ДАРАХТ БИНШОН! Дар Ховалинг зиёда аз 5000 бех ниҳолҳои сояафкан ва ҳамешасабз шинонида шуданд
ДУШАНБЕ, 22.12.2020. /АМИТ «Ховар»/. Дар боғи фарҳангӣ-фароғатӣ ва кӯчаю хиёбонҳои ноҳияи Ховалинг зиёда аз 5 ҳазор бех дарахтони сояафкани ҳамешасабз шинонида шуданд. Дар ин бора аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
20 декабр дар доираи иқдоми созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати сабзу хуррам гардонидани ҷумҳурӣ бо ташаббуси Вазири корҳои дохилӣ, генерал-полковники милитсия Рамазон Раҳимзода дар ноҳияи Ховалинг маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор гардид.
Вазири корҳои дохилӣ тамоми кӯчаю хиёбон, беморхона ва бозору марказҳои савдои ноҳияи Ховалингро гашта, барои вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ дар ноҳияи мазкур ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Зикр гардид, ки барои сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сокини ноҳия бояд барои таъмиру тармим ва обод намудани хона, кӯчаю маҳаллаи худ саъю кӯшиш намуда, ҳамзамон барои сабзкорӣ чанд ниҳол шинонад.








Ба дарахтони ҳамешасабзи шафати роҳи байналмилалии Бохтар, Хуросон ва Душанбе об доданд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар Тоҷикистон дар 78 гектар плантатсияҳои павловния бунёд гардидаанд
Дар остонаи ҷаласаи 45-уми Шурои Фонди иқлими сабз дар Душанбе ниҳоли дарахтони ҳамешасабз шинонида шуд
Дар ноҳияи Дӯстӣ бунёди 5 гектар боғи павловния ба нақша гирифта шудааст
Дар ниҳолхонаи шуъбаи ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Турсунзода беш аз 12 ҳазор бех ниҳоли гуногун парвариш меёбад
Дар Тоҷикистон 556,5 гектар боғҳои нав бунёд карда шуданд
Дар Тоҷикистон то соли 2040 беш аз 2 миллиард дарахт шинонида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон: «Дар Тоҷикистон дар доираи Барномаи давлатии сабзкорӣ то соли 2040 беш аз 1 миллиард бех дарахт шинонида мешавад»
ДАРАХТИ ДӮСТӢ БИНШОН. Ректорони донишгоҳҳои «сабз» беш аз 50 бех ниҳоли дарахти ҳамешасабз шинониданд
БАРНОМАИ КАБУДИЗОРКУНӢ. Дар мавзеи баландкӯҳи Вору зиёда аз 12 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар Мурғоб беш аз 3 ҳазор бех ниҳоли дарахтони сояафкан шинонида шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд






