ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 17 декабр, панҷшанбе, 352-умин рӯзи соли 2020 аст
17 декабри соли 2012 дар Туркия Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо унвони доктори фахрии бахши робитаҳои байналмилалии Донишгоҳи Мавлоно сарфароз гардонида шуданд.
***
4 сол пеш, 17 декабри соли 2016 сафари давлатии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Ҳиндустон бо маросими истиқболи бошукӯҳи расмӣ дар назди қасри Раштрапати Бҳавани Президенти ин кишвар оғоз ёфт. Зимни ворид шудани меҳмони олимақом- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даромадгоҳи қаср тибқи муқаррароти расмии сафарҳои давлатӣ аз тӯпхонаҳо 21 шиллик парронда шуд.
***
Дар ин рӯзи соли 2009 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи комиссияи доимоамалкунандаи буҷавӣ баргузор гардид.
17 ДЕКАБР ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:
Рӯзи кинои Беларус.
***
Дар Қазоқистон – Рӯзи энергетика.
***
Дар Бутан — Рӯзи миллӣ.
РӮЙДОДҲО:
17 декабри соли 2012 дар Туркия Ёддошти тафоҳуми Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон ва ширкати Кока-колаи Туркия доир ба ҳамкорӣ ба имзо расид.
***
Дар ин рӯзи соли 2013 дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар мавзӯи «Россия ва давлатҳои Осиёи Марказӣ: ҷиҳатҳои сиёсӣ ва иқтисодию башардӯстонаи ҳамгироии АвруОсиё» конфронси байналмилалӣ баргузор гардид.
***
6 сол пеш, 17 декабри соли 2014 дар шаҳри Душанбе саҳми олимони рус дар омӯзиши таърих ва фарҳанги мардуми тоҷик муҳокима карда шуд.
***
Дар ин рӯзи соли 2018 Шӯрои Маҷлиси намояндагон «Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020» дар самти таъмини амнияти озуқавории Ҷумҳурии Тоҷикистонро мавриди баррасӣ қарор дод.
***
17 декабри соли 1962 Конститутсияи Монако ба амал бароварда шуд.
ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…
Соли 1965 ғафстарин шумораи «Ню-Йорк Таймс» дар ҳаҷми 964 саҳифа ва вазни 7 килограмм нашр шуд.
***
Соли 1986 дар Кембриҷ аввалин маротиба ҷарроҳии дар як вақт аз як кас ба каси дигар гузаронидани дил, ҷигар ва шуш гузаронида шуд.