ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 12 декабр, шанбе, 347-умин рӯзи соли 2020 аст

Декабрь 12, 2020 08:00

12 декабри соли  2007 Парлумони Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ипотека»-ро қабул намуд.

***

4 сол пеш, 12 декабри соли 2015 дар шаҳри Ашқободи Туркманистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Конфронси байналмилалии «Сиёсати бетарафӣ: ҳамкории байналмилалӣ баҳри сулҳ, амният ва рушд» суханронӣ карданд.

***

Дар ин рўзи соли 2014 дар шаҳри Душанбе коршиносони ватаниву байналмилалӣ масъалаи тадқиқоти мониторинги камбизоатиро баррасӣ намуданд.

12 ДЕКАБР ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

 Рўзи бетарафии Туркманистон.

***

Дар Федератсияи Россия – Рӯзи Конститутсия.

***

Дар Ҷумҳурии Қазоқистон – Рӯзи кормандони мақомоти гумрук.

***

Дар Кения – Рӯзи истиқлолият.

РӮЙДОДҲО:

12 декабри соли 2012 дар ноҳияи Рашт вазъи таъмини амнияти озуқаворӣ дар ноҳияҳои кӯҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳокима карда шуд.

***

6 сол пеш аз ин, 12 декабри соли 2014 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он як зумра масъалаҳои марбут ба гузаронидани интихоботи парлумонӣ дар ҶТ (1 марти соли 2015) мавриди баррасӣ қарор гирифт.

***

12 декабри соли 2017 АМИТ «Ховар» хабар дод, ки дар ш.Ню-Йорк миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамайка муносибатҳои дипломатӣ барқарор гардиданд.

***

Дар ин рӯзи соли 1911 пойтахти Ҳиндустон аз Калкутта ба Деҳлӣ кӯчонида шуд.

***

88 сол муқаддам, 12 декабри соли 1932 миёни собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ва Чин муносиботи дипломатӣ барқарор карда шуданд.

***

Дар ин рўзи соли 1992 дар Индонезия бар асари заминларза 2200 нафар ба ҳалокат расиданд.

***

12 декабри соли 1995 иҷлосияи 50-умини Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид қарор қабул намуд, ки тибқи он ба Туркманистон расман мақоми ҳамешагии  давлати бетараф дода шуд.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 2016 Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо нахустин сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Демократии Сотсиалистии Шри-Ланка рафтанд.

***

Соли 2017 Ҳунарпешаи халқии  Тоҷикистон Ибодулло Машраб ба гирифтани ҷоизаи «Ситораи Иттиҳод» мушарраф гардид.

Декабрь 12, 2020 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш