Мақомот: 13 тан аз неруҳои амниятӣ дар ҳамлаи «Толибон» дар Бағлон ҷон бохтанд

Декабрь 18, 2020 11:20

ДУШАНБЕ, 18.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Мақомот меафзоянд, ки ин рӯйдод шаби гузашта дар мавзеъҳои Вазиробод ва Ниёзуллоҳи шаҳри Пули Хумрӣ ҳангоме рух дод, ки «Толибон» ба ду посгоҳ ҳамла намуданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба шабакаи телевизионии Афғонистон tolonews.com.

Мақомоти маҳаллии вилояти Бағлон 17 декабр эълом доштанд, ки дар ҳамлаи «Толибон» 13 тан аз неруҳои амниятӣ кушта ва чаҳор нафари дигар захмӣ шуданд.

Масъулон афзуданд, ки ин ҳодиса шаби гузашта дар мавзеъҳои Вазиробод ва Ниёзуллоҳи Пули Хумрӣ ҳангоми ҳамлаи «Толибон» ба ду посгоҳ рух додааст.

Посгоҳҳои мавриди ҳамла қароргирифта аз идораи  полиси Бағлон ҳамагӣ се километр фосила доранд.

Ҷасадҳои қурбониёнро имрӯз ба хонаводаҳояшон супурданд, аммо наздикони онҳо интиқод мекунанд, ки фармондеҳии полиси Бағлон сари вақт ба посгоҳҳо кумак накардааст.

Масъулияти ҳамларо «Толибон» бар дӯш гирифтанд.

Декабрь 18, 2020 11:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Анутхин Чанвиракун Сарвазири нави Таиланд интихоб гардид
Дар Покистон 766 ҳазор нафар аз минтақаҳои аз обхезӣ зарардида кӯчонида шуданд
Бар асари заминларзаи шадид дар Афғонистон беш аз 1120 нафар ҳалок шуданд
Дар Покистон бар асари боронҳои шадид ва обхезӣ 307 нафар ҳалок ва даҳҳо нафар маҷруҳ шуданд
Ҳамоиши Воситаҳои ахбори омма ва марказҳои таҳлилии СҲШ дар Чжэнчжоу баргузор мешавад
Дар натиҷаи суқути ҳавопаймои Ан-24 дар вилояти Амури Русия ҳамаи мусофирон ҳалок шуданд
Бемориҳои музмини ғайрисироятӣ ҳамасола сабаби 1,8 миллион марги пешгиришаванда мегарданд
Пешгӯиҳои ҳарорат барои соли 2050 аз соли 2025 оғоз мегарданд
Коршиносони ИДМ лоиҳаи Нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 35-солагии Иттиҳодро мувофиқа намуданд
Бинобар гармии рекордӣ дар Чин талабот ба неруи барқ ба нуқтаи баландтарин расид
Хисороти аз офатҳои табиӣ расида дар Чин аз 7,5 миллиард доллар зиёд шуд
Гармои шадид дар Испания дар ду моҳи охир сабаби марги 1180 нафар гардид