Ҳавопаймои «Сомон Эйр» бо сабаби боридани барфи зиёд бо таъхир ба Истанбул парвоз кард

Январь 22, 2021 14:40

ДУШАНБЕ, 22.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. Парвози  SZ 103, ки онро ширкати «Сомон Эйр» дар масири Душанбе-Истанбул анҷом медод, субҳи имрӯз бинобар барфрезӣ  ба муҳлати панҷ соат ба таъхир афтод, хабар медиҳад AMИT «Ховар» бо истинод ба як манбаъ дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе. 

«Мувофиқи ҷадвали парвоз  ҳавопаймо мебоист соати 6:20 парвоз мекард. Аммо бинобар  вазъи номусоиди боду ҳаво парвоз ба таъхир афтод ва ҳавопаймо соати 11:30 парвоз кард», — гуфтанд дар фурудгоҳ. Давомнокии парвоз  аз Душанбе ба самти Истанбул  5 соату 20 дақиқа аст.

Тибқи маълумоти Агентии обуҳавошиносии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар Тоҷикистон, имрӯз ва рӯзҳои истироҳат борон ва барфи зиёд меборад. Қаблан хадамоти матбуоти ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр”  хабар дода буд, ки «Сомон Эйр» аз моҳи январи соли 2021 дар хатсайри Душанбе-Истанбул-Душанбе парвозҳои мунтазамро зиёд менамояд. Ҳамин тариқ,  “Сомон Эйр” аз 12 январ парвозҳоро  ба Истанбул ва бозгашт рӯзҳои сешанбе ва ҷумъа анҷом медиҳад. Вақти парвоз аз Душанбе соати 06:20, аз Истанбул — 11:05 ба вақти маҳаллӣ мебошад.

Бояд зикр кард, ки қоидаҳои нави вуруд ба қаламрави Туркия ҷорӣ шудаанд, ки мутобиқи он кулли мусофирон бояд ниқоб ва дастпӯши ҳифозатӣ дошта бошанд. Мусофироне, ки таби баланд ё аломатҳои беморӣ доранд, ба дохили ҳавопаймо роҳ дода намешаванд. Пеш аз нишасти ҳавопаймо мусофирон бояд анкетаи махсусро (the Passenger Locator Form) пур намуда, дар фурудгоҳи Истанбул ба хадамоти дахлдор супоранд. Тибқи қоидаҳои нави аз ҷониби вазорати тандурустии Туркия муқарраршуда, ки аз 30 декабри соли 2020 то 1 марти 2021 амал хоҳанд кард, кулли мусофирони аз 6-сола боло, аз ҷумла мусофирони транзитӣ бояд ҳатман маълумотномаи эмин будан аз COVID-19 (ПСР-тест)-ро, ки давоми 72 соат пеш аз вуруд дода шудааст, пешниҳод намоянд. Маълумотнома бояд аслӣ бошад ва аз ҷониби лабораторияи акредитатсиядошта бо муҳри муассисаи тиббӣ гирифта шуда бошад. Ашхоси мубталои вируси СOVID-19 ва шахсоне, ки маълумотномаи гирифтор набудан ба СOVID-19-ро надоранд, ба парвоз роҳ дода намешаванд.

Ёдовар мешавем, ки барои паҳн кардани бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла коронавирус (COVID-19) ҷавобгарии чиноятӣ пешбинӣ шудааст. Ҳангоми вуруд ба фурудгоҳи Истанбул кулли мусофирон бояд аз санҷиши нишонаҳои коронавирус гузаранд. Мусофироне, ки дар онҳо сирояти СOVID-19 муайян мегардад, ё ин ки маълумотномаи натиҷаи манфии ПСР-тест пешниҳод карда наметавонанд, давоми 7 рӯз дар макони дар анкета дарҷшуда ба карантин гирифта мешаванд. Агар мусофир пешакӣ макони будубоши худро дар Туркия қайд накарда бошад, дар ҷойи муайянкардаи вазорати тандурустии Туркия ба карантин гирифта мешавад. Дар ҳолати муайян шудани гирифторӣ ба коронавирус (натиҷаи мусбат додани ПСР-тести COVID-19) пас аз 7 рӯзи карантин мусофир аз ҳисоби худ ва ё аз ҳисоби ширкати суғуртаи тиббӣ табобати зарурӣ мегирад. Аз ин лиҳоз ҳатман доштани суғуртаи тиббӣ тавсия дода мешавад.

Барои шаҳрвандони хориҷӣ, ки азми сафар ба Душанбе доранд, доштани иҷозатномаи мақомоти ваколатдори Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати вуруд ба қаламрави Тоҷикистон, раводид (агар лозим бошад) ва маълумотномаи эмин будан аз COVID-19 (ПСР-тест), ки давоми 72 соат пеш аз вуруд ба Тоҷикистон дода шудааст, зарур аст. Ба шаҳрвандони Туркия иҷозатномаи мақомоти ваколатдори Ҷумҳурии Тоҷикистон лозим нест.

Январь 22, 2021 14:40

Хабарҳои дигари ин бахш

ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад