Нашрияи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи «Садои мардум» 30-сола мешавад

Декабрь 31, 2020 08:38

ДУШАНБЕ, 31.12.2020 /АМИТ «Ховар»/ 1 январи соли 2021 аз таъсиси нашрияи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон — «Садои мардум» 30 сол пур мешавад. Ба ин муносибат  имрӯз Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода дар ҷамъи вакилони мардумӣ ва кормандони Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон 30-солагии таъсиси ин рӯзномаи  серхонандаи  мамлакатро  табрик намуд.

Бо мақсади ботантана ҷашн гирифтани  30-солагии  рӯзномаи «Садои мардум», ки ҳамсоли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, Раиси Маҷлиси намояндагон ба сардабири нашрия Асозода Самариддин ва  15 нафар кормандони  нашрияи мазкур  “Ифтихорнома”-ҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро тақдим намуд.

Тибқи иттилои котиби матбуотии Маҷлиси намояндагон Муҳамадато Султонов, Раиси Маҷлиси намояндагон таъкид намуд, ки «нашрияи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади сари вақт ва ҳамаҷониба инъикос намудани фаъолияти шӯроҳои намояндагони халқ, нақши онҳо дар ҳалли масъалаҳои муҳими иҷтимоию иқтисодии ҷумҳурӣ, инъикоси қонунҳои қабулгардида ва ибрози назари вакилони мардумӣ таъсис ёфта, аз оғози фаъолияти худ то имрўз аз арзишҳои милливу давлатӣ дифоъ менамояд ва баҳри пойдории сулҳу ваҳдати миллӣ ва шукуфоии диёр саҳми арзишманд мегузорад».

Ёдовар мешавем, ки нашрияи «Садои мардум» 1 январи соли 1991 таъсис ёфта, аввалин сармуҳаррири он рӯзноманигори варзида Муродулло Шерализода буд.

Декабрь 31, 2020 08:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид
ТАМАДДУНИ ХАЛҚИ ТОҶИК БА НАВРӮЗ ПАЙВАНДИ НОГУСАСТАНӢ ДОРАД. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ дар ин мавзуъ
Ҷаласаи навбатии Комиссияи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия доир шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарламентии ИДМ доир шуд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру илова ворид карда шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия созишнома ба тасвиб расид
Нахустин арзишҳои маънавии инсон, заминаи ҷаҳонбинӣ, ахлоқ ва шуур маҳз аз оғӯши модар ташаккул меёбанд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Дар Маҷлиси намояндагон оид ба аҳаммияти гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим ҳамоиш доир гардид