Дар Кобул бар асари таркиши автомашинаи кормандони Идораи миллии омор ва иттилоот як нафар ҷон бохт

Декабрь 29, 2020 08:55

ДУШАНБЕ, 29.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Нимаи дуюми 28 декабр дар минтақаи Гузаргоҳи ноҳияи ҳафтуми шаҳри Кобул автомашинаи Идораи миллии омор ва иттилоот тарконда шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба шабакаи телевизионии «Тулӯъ нюс».

Ба иттилои полиси Кобул, автомашинаи мазкур ҳадафи ҳамлаи ҷангҷӯён  қарор гирифта, мина дар як дучарха мустақар шуда буд.

Дар натиҷаи таркиш як тан ғайринизомӣ кушта ва панҷ нафари дигар маҷрӯҳ шуданд.

Бояд тазаккур дод, ки ин дуввумин таркиш дар як рӯз дар Кобул аст.

Тавре АМИТ «Ховар» қаблан хабар дода буд, таркиши аввал субҳи рӯзи душанбе дар як автомашинаи неруҳои амниятӣ дар Кобул рух дод.

Илова бар ин шабакаи телевизионии «Тулӯъ нюс» гузориш дод, ки 28 декабр «Толибон» (мамнӯъ дар Тоҷикистон) ба фармондеҳии полиси ноҳияи Анордараи вилояти Фароҳи Афғонистон ҳамла намуданд.

Мақомоти маҳаллии вилояти Фароҳ дар навбати худ хабар доданд, ки «Толибон» шаби гузашта автомашини пур аз маводи таркандаро дар назди идораи полиси ноҳияи Анордараи ин вилоят тарконидаанд.

Волии вилояти Фароҳ Тоҷмуҳаммад Ҷаҳид гуфт, ки пас аз таркиш «Толибон» ба маркази ноҳияи Анордара ҳамлаи густурдаро шурӯъ карданд.

Ба гуфтаи ӯ, дар ин ҳамла як корманди неруҳои амниятӣ кушта ва ду нафари дигар захмӣ шуданд.

Ба иттилои номбурда, ҳамлаи «Толибон» гардонида шуда, дар натиҷаи задухӯрд ва амалиёти неруҳои амниятӣ шумораи зиёди «Толибон» низ кушта шудаанд.

«Толибон» ҳанӯз ин ҳамларо шарҳ надодаанд.

Декабрь 29, 2020 08:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Покистон 766 ҳазор нафар аз минтақаҳои аз обхезӣ зарардида кӯчонида шуданд
Бар асари заминларзаи шадид дар Афғонистон беш аз 1120 нафар ҳалок шуданд
Дар Покистон бар асари боронҳои шадид ва обхезӣ 307 нафар ҳалок ва даҳҳо нафар маҷруҳ шуданд
Ҳамоиши Воситаҳои ахбори омма ва марказҳои таҳлилии СҲШ дар Чжэнчжоу баргузор мешавад
Дар натиҷаи суқути ҳавопаймои Ан-24 дар вилояти Амури Русия ҳамаи мусофирон ҳалок шуданд
Бемориҳои музмини ғайрисироятӣ ҳамасола сабаби 1,8 миллион марги пешгиришаванда мегарданд
Пешгӯиҳои ҳарорат барои соли 2050 аз соли 2025 оғоз мегарданд
Коршиносони ИДМ лоиҳаи Нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 35-солагии Иттиҳодро мувофиқа намуданд
Бинобар гармии рекордӣ дар Чин талабот ба неруи барқ ба нуқтаи баландтарин расид
Хисороти аз офатҳои табиӣ расида дар Чин аз 7,5 миллиард доллар зиёд шуд
Гармои шадид дар Испания дар ду моҳи охир сабаби марги 1180 нафар гардид
Бар асари боронҳои мавсимӣ ва обхезии шадид дар Покистон 104 нафар ҳалок гардид