Роҳбари Бунёди интихоботи озод ва шаффофи Афғонистон Юсуф Рашид дар Кобул кушта шуд

Декабрь 24, 2020 09:24

ДУШАНБЕ, 24.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. 23 декабр роҳбари Бунёди интихоботи озод ва шаффофи Афғонистон Юсуф Рашид дар Кобул кушта шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба afghanistan.ru

Ҳодиса тақрибан соати 8:30 ба вақти маҳаллӣ рух додааст. Бародари марҳум ба намояндагони матбуот иброз намуд, ки Юсуф Рашид ба сӯи дафтари кориаш равон буд ва  афроди мусаллаҳи номаълум ба мошини ӯ ҳамла карданд. Бар асари захмҳо Рашид ва ронандааш дар ин ҳамла ҷон бохтаанд.

Ҳеҷ гурӯҳе аз мухолифони мусаллаҳи оштинопазир то ҳол масъулияти ин ҳамларо бар дӯш нагирифтааст.

Ёдовар мешавем, ки рӯзноманигор Раҳматуллоҳ Некзод рӯзи душанбеи гузашта дар вилояти Ғазнӣ кушта шуд. Журналисти телевизион Малола Майванд чанд рӯз пеш дар Ҷалолобод қатл шуд. Ҳамлаҳо алайҳи  кормандони ВАО ва ҳомиёни ҳуқуқ ҷомеаи Афғонистонро ба изтироб овардаанд.

Акс аз бойгонӣ

Декабрь 24, 2020 09:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Се олим бо ҷоизаи Нобел дар бахши иқтисод дар соли 2025 сарфароз гардонида шуданд
Дар шаҳри Толятии Федератсияи Русия ошхонаи миллии тоҷикӣ ифтитоҳ гардид
Раёсат дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2026 ба Туркманистон гузашт
Имрӯз дар Минск ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои ИДМ баргузор мегардад
Шумораи давлатҳо ва ҳайатҳое, ки дар Бозиҳои III ИДМ иштирок менамоянд, эълон гардид
Анутхин Чанвиракун Сарвазири нави Таиланд интихоб гардид
Дар Покистон 766 ҳазор нафар аз минтақаҳои аз обхезӣ зарардида кӯчонида шуданд
Бар асари заминларзаи шадид дар Афғонистон беш аз 1120 нафар ҳалок шуданд
Дар Покистон бар асари боронҳои шадид ва обхезӣ 307 нафар ҳалок ва даҳҳо нафар маҷруҳ шуданд
Ҳамоиши Воситаҳои ахбори омма ва марказҳои таҳлилии СҲШ дар Чжэнчжоу баргузор мешавад
Дар натиҷаи суқути ҳавопаймои Ан-24 дар вилояти Амури Русия ҳамаи мусофирон ҳалок шуданд
Бемориҳои музмини ғайрисироятӣ ҳамасола сабаби 1,8 миллион марги пешгиришаванда мегарданд