Роҳбари дафтари СУТ дар Аврупо оид ба буҳрони солимии равонии аҳолӣ назарашро баён намуд

Декабрь 21, 2020 12:55

ДУШАНБЕ, 21.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Тарси сироятёбӣ, андешаи саломатии наздикон, карантин, бекорӣ, мушкилоти молиявӣ, маҳдудияти иҷтимоӣ –ин ҳама таъсири оқибатҳои пандемия, ба назари коршиносон, дар солимии рӯҳии аҳолӣ муддати дароз эҳсос хоҳад шуд. Дар ин бора рӯзи шанбе, 19 декабр, роҳбари Бюрои Аврупоии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ доктор Ҳанс Клюге изҳор кардааст, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маркази ахбори СММ.

Вай ёдовар шуд, ки тибқи пурсишҳое, ки Созмони Байналмилалии меҳнат гузаронидааст, ҳар дуввумин ҷавони 19-29- сола изтироб ё афсурдаҳолиро аз сар мегузаронад. Ин раванд ба гуфтаи намояндаи СУТ, ба гурӯҳҳои синну соли дигар низ дахл дорад. Дар моҳҳои зимистон ин гуна бетобиҳо дар маҷмӯъ аксар вақт шиддат мегиранд ва дар пасманзари пандемия, онҳо метавонанд боиси хатари бештар ба саломатии одамон гарданд.

«Дар арафаи идҳо туҳфаи беҳтарин метавонад ҳифзи солимии равонӣ ва некӯаҳволии мо, инчунин ғамхорӣ нисбат ба дигарон бошад», — мегӯяд Клюге. Вай пешниҳод мекунад, ки захираҳои иҷтимоӣ барои дастгирии гурӯҳҳои аз ҳама осебпазири аҳолӣ сафарбар карда шаванд. Ғайр аз ин, роҳбари Дафтари Аврупоии СУТ аз ҳукуматҳои минтақа даъват кард, ки барномаҳои ҳифзи солимии рӯҳии одамонро маблағгузорӣ кунанд. СУТ гузаронидани идҳоро дар хона тавсия медиҳад.

«Ҳоло кори аз ҳама бехатар- ин ҷашн гирифтани идҳо дар хона аст», — ташвиқ кард доктор Ҳанс Клюге. — Дар хотир доред, ки ҳатто ҳангоми аз наздиконатон ҷудо будан ҳам шумо набояд эҳсоси танҳоӣ кунед: муошират кунед, мукотиба кунед, занг занед, якдигарро дастгирӣ кунед”!

«Ҳоло чизи асосӣ амният ва саломатӣ аст», — зикр кард ӯ. — Ваксинаҳо дар роҳанд, аз ин рӯ мо метавонем ба ояндаи беҳтар умедвор бошем. Мо бояд чанд моҳи дигар тоқат кунем, баъдан мо ифтихор хоҳем кард, ки масъулият нишон додем».

ДАР АКС: оқибатҳои пандемия ба солимии равонии аҳолӣ таъсир мерасонанд: Истанбул, Туркия, ҳангоми карантин (бойгонӣ). Акси ЮНИСЕФ

Декабрь 21, 2020 12:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Минск ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои ИДМ баргузор мегардад
Шумораи давлатҳо ва ҳайатҳое, ки дар Бозиҳои III ИДМ иштирок менамоянд, эълон гардид
Анутхин Чанвиракун Сарвазири нави Таиланд интихоб гардид
Дар Покистон 766 ҳазор нафар аз минтақаҳои аз обхезӣ зарардида кӯчонида шуданд
Бар асари заминларзаи шадид дар Афғонистон беш аз 1120 нафар ҳалок шуданд
Дар Покистон бар асари боронҳои шадид ва обхезӣ 307 нафар ҳалок ва даҳҳо нафар маҷруҳ шуданд
Ҳамоиши Воситаҳои ахбори омма ва марказҳои таҳлилии СҲШ дар Чжэнчжоу баргузор мешавад
Дар натиҷаи суқути ҳавопаймои Ан-24 дар вилояти Амури Русия ҳамаи мусофирон ҳалок шуданд
Бемориҳои музмини ғайрисироятӣ ҳамасола сабаби 1,8 миллион марги пешгиришаванда мегарданд
Пешгӯиҳои ҳарорат барои соли 2050 аз соли 2025 оғоз мегарданд
Коршиносони ИДМ лоиҳаи Нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 35-солагии Иттиҳодро мувофиқа намуданд
Бинобар гармии рекордӣ дар Чин талабот ба неруи барқ ба нуқтаи баландтарин расид