиланд интихоб гардид
Дар Покистон 766 ҳазор нафар аз минтақаҳои аз обхезӣ зарардида кӯчонида шуданд
Бар асари заминларзаи шадид дар Афғонистон беш аз 1120 нафар ҳалок шуданд
Дар Покистон бар асари боронҳои шадид ва обхезӣ 307 нафар ҳалок ва даҳҳо нафар маҷруҳ шуданд
Ҳамоиши Воситаҳои ахбори омма ва марказҳои таҳлилии СҲШ дар Чжэнчжоу баргузор мешавад
Дар натиҷаи суқути ҳавопаймои Ан-24 дар вилояти Амури Русия ҳамаи мусофирон ҳалок шуданд