Дар Душанбе ғолибони озмунҳои шаҳрии «Омӯзгори сол», «Мураббии сол» ва «Хонандаи сол» муайян шуданд

Январь 6, 2021 12:14

ДУШАНБЕ, 06.01.2021/АМИТ «Ховар»/. Дар Душанбе  озмунҳои шаҳрии  «Омӯзгори сол», «Мураббии сол» ва «Хонандаи сол» ҷамъбаст гардида, ғолибон муайян шуданд. Омӯзгори фанни химияи Муассисаи таълимии давлатии Литсейи №3  барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе Азизбек Зумратов ғолиби даври шаҳрии озмуни «Омӯзгори сол», мураббии муассисаи таҳсилоти  томактабии №132-и ноҳияи Сино Шаҳло Неъматзода ғолиби даври шаҳрии озмуни «Мураббии сол» ва  хонандаи синфи 10-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №52-и ноҳияи И.Сомонӣ Сумая Абдулфаёзиддин  ғолиби даври шаҳрии озмуни «Хонандаи сол» дониста шуданд.

Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ  «Ховар»  хабар доданд, дар даври ноҳиявии озмуни “Омӯзгори сол-2020” аз 13 фанни таълимӣ, аз ҷумла синфҳои ибтидоӣ, таърих ва ҳуқуқ, забон ва адабиёти тоҷик, забони русӣ, забони хориҷӣ, математика, физика, химия, биология, география, технологияи иттилоотӣ, технология  (таълими меҳнат) дар ноҳияи Сино 263 нафар, И.Сомонӣ 162 нафар, Шоҳмансур 253 нафар, Фирдавсӣ 175 нафар, дар маҷмӯъ 853 нафар омӯзгор,    дар озмуни  “Хонандаи сол-2020” дар ноҳияи Сино 27 нафар, Шоҳмансур 22 нафар, И.Сомонӣ 20 нафар, Фирдавсӣ 21 нафар,   дар маҷмӯъ 90 нафар хонанда ва дар озмуни  “Мураббии сол-2020” дар ноҳияи И.Сомонӣ 9 нафар, Шоҳмансур 9 нафар, Фирдавсӣ 11 нафар ва Сино 26 нафар, дар маҷмӯъ 55 нафар мураббӣ  иштирок намуданд.

«10-12 декабри соли 2020 бо иштироки 4 нафар довталаб- мураббиёни муассисаҳои таҳсилоти томактабии    №152-и ноҳияи Сино Шаҳло Неъматзода, №159-и ноҳияи Шоҳмансур Заррина Ғуломалиева, №132-и ноҳияи Фирдавсӣ   Зебо Бодурова ва  №17-и  ноҳияи И.Сомонӣ Фарангиз Бобоҷонова даври шаҳрии озмуни “Мураббии сол-2020” баргузор гардид, ки дар он  Шаҳло Неъматзода бо ба даст овардани 44,1 хол ғолиби даври шаҳрии озмун дониста шуд. 14-16 декабри соли 2020 бо иштироки  4 нафар довталаб- омӯзгорони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №93-и ноҳияи Сино  Малика Сафарова, Муассисаи таълимии давлатии Гимназияи №2 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе аз ноҳияи Шоҳмансур Гулбаҳор Алматова, Муассисаи таълимии давлатии Литсейи №3 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе аз ноҳияи И. Сомонӣ Азизбек Зумратов ва  муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ-гимназияи №74-и ноҳияи Фирдавсӣ  Нигора Эргашева даври шаҳрии озмуни “Омӯзгори  сол-2020” баргузор гардид, ки дар он  Азизбек Зумратов бо ба даст овардани 40,8 хол ғолиби даври шаҳрии озмун дониста шуд”,-афзуд манбаъ.

Иттилоъ дода шуд, ки  17-18 декабри соли 2020 бо  иштироки  4 нафар довталаб — хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №87-и ноҳияи Сино  Камол Юсупов, №35-и ноҳияи Шоҳмансур Ифтихор Носиралиев, №52-и  ноҳияи И. Сомонӣ  Сумая Абдулфаёзиддин, ва  №42-и ноҳияи Фирдавсӣ  Арасту Турсунзода даври шаҳрии озмуни “Хонандаи сол-2020” баргузор гардид, ки дар он  Сумая Абдулфаёзиддин бо ба даст овардани 81 хол ғолиби даври шаҳрии озмун дониста шуд.

Ҳамзамон, ғолибони даври шаҳрии озмунҳои “Мураббии сол-2020” — мураббии муассисаи таҳсилоти  томактабии №132-и ноҳияи Сино Шаҳло Неъматзода,  “Омӯзгори сол”- омӯзгори фанни химияи Муассисаи таълимии давлатии Литсейи №3  барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе Азизбек Зумратов ва “Хонандаи сол — 2020” — хонандаи синфи 10-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №52-и ноҳияи И.Сомонӣ Сумая Абдулфаёзиддин  барои иштирок дар даври ҷумҳуриявӣ ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуданд.

Январь 6, 2021 12:14

Хабарҳои дигари ин бахш

РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе оид ба даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
Дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе – 2026 зиёда аз 115 ширкату ташкилот иштирок доранд
Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе-2026 оғоз гардид
ҲАМГИРОИИ ШАҲРҲО ДАР ТАТБИҚИ ИМКОНОТИ САЙЁҲИИ УСТУВОР. Дар Душанбе форуми байналмилалӣ доир гардид
Дар Душанбе форум ва намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
ДУШАНБЕ — ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОН. Таҳти ин унвон конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ – амалӣ баргузор шуд
35 ШОҲКОРӢ ДАР ДУШАНБЕ. Дар даврони соҳибистиқлолӣ пойтахти Тоҷикистон ба яке аз шаҳрҳои зеботарини минтақа табдил ёфт
«БУРҶИ ДУШАНБЕ» — 77 ОШЁНА ВА 340 МЕТР БАЛАНДӢ. Сохтмони баландтарин иншоот дар пойтахти Тоҷикистон оғоз гардид
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бинои нави Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросимро ифтитоҳ намуданд
Имсол кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳоров мавриди истифода қарор дода мешавад
Шумораи воситаҳои нақлиёти мусофирбар дар шаҳри Душанбе 20 фоиз зиёд карда шуд
ДУШАНБЕИ ИДОНА. Дар пойтахти Тоҷикистон ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ омодагӣ мегиранд