Дар гармхонаҳои гулпарварии Турсунзода 300 ҳазор бех гулҳои мавсимӣ парвариш меёбанд

Январь 29, 2021 15:18

ДУШАНБЕ, 29.01.2021. /АМИТ «Ховар»/Бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Турсунзода корҳои созандагию  хуррамгардонӣ бо маром идома дошта, айни ҳол дар гармхонаҳои гулпарварии Муассисаи манзилию коммуналии шаҳр  300 ҳазор бех гулҳои мавсимӣ, аз қабили тагес, виола, петуния, салвия, 140 ҳазор бех қаламчаи гули садбарг ва  зиёда аз 100 ҳазор гули лола  парвариш  ёфта истодаанд.

Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода ба АМИТ “Ховар” хабар доданд, раиси шаҳр Парвиз  Акрамзода аз гармхонаҳои гулпарварӣ дидан намуда,  бо  ҳолати сабзиши онҳо шинос шуд. Номбурда   ба масъулин  супориш дод, ки ҷиҳати тибқи талаботи агротехникӣ  ба роҳ мондани парвариши гулҳо, инчунин сабзу хуррам гардонидани шаҳр тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Мавриди зикр аст, ки дар баробари ин, ҷиҳати хуррамгардонӣ, тозагии муҳити зист ва баланд бардоштани маърифати экологии сокинон дар назди корхонаву ташкилот ва муассисаву хоҷагиҳои шаҳр гармхонаҳои хурди гулпарварӣ бунёд гардида, нигоҳубин ва сабзиши гулҳо таҳти назорати доимии мутахассисони шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳр қарор доранд.

Январь 29, 2021 15:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Пистояи Италия бо таҷрибаи пешқадами ниҳолпарварӣ ва сабзгардонии муҳити зист шинос гардиданд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Мастчоҳ беш аз 4000 бех ниҳоли ороишиву ҳамешасабз ва мевадиҳанда шинонида мешавад
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Лахш 1200 бех ниҳоли мевадиҳанда ва ҳамешасабзу ороишӣ шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар шафати шоҳроҳи Ваҳдат-Норак беш аз 1500 бех ниҳоли дарахти санавбар шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Хуросон тадбирҳои ниҳолшинонӣ анҷом дода шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Имсол дар ноҳияи Шуғнон 3 ҳазор бех дарахтони сояафкану ороишӣ ва мевадор мешинонанд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар кӯчаи Сирдарёи шаҳри Хуҷанд 150 бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва ороишӣ шинонида шуд
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 150 ҳазор бех ниҳолҳои сояафкану ороишӣ ва мевадиҳанда шинонида мешаванд
ТАТБИҚИ БАРНОМАИ «МАМЛАКАТИ САБЗ». Дар шаҳрҳои Душанбе ва Ваҳдат 1500 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Омӯзгорони ноҳияи Рӯдакӣ дар канори шоҳроҳи Душанбе-Ваҳдат дарахтони ҳамешасабз шинониданд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар варзишгоҳи марказии ноҳияи Восеъ беш аз 2000 бех дарахти сӯзанбарги ороишӣ шинонида шуд
«ШАҲРИ МАН – ХОНАИ МАН». Дар Душанбе беш аз 200 арчаи ҳамешасабз шинонида шуд