Департаменти давлатии ИМА гурӯҳеро аз Баҳрайн ба рӯйхати террористӣ ворид кард
ДУШАНБЕ, 16.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Департаменти давлатии ИМА гурӯҳи Сарая ал-Мухтор аз Баҳрайнро ба рӯйхати террористон шомил кард, ки ба ақидаи Вашингтон, онро Эрон дастгирӣ мекунад, хабар медиҳад АМИТ “Ховар” бо истинод ба ТАСС.
Тибқи изҳороти рӯзи сешанбе паҳншудаи котиби давлатӣ Майкл Помпео, Сарайя ал-Мухтор “хатари ҷиддии содир намудани ҳамлаҳои террористӣ дорад, ки ба амнияти миллии ИМА ва сиёсати хориҷӣ таҳдид мекунад».
Ба гуфтаи Майкл Пампео, ин гурӯҳ «аз Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломии Эрон дастгирии молӣ ва моддӣ меёбад.» «Ҳадафи Сароя ал-Мухтор сарнагун кардани ҳукумати Баҳрайн ва тоза кардани роҳ барои нуфузи бештари Эрон дар кишвар аст. Ин гурӯҳ ҳамлаҳо ба кормандони Амрикоро дар Баҳрайн ба нақша гирифтааст ва барои куштори мансабдорони Баҳрайн подош пешниҳод кардааст»,- иброз намуд котиби давлатӣ.
Ба гуфтаи номбурда, шомил шудан ба феҳристи террористӣ ин гурӯҳро аз дастрасӣ ба низоми молии ИМА маҳрум мекунад.
ДАР АКС: департаменти давлатии ИМА. Акс аз ИМА, Департаменти давлатӣ








Се олим бо ҷоизаи Нобел дар бахши иқтисод дар соли 2025 сарфароз гардонида шуданд
Дар шаҳри Толятии Федератсияи Русия ошхонаи миллии тоҷикӣ ифтитоҳ гардид
Раёсат дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2026 ба Туркманистон гузашт
Имрӯз дар Минск ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои ИДМ баргузор мегардад
Шумораи давлатҳо ва ҳайатҳое, ки дар Бозиҳои III ИДМ иштирок менамоянд, эълон гардид
Анутхин Чанвиракун Сарвазири нави Таиланд интихоб гардид
Дар Покистон 766 ҳазор нафар аз минтақаҳои аз обхезӣ зарардида кӯчонида шуданд
Бар асари заминларзаи шадид дар Афғонистон беш аз 1120 нафар ҳалок шуданд
Дар Покистон бар асари боронҳои шадид ва обхезӣ 307 нафар ҳалок ва даҳҳо нафар маҷруҳ шуданд
Ҳамоиши Воситаҳои ахбори омма ва марказҳои таҳлилии СҲШ дар Чжэнчжоу баргузор мешавад
Дар натиҷаи суқути ҳавопаймои Ан-24 дар вилояти Амури Русия ҳамаи мусофирон ҳалок шуданд
Бемориҳои музмини ғайрисироятӣ ҳамасола сабаби 1,8 миллион марги пешгиришаванда мегарданд






