ДАРАХТ БИНШОН! Имсол дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ 25 ҳазор ниҳол шинонда мешавад

Декабрь 17, 2020 10:14

БОХТАР, 17.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имсол дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ 25000 ниҳол шинонда мешавад.Аз ҷумла,  сокини деҳаи Учкуни ҷамоати Ҳалевард  Сайраҳмон Абдураҳмонов ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дастгирӣ намуда,  аз ҳисоби пасандозҳои худ (40 ҳазор сомонӣ) атрофи қабристони деҳаро девор ва дар тӯли он ниҳолҳои дарахтони сояафкан шинонд. Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» сардори Раёсати минтақавии ҳифзи муҳити зист Мақсуд Хушвахтзода иттилоъ дод.

Ба гуфтаи номбурда, дар мавсими имсола дар ҷамоатҳои шаҳрӣ ва деҳоти ноҳия 17 ҳазор ниҳоли дарахтони сояафкан, 4300 — ҳамешасабз ва 3700 — ороишӣ, дар маҷмӯъ 25 ҳазор ниҳол шинонида мешавад.

Ҳоло дар ноҳия раванди кабудизоркунӣ танзим шудааст, сокинон барои кабудизоркунии ҳудудҳои худ ташаббус нишон медиҳанд. Аз ҷумла, Пирумшоҳ Обидов, сокини деҳаи Учкуни ҷамоати Ҳалевард 200 ниҳоли дарахтони ҳамешасабз харид ва онҳоро дар масири роҳ шинонд.

Тибқи иттилои мудири шуъбаи ҳифзи муҳити зист, дар ҷамоатҳои шаҳрӣ ва деҳоти ноҳия 2500 ниҳол шинонда шудааст, аз ҷумла 700 ниҳоли дарахтони сояафкан, 1500 — ҳамешасабз ва 300 — буттаҳои ороишӣ мебошанд.

Декабрь 17, 2020 10:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон то соли 2040 беш аз 2 миллиард дарахт шинонида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон: «Дар Тоҷикистон дар доираи Барномаи давлатии сабзкорӣ то соли 2040 беш аз 1 миллиард бех дарахт шинонида мешавад»
ДАРАХТИ ДӮСТӢ БИНШОН. Ректорони донишгоҳҳои «сабз» беш аз 50 бех ниҳоли дарахти ҳамешасабз шинониданд
БАРНОМАИ КАБУДИЗОРКУНӢ. Дар мавзеи баландкӯҳи Вору зиёда аз 12 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар Мурғоб беш аз 3 ҳазор бех ниҳоли дарахтони сояафкан шинонида шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Дар фасли баҳор танаи дарахтонро бо маҳлули махсус сафед намоед
ИМРӮЗ — РӮЗИ ГУЛ ВА НИҲОЛШИНОНӢ. Пешвои миллат: «Барои наслҳои оянда ниҳол шинонем, боғ бунёд намоем!»
ДАРАХТ БИНШОН! Дар хатсайрҳои сайёҳии Панҷакент беш аз 200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Ёвон беш аз 400 бех ниҳоли арча шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар минтақаи Рашт беш аз 5 000 ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва ороишӣ шинонида шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо ҳолати сабзиши дарахтон дар боғу токзори шаҳри Ҳисор шинос гардид