Фозил Обидов Раиси Фраксияи ҲХДТ дар Маҷлиси намояндагон интихоб гардид

Декабрь 11, 2020 16:11

ДУШАНБЕ, 11.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Бо қарори  ҷаласаи вакилони узви Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон   Фозил Обидов Раиси Фраксияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб карда шуд.

Ин интихоб дар ҷаласаи вакилони узви ҲХДТ, ки  имрӯз дар Маҷлиси намояндагон таҳти раёсати муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Хайриниссо Юсуфӣ  баргузор гардид, сурат гирифт.

Рӯзномаи ҷаласаи вакилони узви ҲХДТ  танҳо аз як масъала : интихоби Раиси нави фраксияи ҲХДТ дар Маҷлиси намояндагон иборат буд.

Тибқи иттилои котиби матбуотии Маҷлиси намояндагон Муҳамадато Султонов, дар оғози ҷаласа Хайриниссо Юсуфӣ иброз намуд, ки вакилони ҲХДТ дар Маҷлиси намояндагон дар амалӣ намудани сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, амалӣ намудани Барномаи Ҳизб  ва таъмини ояндаи дурахшони мамлакат  тамоми кӯшишҳоро ба харҷ дода, баҳри таҳкими низоми қонунгузории ҷумҳурӣ  тамоми неруи ихтисосии худро равона менамоянд.

Дар ҷаласа аъзои фраксияи ҳизби мазкур, Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Эмомалӣ Насриддинзода баромад намуда, таъкид намуд, ки мақоми ҳуқуқии Фраксияи ҲХДТ дар Маҷлиси намояндагон тибқи моддаи 52 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», боби 4 Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қисми 4 Оинномаи ҲХДТ муайян карда шудааст.

“Зарурати таъсиси Фраксия, пеш аз ҳама, барои фаъолияти дастаҷамъона ва изҳори мавқеи ягонаву ақидаҳои сиёсӣ вобаста ба масъалаҳое, ки Маҷлиси намояндагон баррасӣ менамояд, амалигардонии барномаҳо ва ҳадафҳои барномаи пешазинтихоботии ҳизб асоснок карда мешавад”, — афзуд  Эмомалӣ Насриддинзода.

Фраксия вакилонро аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ ва аз ҳавзаҳои якмандатии интихоботӣ муттаҳид намуд.  Дар байни 42 нафар аъзоёни Фраксияи ҲХДТ вакилон бо ихтисосҳои гуногун, аз ҷумла: муҳандисони соҳаҳои заминсозӣ, сохтмон, технология, ҳуқуқшиносон, иқтисодчиён, кишоварзон, агротехнологҳо, математикҳо, филологҳо, файласуфон, мутахассиси соҳаи тиб, сиёсатшиносон дохил гардиданд.

Дар кори ҷаласа Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода, муовинони Раиси Маҷлиси намояндагон Қодири Қосим ва Дилрабо Мансурӣ иштирок намуданд.

Декабрь 11, 2020 16:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Файзалӣ Идизода бо Аҳмад бин Муҳаммад Ал-Ҷарвон ба таври маҷозӣ вохӯрӣ намуд
Рустами Эмомалӣ аз шаҳри Тошканд ба шаҳри Бухоро ташриф оварданд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев Рустами Эмомалиро бо ордени «Барои хизмати фидокорона» сарфароз гардониданд
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ аз Маркази тамаддуни исломӣ дар шаҳри Тошканд боздид намуданд
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Олий Мажлиси Ҷумҳурии Узбекистон Танзила Нарбаева мулоқот намуданд
Рустами Эмомалӣ дар Тошканд бо Нақшаи генералии лоиҳаи шаҳрсозии «Тошканди нав» шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ дар назди муҷассамаи Истиқлолият дар боғи «Узбекистони Нав» гулчанбар гузоштанд
Сафари расмии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ба Ҷумҳурии Узбекистон
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид