Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ифтитоҳи ҷаласаи Шӯрои амнияти дастаҷамъии СААД

Декабрь 2, 2020 17:52

02.12.2020, шаҳри Душанбе

Ҳамтоёни гиромӣ,

Қабл аз ҳама, мехоҳам барои танзими ҷаласаи имрӯзаамон сипоси ин ҷонибро ба Президенти Федератсияи Россия муҳтарам Владимир Владимир Путин изҳор намоям.

Инчунин, мехоҳам саъю талошҳои ҷониби Россияро ҷиҳати таъмини устуворнокии фаъолияти Созмони мо дар шароити мураккаби имрӯза таъкид намоям.

Соли равон ҷаҳон бо бархӯрди афзоиши бесобиқаи хатару таҳдидҳо рӯ ба рӯ гашт.

Ҳамагирии КОВИД-19  боиси таназзул ва мушкилоти дорои хусусияти иҷитимоиву иқтисодӣ гардид.

Он ба зиндагии муқаррарӣ ба таври муассир таъсир расонида, тамоми кишварҳоро водор кард, ки нақшаҳову ниятҳои қаблан муайяннамудаашонро ҷиддан бознигарӣ намоянд.

Буҳрони иҷтимоӣ ва молиявию иқтисодие, ки бар асари ҳамагирӣ ба вуқӯъ пайваст, ба нишондодҳои пешбинигардидаи афзоиши иқтисоди ҷаҳонӣ таъсири манфӣ расонида, болоравии сатҳи бекорӣ ва таҳдиди амнияти ғизоиро ба миён овард.

Дар баробари ин, таҳдидҳои ҷаҳонии терроризм, ифротгароӣ, инчунин, шаклҳои гуногуни тундгароӣ ва ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ бо шумули гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, тамоюли болоравиро доранд.

Нерӯҳои мухталифи террористиву ифротгаро аз ниятҳои харобиовари худ даст накашидаанд ва дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон, аз ҷумла бевосита дар наздикии мавзеи масъулияти СААД, фаъолона амалҳои худро идома медиҳанд.

Дар ин зимн мо бо нигаронӣ рушди ташвишовари вазъият дар Афғонистонро, аз ҷумла дар минтақаҳои шимоливу шарқии он, пайгирӣ менамоем.

Чунин вазъият аз мо аксуламалҳои саривақтии ҳамаҷонибаро, аз ҷумла тавассути андешидани чораҳои зарурӣ ҷиҳати таҳкими ҳифзи сарҳадоти ҷанубии СААД, тақозо менамояд.

Ҳамтоёни гиромӣ,

Дар пасманзари вазъияти муташанниҷи имрӯза дар ҷаҳон аҳамияти тақвият бахшидан ба иқтидори СААД ҷиҳати муқовимати самарабахш ба хатару таҳдидҳои амниятӣ дучанд меафзояд.

Пас аз ҷаласаи имрӯза вазифаҳои раёсат дар Созмон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон мегузаранд.

Мо равандеро, ки ба таҳкими ҳамкорӣ дар арсаи таъмини амният ва оромии ҳаёти мардумонамон нигаронда шудааст, идома хоҳем дод.

Ба ин манзур мо татбиқи силсилаи тадбирҳоеро муайян кардаем, ки тавсеаи доираи ҳадаф ва вазифаҳои имрӯз дар назди Созмон истодаро дар назар доранд.

Дар роҳи татбиқи онҳо Тоҷикистон ба дастгирии шарикони худ умед мебандад.

Бо дарназардошти воқеиятҳои кунунӣ, мехоҳам аҳамияти қарорҳои дар ҳошияи ҷаласаи имрӯза қабулшавандаро низ таъкид намоям.

Онҳо фарогири масъалаҳои ниҳоят муҳим буда, амнияти дастаҷамъиро дар минтақаи масъулияти Созмон таъмин менамоянд.

Мо итминон дорем, ки фаъолияти ҳамоҳангшудаи муштараки мо ҷиҳати пешбурди амалии тамоми маҷмӯи вазифаҳое, ки дар наздамон истодаанд, омили такони тоза бахшидан ба ҷараёни фаъолияти Созмон хоҳад гардид.

Аз таваҷҷуҳатон сипосгузорам.

Декабрь 2, 2020 17:52

Хабарҳои дигари ин бахш

ЭЪЛОН: «ВАССОФИ ВАТАН». Барои рӯзноманигорон ва корбарони саҳифаҳои иҷтимоии шабакаҳои интернетӣ фестивал-озмун баргузор мешавад
Ҳангоми истифодаи хабару маводи сомона истинод ба www.khovar.tj ҳатмӣ аст!
Саҳифаҳои расмии АМИТ «Ховар» дар шабакаҳои иҷтимоӣ: facebook.com/niatkhovar, t.me/niatkhovar, youtube.com/@niat_Khovar_tj, instagram.com/niat_khovar/, twitter.com/niatkhovar, Радиои Ховар 101.5 fm, facebook.com/khovarfm/
Тандиси биринҷии чеҳраи Пешвои миллат ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон тақдим гардид
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе дар ҳамоиши наврӯзӣ – «Корвони шодӣ» иштирок намуданд
Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар маросими баргузории карнавали наврӯзии «Корвони шодӣ» дар шаҳри Душанбе
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
Як қатор сарони давлатҳо ба унвони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ барқияҳои табрикӣ ирсол намуданд
Масъалаи зиёд намудани сармоягузорӣ ба татбиқи Неругоҳи барқи обии «Роғун» баррасӣ гардид
Паёми шодбошии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Наврӯзи соли 2024
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом доданд