Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти якуми Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев суҳбати телефонӣ анҷом доданд.
ДУШАНБЕ, 30.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз суҳбати телефонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти якуми Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Нурсултон Назарбоев сурат гирифт.
Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти якуми Ҷумҳурии Қазоқистон ва дар шахсияти ӯ мардуми бародари Қазоқистонро ба муносибати фарорасии Соли Нав самимона табрик намуда, барои ҷомеаи Қазоқистон сулҳу субот ва шукуфоии минбаъдаро орзу намуданд.
Сарвари давлати мо ҳамчунин сипоси худро ба Нурсултан Назарбоев барои табрикоти гарму таманниёти нек ба унвони мардуми Тоҷикистон иброз доштанд.
Дар рафти суҳбат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон густариши бомуваффақияти муносибатҳои зичи дӯстиву ҳамкориҳои ҳамаҷонибаи байни Тоҷикистону Қазоқистонро, сарфи назар аз оқибатҳои манфии пандемия, қайд карданд.
Инчунин, Сарвари давлати мо таъкид карданд, ки имрӯзҳо Ҷумҳурии Қазоқистон ба рӯйдоди муҳимми сиёсӣ – интихоботи парламентӣ омодагӣ мегирад. Дар ин иртибот ӯ ба сокинони Қазоқистон баргузории бомуваффақияти чорабинии мазкурро, ки омили боз ҳам бештар таҳким ёфтани субот, ризоият ва ваҳдати миллӣ дар ҷомеа арзёбӣ мегардад, таманно карданд.
Ҷонибҳо изҳори итминон намуданд, ки бо талошҳои муштарак шарикии стратегии Тоҷикистону Қазоқистон минбаъд низ ба нафъи мардумони ду кишвар тавсеа хоҳад ёфт.








Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз боғи интенсивии Пайванди Рашт дидан намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон корхонаи фаръии истеҳсоли шарбати Саноати хӯроквории минтақаи Раштро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон 15 иншоотро ба таври фосилавӣ дар ноҳияҳои Рашт, Нуробод, Сангвор, Лахш ва Тоҷикобод ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рашт Мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқатро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба ноҳияи Рашт ташриф оварданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар барномаи фарҳангӣ ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Варзишгоҳи миллӣ иштирок намуданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи расмии Варзишгоҳи миллӣ ва барномаи театрикунонидашуда ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Идомаи табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати ҷашни истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғози роҳпаймоии сокинони шаҳри Душанбе ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ






