ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. Дар Истаравшан бинои иловагии Коллеҷи тиббӣ ба истифода дода шуд
ДУШАНБЕ, 28.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба таҷлили бошукӯҳи 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бинои иловагии Коллеҷи тиббии шаҳри Истаравшан ба истифода дода шуд. Бинои иловагии мазкур аз 2 ошёна иборат буда, дорои 11 синфхонаи барҳаво ва хонаи омӯзгорон мебошад, ки барои 176 нафар хонанда дар як баст пешбинӣ гардидааст.
Тавре аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, бинои нави таълимӣ бо сифати баланд ва мутобиқ ба талаботи замони муосир аз ҳисоби суратҳисоби махсуси Коллеҷи тиббии шаҳр сохта шудааст.
Корҳои сохтмонии бинои мазкур моҳи сентябри соли 2020 оғоз ёфта, моҳи январи соли 2021 ба итмом расонида шуданд. Дар бинои навбунёд хонандагон метавонанд барномаҳои таълимиро бо истифодаи васеъ ва имконияти мавҷуда аз худ намоянд.
Дар маросими ифтитоҳи бинои иловагии Коллеҷи тиббӣ иҷрокунандаи Раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода иштирок намуд.
Бояд ёдовар шуд, ки дар шаҳри Истаравшан ҷараёни бунёду навсозӣ ва муҷаҳҳазгардонии муассисаҳои таълимӣ рӯз то рӯз вусъат меёбад.








ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Райан»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар шаҳри Истаравшан 12 иншоотро мавриди истифода қарор доданд






