Дар шафати шоҳроҳи Душанбе-Турсунзода 300 бех дарахтони сояафкану ороишӣ шинонида шуданд
ДУШАНБЕ, 10.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи маъракаи ниҳолшинонӣ ва амалиёти тозагии маҳал дар шафати шоҳроҳи байналмилалии Душанбе-Турсунзода 300 бех дарахтони сояафкану ороишӣ шинонида шуданд. Инчунин дар ин ҳудуд бехи гулу буттаҳо нарм ва батартиб дароварда шуда, шафати шоҳроҳ аз партовҳои сахти маишӣ тоза гардид.
Маъракаи ниҳолшинонӣ ва амалиёти тозагии маҳал бо иқдоми шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳия ва иштироки беш аз 500 нафар сокинони ноҳияи Шаҳринав ва корхонаву ташкилот дар доираи нақшаи чорабиниҳои Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуд.
Ин ташаббус ба сабзу хуррам гаронидани ноҳияи Шаҳринав ва шоҳроҳи байналмилалии Душанбе –Турсунзода, ки масири барои мамлакат муҳим маҳсуб мешавад, мусоидат менамояд.








Дар Тоҷикистон 556,5 гектар боғҳои нав бунёд карда шуданд
Дар Тоҷикистон то соли 2040 беш аз 2 миллиард дарахт шинонида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон: «Дар Тоҷикистон дар доираи Барномаи давлатии сабзкорӣ то соли 2040 беш аз 1 миллиард бех дарахт шинонида мешавад»
ДАРАХТИ ДӮСТӢ БИНШОН. Ректорони донишгоҳҳои «сабз» беш аз 50 бех ниҳоли дарахти ҳамешасабз шинониданд
БАРНОМАИ КАБУДИЗОРКУНӢ. Дар мавзеи баландкӯҳи Вору зиёда аз 12 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар Мурғоб беш аз 3 ҳазор бех ниҳоли дарахтони сояафкан шинонида шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Дар фасли баҳор танаи дарахтонро бо маҳлули махсус сафед намоед
ИМРӮЗ — РӮЗИ ГУЛ ВА НИҲОЛШИНОНӢ. Пешвои миллат: «Барои наслҳои оянда ниҳол шинонем, боғ бунёд намоем!»
ДАРАХТ БИНШОН! Дар хатсайрҳои сайёҳии Панҷакент беш аз 200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Ёвон беш аз 400 бех ниҳоли арча шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар минтақаи Рашт беш аз 5 000 ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва ороишӣ шинонида шуд






