Навбатдорони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе барои ҳалли саривақтии муроҷиати сокинон вазифадор гардидаанд

Декабрь 3, 2020 15:28

ДУШАНБЕ, 03.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба таври ҳамешагӣ телефонҳои 223-22-14 ва 221-26-95 фаъоланд, ки тавассути онҳо навбатдорон арзу шикоят ва муроҷиатҳои сокинонро ба қайд гирифта, барои ҳалли саривақтии онҳо мусоидат менамоянд. Ҳамчунин бо мақсади таъмини фаъолияти мунтазами соҳаҳои ҳаётан муҳими хоҷагидорӣ дар шаҳр, мусоидат намудан барои ҳалли саривақтии муроҷиатҳо ва мушкилоти шаҳрвандон дар давраи зимистони солҳои 2020-2021 бо қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз 30 ноябри соли 2020 ҷадвали навбатдории шабонаи роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он тасдиқ гардид.

Тавре сардори Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе Абдумаҷид Ҳакимзода дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ “Ховар”изҳор дошт, ҳар сол бо фаро расидани мавсими тирамоҳу зимистон ҷадвали навбатдории шабонаи роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он тасдиқ мегардад, ки навбатдорон ба ҳалли саривақтии мушкилоти вобаста ба интиқоли барқу гармӣ дар ин давра ва ҳалли дигар масоили рӯзмарра ҳангоми ҳолатҳои фавқулода уҳададор мешаванд.

Тибқи қарори нави Раиси шаҳри Душанбе дар бораи тасдиқи ҷадвали навбатдории шабонаи роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он, директори Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Шабакаҳои барқи шаҳри Душанбе», Муассисаи давлатии «Шабакаи гармидиҳандаи шаҳри Душанбе», Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези шаҳри Душанбе», Ситод оид ба ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар шаҳри Душанбе ва дигар сохторҳои дахлдори шаҳрӣ вазифадор гардидаанд, ки ҷиҳати ташкили навбатдории шабона аз ҳисоби кормандон тадбирҳо андешида, вобаста ба хизматрасониҳои коммуналӣ, таъмин намудан бо об, энергияи барқу гармидиҳӣ ва дигар ҳолатҳои фавқулода чораҳои заруриро роҳандозӣ намоянд.

«Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе аз ҳамаи сокинону меҳмонони шаҳр хоҳиш менамояд, ки тибқи тарифҳои муқарраргардида, пардохти саривақтии ҳаққи хизматрасонии коммуналиро (барқ, гармидиҳӣ, алоқа, кашонидани партов) анҷом дода, истифодаи сарфакоронаи обу барқро риоя намоянд. Мутаассифона, баъзе сокинон дар пардохти ҳаққи хизматрасонии коммуналӣ ба кашолкорӣ роҳ медиҳанд. Набояд фаромӯш кард, ки сари вақт пардохт намудани ҳаққи хизматрасонии коммуналӣ ба фаъолияти самараноки сохторҳои ба онҳо марбут мусоидат менамояд”,- таъкид намуд А.Ҳакимзода.

Сокинону меҳмонони пойтахт ҳангоми мувоҷеҳ шудан ба мушкилоти номбаршуда метавонанд тавассути телефонҳои зерин бо масъулини соҳа дар тамос шаванд:

Шуъбаи энергетика ва саноати дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе — 221-33-72, 221-02-85

ҶСК «Шабакаҳои барқи шаҳри Душанбе» — 221-86-89

Муассисаи давлатии «Шабакаи гармидиҳандаи шаҳри Душанбе» — 231-24-41 231-32-79

Маркази истеҳсоли барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе — 221-58-61, 221-92-12, 223-21-13

Раёсати назорати давлатии энергетикии шаҳри Душанбе — 221-51-88, 227-58-98

Муассисаи давлатии «Равшании Душанбешаҳр» — 224-51-02, 224-71-67

Муассисаи давлатии «Нигоҳдорӣ ва истифодабарии иншоот» — 221-91-03, 221-91-04, 221-65-30

Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези шаҳри Душанбе» — 2217745, 2210992

Ситоди ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании шаҳри Душанбе — 2254473, 2254490

Декабрь 3, 2020 15:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Озмуни аксҳо таҳти унвони «Душанбе – шаҳри гулҳо ва зебоӣ» эълон гардид
То соли 2030 фаъолияти электросамокатҳо ва электроскутерҳо дар роҳҳои автомобилгарди Душанбе манъ мегардад
«KUDAK.TJ». Бо Қарори Раиси шаҳри Душанбе 20 муассисаи таҳсилоти томактабӣ ба ин барномаи иттилоотӣ пайваст гардид
Омодагӣ ба Форуми байналмилалии сармоягузории «Душанбе инвест-2025» баррасӣ шуд
Сокинону меҳмонони пойтахт тавассути хатсайри «City Tour» зебоиҳои Душанберо тамошо намуданд
Иҷлосияи сеюми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор шуд
«САЙРИ ДУШАНБЕ». Ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ дар пойтахт хатсайри ройгон ташкил карда мешавад
Имрӯз иҷлосияи сеюми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Дар Душанбе Рӯзи забони давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
DITE-2025: Душанбе ба маркази нави сайёҳии байналмилалӣ табдил меёбад
DITE-2025. Зиёда аз 10 ҳазору 500 нафар аз Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе дидан намуданд
Масъалаи густариши ҳамкорӣ байни шаҳри Душанбе ва Ҷазираи Киш дар соҳаи сайёҳӣ баррасӣ шуд