ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 18 декабр, ҷумъа, 353-юмин рӯзи соли 2020 аст
18 декабри соли 2009 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар саммити ғайрирасмии сарони давлатҳои аъзои ИДМ ба шаҳри Алматои Ҷумҳурии Қазоқистон сафар карданд.
***
8 сол пеш, 18 декабри соли 2012 дар ҳузури Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти вақти Ҷумҳурии Туркия Абдулло Гул доир ба масоили минтақавию ҷаҳонӣ ва ҳамкорӣ дар доираи созмонҳои байналмилалӣ 9 санади ҳамкорӣ ба имзо расиданд.
***
Дар ин рӯзи соли 2015 Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати панҷум пас аз суханрониҳо ва баррасии пурра Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат»-ро ҷонибдорӣ намуд.
18 ДЕКАБР ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:
Рӯзи байналмилалии муҳоҷирон.
***
Рузи байналмилалии забони арабӣ.
***
Дар Қатар – Рӯзи миллӣ.
***
Дар Нигер – Рӯзи ҷумҳурӣ.
РӮЙДОДҲО:
18 декабри соли 2008 дар шаҳри Хуҷанд Фестивали байналмилалии телевизионии «Донак-2008» баргузор гардид.
***
18 декабри соли 2009 дар пойтахти мамлакат – шаҳри Душанбе ҳолат, мушкилот ва дурнамои муҳоҷирати меҳнатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ карда шуд.
***
Дар ин рӯзи соли 2014 Федератсияи байналхалқии футбол — ФИФА раддабандии нави дастаҳои мунтахаби ҷаҳонро оид ба футбол эълон намуд, ки дар он дастаи мунтахаби Тоҷикистон зинаи 135-умро ишғол кард.
***
18 декабри соли 2018 дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид таҳти раёсати Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СММ ҷаласаи моҳонаи кишварҳои узви Гурӯҳи Осиё ва Уқёнуси Ором баргузор гардид.
***
155 сол муқаддам, 18 декабри соли 1865 дар ИМА тағйироти 13-ум ба Конститутсия оид ба бекор кардани ҳукми қатл барои одамкушӣ ворид карда шуд.
***
18 декабри соли 1929 дар Британияи Кабир ҳукми қатл барои одамкушӣ расман бекор карда шуд.
***
Дар ин рӯзи соли 1956 Япония ба узвияти СММ шомил шуд.
ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…
Соли 1973 Бонки исломии рушд таъсис ёфт.
***
Соли 1998 дар Тоҷикистон аввалин интернет-провайдер ба кор даромад.