Дар Душанбе имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон муаррифӣ мегардад
ДУШАНБЕ, 03.12.2020/ АМИТ «Ховар»/. 9 декабр дар Душанбе оид ба имконияту захираҳои сайёҳии Тоҷикистон баргузории намоишгоҳ дар назар дошта шудааст. Дар ин намоишгоҳ ширкатҳои сайёҳии ватанӣ ва ассотсиатсияҳои хизматрасонии маҳсулоти сайёҳӣ имкониятҳои сайёҳии мамлакатро муаррифӣ менамоянд.
Аз Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки ҳадаф аз ташкили намоишгоҳ рушди соҳаи сайёҳии дохилӣ, ҷалби васеи мардум ба сайру саёҳат, беҳтар намудани тарзи ҳаёти солим тавассути саёҳат, огоҳии комил пайдо кардани аҳолӣ аз таъриху фарҳанг ва дар заминаи он баланд бардоштани худшиносии миллӣ мебошад.
Ҳамзамон тавсеаи ҳамкории судманд байни вазорату идораҳо, мақомоти маҳаллӣ дар самти татбиқи самараноки Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ аз ҳадафҳои дигари намоишгоҳи имконияти сайёҳӣ мебошад. Интизор меравад, ки дар намоишгоҳ дар радифи имконияти сайёҳии мамлакат, ҳамзамон акси манзараҳои ҷолиби табиати Тоҷикистон ва армуғонҳо, ки маҳсули дастони ҳунармандони тоҷик мебошанд, ба тамошо гузошта шаванд.
Инчунин дар доираи намоишгоҳ баргузории ҳамоиш дар назар аст, ки дар он масъалаҳои марбут ба рушди соҳаи сайёҳӣ дар Тоҷикистон матраҳ хоҳанд гашт.








Ҳайати Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии WTM дар Лондон иштирок дорад
Иқтидорҳои сайёҳии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «World Travel Market — 2026» дар шаҳри Лондон муаррифӣ мешаванд
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
«БАРНОМАИ РУШДИ МИНТАҚАИ САЙЁҲИИ РОҒУН». Дар доираи амали он роҳҳо мумфарш, хатсайрҳои сайёҳӣ зиёд ва инфрасохтори хизматрасонӣ беҳтар карда шуд
Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ба гардишгарони ҳавзаи Шурои ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷ муаррифӣ гардиданд
Дар Дарвоз Конференсияи байналмилалии «Сайёҳии устувор ва рушди зеҳни сунъӣ дар шароити муосир» баргузор шуд
Дар Хуҷанд конференсияи байналмилалии илмӣ-амалии «Мероси Суғди бостонӣ» баргузор гардид
Шаҳри Панҷакентро дар нуҳ моҳ беш аз 40 ҳазор сайёҳон тамошо намудаанд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» иқтидори сайёҳӣ ва фарҳангии Тоҷикистонро муаррифӣ менамояд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» оғоз гардид
Имконияту иқтидори сайёҳии шаҳри Душанбе дар Ҷумҳурии Мардумии Чин муаррифӣ мегардад






