Тоҷикистон ва Афғонистон ҳамкории сайёҳиро дар шароити пандемия густариш медиҳанд

Декабрь 4, 2020 10:04

ДУШАНБЕ, 04.12.2020/АМИТ «Ховар»/. Густариши ҳамкорӣ  дар соҳаи сайёҳӣ миёни ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон ва Афғонистон барои ҷалби сайёҳон аз кишварҳои ҳамдигар дар меҳвари мулоқоти Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҷиддин Ҷӯразода ва  Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммад Зоҳир Ағбар дар Душанбе қарор гирифт. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиад.

Мусоҳибон роҷеъ ба вазъи кунунии эпидемикӣ дар иртибот ба   бемории сироятии COVID-19 ва пайомадҳои манфии он ба соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ, хусусан соҳаи сайёҳии давлатҳои ҳамҷавор мубодилаи афкор намуданд.

Дар мулоқот Муҳаммад Зоҳир Ағбар ҳавасмандии ҷониби Афғонистонро ҷиҳати истифодаи шаҳрвандони ин кишвар аз фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон ҳамчун транзит ба дигар кишварҳо ва боздиди сайёҳон аз мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ ва зиёратии Тоҷикистон таъкид намуд. Ҳамзамон Сафири Афғонистон омодагиашро барои густариши ҳамкорӣ дар бахши сайёҳӣ иброз намуда, зарурати таҳияи муштараки механизмҳои ҳамкорӣ миёни ниҳодҳои сайёҳии ду давлати ҳамҷаворро ба миён гузошт.

Декабрь 4, 2020 10:04

Хабарҳои дигари ин бахш

РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН — РӮЗИ АРҶГУЗОРӢ БА МЕЪМОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ ТОҶИКОН ДАР АРСАИ ҶАҲОНӢ. Андешаҳо дар ин маврид
Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Доир ба ҳолати пиряхҳои Тоҷикистон дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти илмӣ баргузор шуд
Дар нуҳ моҳи соли 2026 ба Тоҷикистон беш аз 1,5 миллион сайёҳ ташриф оварданд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии WTM дар Лондон иштирок дорад
Иқтидорҳои сайёҳии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «World Travel Market — 2026» дар шаҳри Лондон муаррифӣ мешаванд
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
«БАРНОМАИ РУШДИ МИНТАҚАИ САЙЁҲИИ РОҒУН». Дар доираи амали он роҳҳо мумфарш, хатсайрҳои сайёҳӣ зиёд ва инфрасохтори хизматрасонӣ беҳтар карда шуд
Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ба гардишгарони ҳавзаи Шурои ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷ муаррифӣ гардиданд
Дар Дарвоз Конференсияи байналмилалии «Сайёҳии устувор ва рушди зеҳни сунъӣ дар шароити муосир» баргузор шуд
Дар Хуҷанд конференсияи байналмилалии илмӣ-амалии «Мероси Суғди бостонӣ» баргузор гардид