ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 5 декабр, шанбе, 340-умин рӯзи соли 2020 аст

Декабрь 5, 2020 08:00

5 декабри соли 2005 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар иҷлосияи сеюми фавқулодаи сарони давлатҳои Созмони Конфронси Исломӣ ба шаҳри Маккаи Арабистони Саудӣ сафар карданд.

***

12 сол пеш, 5 декабри соли 2008 дар Украина баъди анҷоми мулоқоти хосса Президенти Украина Виктор Юшенко Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро бо мукофоти олии давлатӣ – Ордени княз Ярослави Ҳаким дараҷаи 1 сарфароз гардонид.  Ҳамчунин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Президенти Украина Виктор Юшенкоро бо ордени Исмоили Сомонӣ дараҷаи 1 сарфароз намуданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2016 Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти тозаинтихоби Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар иртибот ба пирӯзии баҳснопазираш дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон барқияи табрикӣ ирсол намуданд.

5 ДЕКАБР ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Рӯзи байналмилалии волонтёрон (ихтиёриён) барои рушди иқтисодию иҷтимоӣ.

РӮЙДОДҲО:

5 декабри соли 2008 дар Украина Шартнома миёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишгоҳи миллии Киев ба номи Тарас Шевченко оид ба ҳамкории илмӣ, таълимӣ ва фарҳангӣ ба имзо расид.

***

Дар ин рӯзи соли 2012 дар шаҳри Ашқобод-пойтахти Туркманистон  ҷаласаи навабатии Шӯрои сарони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) баргузор гардид. Пас аз анҷоми ҷаласа Эъломияи сарони кишварҳои ИДМ оид ба рушди минбаъдаи ҳамкории ҳамаҷониба ба имзо расид.

***

5 декабри соли 2013 дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи панҷуми Парлумони Точикистон, даъвати чорум масъалаи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи энергетика» баррасӣ карда шуд.

***

107 сол муқаддам, 5 декабри соли 1913 Британияи Кабир ворид намудани силоҳро ба Ирландия манъ кард.

 ***

Дар ин рӯзи соли 1949  Байтулмуқаддас пойтахти Исроил эълон карда шуд.

***

5 декабри соли 1949 Ассамблеяи Генералии СММ аз кишварҳои аъзояш даъват ба амал овард, ки дар бораи мусаллаҳшавӣ ва қувваҳои мусаллаҳи худ маълумот пешниҳод намоянд.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 2008 аввалин шумораи рӯзномаи «Шифобахш» нашр шуд. Он нашрияи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим мебошад.

***

Соли 1944 дар Германия заноне, ки синнашон аз 18 боло аст,  ба артиш даъват карда шуданд.

Декабрь 5, 2020 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш