Думаи давлатии Россия лоиҳаи қонунеро қабул кард, ки ба Путин ҳаққи дубора номзад шудан ба мақоми президентиро медиҳад

Декабрь 24, 2020 10:09

ДУШАНБЕ, 24.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. 23 декабр Думаи давлатии Россия дар ҷаласаи пленарӣ зимни хониши аввал лоиҳаи қонун дар бораи тағйирот ба Конститутсияро қабул кард, ки дар он, аз ҷумла, ба Президенти кунунии Федератсияи Россия Владимир Путин ҳуқуқ дода мешавад, ки дубора ба мақоми сарвари давлат номзад шавад, менависад ТАСС.

Тибқи яке аз муқаррароти нави Конститутсияи Федератсияи Россия, маҳдудияти шумораи муҳлатҳое, ки дар давоми онҳо як шахс метавонад вазифаи Президенти Федератсияи Россияро ишғол намояд, нисбат ба роҳбари кунунии давлат низ бе дарназардошти муҳлати қаблии президентии ӯ татбиқ мешавад. Ҳамин тариқ, ин меъёр ба сарвари кунунӣ имкон медиҳад, ки вазифаи Президенти Федератсияи Россияро барои ду давраи дигар ишғол кунад.

Ҳангоми таҳияи муқаррароти нави конститутсионӣ, лоиҳаи қонун инчунин талаботҳои иловагиро барои номзадҳо ба мансаби олӣ ҷорӣ мекунад. Ҳамин тавр, муқаррар шудааст, ки шаҳрванди Федератсияи Россия, ки 35-сола кам набошад, ҳадди аққал 25 сол дар Россия иқомат кардааст ва инчунин шаҳрвандии хориҷӣ ё иҷозатномаи истиқомат дар хориҷа надошта бошад, метавонад президенти кишвар интихоб гардад. Талабот оид ба мавҷуд набудани шаҳрвандии хориҷӣ нисбат ба русҳое, ки қаблан шаҳрвандии давлатеро доштанд, ки мутобиқи қонунҳои федералии конститутсионӣ қабул гардидааст ё қисми он дар Федератсияи Россия қабул шудааст, татбиқ намешавад.

Санад инчунин маҳдудияти синнусолиро барои шахсе, ки вазифаи раиси Комиссияи марказии интихоботи Федератсияи Россияро ишғол менамояд, татбиқ мекунад. Гуфта мешавад, ки ӯ метавонад шаҳрванди Россия, ки ба синни 30 расидааст, бошад.

                                                                                              АКС аз ТАСС

Декабрь 24, 2020 10:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Се олим бо ҷоизаи Нобел дар бахши иқтисод дар соли 2025 сарфароз гардонида шуданд
Дар шаҳри Толятии Федератсияи Русия ошхонаи миллии тоҷикӣ ифтитоҳ гардид
Раёсат дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2026 ба Туркманистон гузашт
Имрӯз дар Минск ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои ИДМ баргузор мегардад
Шумораи давлатҳо ва ҳайатҳое, ки дар Бозиҳои III ИДМ иштирок менамоянд, эълон гардид
Анутхин Чанвиракун Сарвазири нави Таиланд интихоб гардид
Дар Покистон 766 ҳазор нафар аз минтақаҳои аз обхезӣ зарардида кӯчонида шуданд
Бар асари заминларзаи шадид дар Афғонистон беш аз 1120 нафар ҳалок шуданд
Дар Покистон бар асари боронҳои шадид ва обхезӣ 307 нафар ҳалок ва даҳҳо нафар маҷруҳ шуданд
Ҳамоиши Воситаҳои ахбори омма ва марказҳои таҳлилии СҲШ дар Чжэнчжоу баргузор мешавад
Дар натиҷаи суқути ҳавопаймои Ан-24 дар вилояти Амури Русия ҳамаи мусофирон ҳалок шуданд
Бемориҳои музмини ғайрисироятӣ ҳамасола сабаби 1,8 миллион марги пешгиришаванда мегарданд