ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 10 декабр, сешанбе, 345-умин рӯзи соли 2020 аст
10 декабри соли 1994 Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд.
***
9 сол пеш, 10 декабри соли 2010 дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи навбатии сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва ҷаласаи навбатии сарони давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ иштирок намуданд.
***
Дар ин рӯзи соли 2012 сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод, ки 9 декабр дар ҳаёти сиёсиву иқтисодии Тоҷикистони соҳибистиқлол боз як рӯйдоди муҳими таърихӣ ба вуқӯъ пайваст. Дар ҷаласаи Шӯрои генералии Созмони умумиҷаҳонии савдо, ки дар шаҳри Женеваи Конфедератсияи Швейтсария баргузор гардид, Ҷумҳурии Тоҷикистон расман ба узвияти Созмони умумиҷаҳонии савдо пазируфта шуд.
10 ДЕКАБР ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:
Рӯзи байналмилалии ҳуқуқи инсон.
***
Рӯзи умумиҷаҳонии футбол.
***
Дар Тайланд – Рӯзи Конститутсия.
РӮЙДОДҲО:
10 декабри соли 2017 Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Ҳошимии Урдун оид ба ҳавасмандгардонӣ ва ҳифзи мутақобилаи сармоягузорӣ ба имзо расид.
***
6 сол пеш, 10 декабри соли 2013 дар бинои Барномаи рушди СММ, воқеъ дар шаҳри Душанбе маросими ба имзо расонидани созишномаҳои Барнома оид ба волоияти қонун ва дастрасӣ ба адолати судӣ баргузор шуд.
***
81 сол муқаддам, 10 декабри соли 1939 дар Франсия дар рӯзҳои душанбе, сешанбе ва ҷумъа ба фурӯш баровардани гӯшт манъ карда шуд.
***
10 декабри соли 1945 ИМА барои таъсис додани қароргоҳи СММ дар Ню-Йорк розигӣ дод.
***
Дар ин рӯзи соли 1948 Ассамблеяи Генералии СММ Эъломияи умумии ҳуқуқи башарро қабул намуд.
ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…
Соли 2014 вакилони Маҷлиси намояндагон Созишнома дар бораи принсипҳои асосии ҳамкории байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати муштараки «Trans-Tajik Gas Pipeline Company Ltd»-ро ба тасвиб расониданд.