ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 14 декабр, душанбе, 349-умин рӯзи соли 2020 аст
14 декабри соли 2010 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомад бахшида ба муҳокимаи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» суханронӣ намуданд.
***
11 сол пеш, 14 декабри соли 2009 Вазири вақти маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҷаббор Раҳмонов бо мақсади ба танзим даровардани таътили мактаббачагон дар мактабҳои миёнаи умумӣ ва таъмини саломатии онҳо дар бораи ба муддати 2 ҳафта дароз намудани таътили зимистона дар мактабҳои миёнаи умумӣ фармон баровард.
***
Дар ин рӯзи соли 2015 дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи ворид кардани ислоҳот ба Қонуни ҶТ «Дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2015» баррасӣ гардид.
14 ДЕКАБР ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:
Рӯзи табрики иштирокчиёни бартарафсозии оқибатҳои садамаи Неругоҳи атомии Чернобил.
РӮЙДОДҲО:
14 декабри соли 1930 дар ҳайати Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ноҳияи Қалъаи Хумб (ҳоло Дарвоз) таъсис дода шуд.
***
14 декабри соли 2006 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба тақсимоту муайянкунии сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон баргузор гардид.
***
4 сол қабл, 14 декабри соли 2016 дар шаҳри Душанбе Форуми ҷавонони ҳамватани россиягӣ баргузор гардид.
***
Дар ин рӯзи соли 1934 дар Туркия ба занон ҳуқуқи интихоб дода шуд.
***
14 декабри соли 1946 Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид дар бораи сохтани қароргоҳи Созмон дар Ню-Йорк розигӣ дод.
ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…
Соли 2006 дар шаҳри Душанбе Форуми тиҷоратии Тоҷикистону Япония баргузор гардид.
***
Соли 1918 дар овоздиҳии интихоботи умумӣ дар Британияи Кабир аввалин маротиба занони аз 30-сола боло иштирок намуданд.