ДУШАНБЕРО БА «ШАҲРИ САБЗ» ТАБДИЛ МЕДИҲЕМ! Кормандони Хадамоти давлатии «Муҳофиза» дар пойтахт 200 дарахти сояафкан ва ҳамешасабз шинониданд

Декабрь 10, 2020 14:11

ДУШАНБЕ, 10.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Кормандони Хадамоти давлатии «Муҳофиза»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пайравӣ ба  иқдоми пешниҳоднамудаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ оид ба «шаҳри сабз» табдил додани пойтахт маъракаи ниҳолшинонӣ доир намуданд. Дар ин бора аз Хадамоти давлатии «Муҳофиза» ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

«Дар маъракаи ниҳолшинонӣ  тамоми ҳайати шахсии дастгоҳи марказии Хадамоти давлатии «Муҳофиза»-и ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии сардори Ҳадамоти мазкур полковники милитсия Анварҷон Ализода  иштирок намуда, онҳо дар хиёбони Неъмат Қарабоеви пойтахт зиёда аз 200 дарахтони сояафкан ва ҳамешасабз шинониданд»,-афзуд манбаъ.

Кормандони Хадамот изҳор доштанд, ки ин иқдоми хайрхоҳонаи  Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалиро ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, барои амалӣ гардонидани он ҳар кадомашон  дар назди манзили истиқоматии худ як дарахти ҳамешасабз ва ё мевадиҳанда мешинонанд.

Сардори  Хадамоти давлатии «Муҳофиза» Анварҷон Ализода барои нигоҳдорӣ ва талаботи нигоҳубини дарахтони шинонидашуда ба кормандони дастгоҳи марказии Хадамот як зумра  маслиҳатҳои муфид дода,  таъкид  кард, ки бехҳои дарахтонро ба таври доимӣ нарм гардонида, дар ҳолати набудани боришот ба таври сунъӣ обёрӣ карда шаванд.

Декабрь 10, 2020 14:11

Хабарҳои дигари ин бахш

ДАРАХТИ ДӮСТӢ БИНШОН. Ректорони донишгоҳҳои «сабз» беш аз 50 бех ниҳоли дарахти ҳамешасабз шинониданд
БАРНОМАИ КАБУДИЗОРКУНӢ. Дар мавзеи баландкӯҳи Вору зиёда аз 12 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар Мурғоб беш аз 3 ҳазор бех ниҳоли дарахтони сояафкан шинонида шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Дар фасли баҳор танаи дарахтонро бо маҳлули махсус сафед намоед
ИМРӮЗ — РӮЗИ ГУЛ ВА НИҲОЛШИНОНӢ. Пешвои миллат: «Барои наслҳои оянда ниҳол шинонем, боғ бунёд намоем!»
ДАРАХТ БИНШОН! Дар хатсайрҳои сайёҳии Панҷакент беш аз 200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Ёвон беш аз 400 бех ниҳоли арча шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар минтақаи Рашт беш аз 5 000 ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва ороишӣ шинонида шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо ҳолати сабзиши дарахтон дар боғу токзори шаҳри Ҳисор шинос гардид
Дар маҳаллаҳои Бӯстон ва Шукуҳии пойтахт 2500 бех ниҳолҳои ҳамешасабз ва мевадиҳанда шинонида шуданд
«ТОҶИКИСТОНРО БА КИШВАРИ САБЗ ТАБДИЛ МЕДИҲЕМ!» Дар Лучоб 7 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ шинонида шуд