Фозил Обидов Раиси Фраксияи ҲХДТ дар Маҷлиси намояндагон интихоб гардид
ДУШАНБЕ, 11.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Бо қарори ҷаласаи вакилони узви Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фозил Обидов Раиси Фраксияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб карда шуд.
Ин интихоб дар ҷаласаи вакилони узви ҲХДТ, ки имрӯз дар Маҷлиси намояндагон таҳти раёсати муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Хайриниссо Юсуфӣ баргузор гардид, сурат гирифт.
Рӯзномаи ҷаласаи вакилони узви ҲХДТ танҳо аз як масъала : интихоби Раиси нави фраксияи ҲХДТ дар Маҷлиси намояндагон иборат буд.
Тибқи иттилои котиби матбуотии Маҷлиси намояндагон Муҳамадато Султонов, дар оғози ҷаласа Хайриниссо Юсуфӣ иброз намуд, ки вакилони ҲХДТ дар Маҷлиси намояндагон дар амалӣ намудани сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, амалӣ намудани Барномаи Ҳизб ва таъмини ояндаи дурахшони мамлакат тамоми кӯшишҳоро ба харҷ дода, баҳри таҳкими низоми қонунгузории ҷумҳурӣ тамоми неруи ихтисосии худро равона менамоянд.
Дар ҷаласа аъзои фраксияи ҳизби мазкур, Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Эмомалӣ Насриддинзода баромад намуда, таъкид намуд, ки мақоми ҳуқуқии Фраксияи ҲХДТ дар Маҷлиси намояндагон тибқи моддаи 52 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», боби 4 Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қисми 4 Оинномаи ҲХДТ муайян карда шудааст.
“Зарурати таъсиси Фраксия, пеш аз ҳама, барои фаъолияти дастаҷамъона ва изҳори мавқеи ягонаву ақидаҳои сиёсӣ вобаста ба масъалаҳое, ки Маҷлиси намояндагон баррасӣ менамояд, амалигардонии барномаҳо ва ҳадафҳои барномаи пешазинтихоботии ҳизб асоснок карда мешавад”, — афзуд Эмомалӣ Насриддинзода.
Фраксия вакилонро аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ ва аз ҳавзаҳои якмандатии интихоботӣ муттаҳид намуд. Дар байни 42 нафар аъзоёни Фраксияи ҲХДТ вакилон бо ихтисосҳои гуногун, аз ҷумла: муҳандисони соҳаҳои заминсозӣ, сохтмон, технология, ҳуқуқшиносон, иқтисодчиён, кишоварзон, агротехнологҳо, математикҳо, филологҳо, файласуфон, мутахассиси соҳаи тиб, сиёсатшиносон дохил гардиданд.
Дар кори ҷаласа Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода, муовинони Раиси Маҷлиси намояндагон Қодири Қосим ва Дилрабо Мансурӣ иштирок намуданд.








Дар Маҷлиси намояндагон муҳокимаи парламентӣ баргузор гардид
ИЛМУ МАОРИФ БА ОЯНДАИ БОСАОДАТИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ ТАВЪАМ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаи кумитаҳои парлумонии СААД иштирок намуданд
Дар ҷаласаи навбатии Маҷлиси намояндагон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» тағйиру иловаҳо ворид карда шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Вакилони Маҷлиси намояндагон барои иштирок дар барномаи табодули байнипарлумонӣ ба Амрико сафар намуданд
Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи Шурои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Пагоҳ Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ду созишнома ба тасвиб расид
6 феврал Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






