Дар ноҳияи Ҷаббор Расулов маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор шуд

Январь 16, 2021 09:30

 ДУШАНБЕ, 16.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади сазовор ҷашн гирифтани 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷаббор Расулов маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор шуд.

Тавре аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд,  дар маъракаи ниҳолшинонӣ Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ширкат варзида, ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар чанд иншооти ҷашнӣ, аз ҷумла маркази ташхисӣ  ва солимгардонӣ, маркази савдову хизматрасонӣ ва ҳавзҳои моҳипарвариро мавриди таваҷҷуҳ қарор дод. Мавсуф ҳамзамон  барои вусъати корҳои ободониву хуррамгардонӣ ва дар муҳлати пешбинишуда ба анҷом расонидани нақшаҳо ба масъулин супоришҳои мушаххас дод.

Ҳоло ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷаббор Расулов корҳои ободониву бунёдкорӣ вусъати тоза пайдо намуда, сохтмони иншооти ҷашнӣ бомаром идома дорад.

Ба пешвози ин ҷашни таърихӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов бунёди 394 иншоот ба нақша гирифта шудааст. То имрӯз 309 иншооти гуногун мавриди истифода қарор гирифта, дар сохтмони боқимонда корҳо бомаром идома доранд.

Январь 16, 2021 09:30

Хабарҳои дигари ин бахш

ДАРАХТИ ДӮСТӢ БИНШОН. Ректорони донишгоҳҳои «сабз» беш аз 50 бех ниҳоли дарахти ҳамешасабз шинониданд
БАРНОМАИ КАБУДИЗОРКУНӢ. Дар мавзеи баландкӯҳи Вору зиёда аз 12 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар Мурғоб беш аз 3 ҳазор бех ниҳоли дарахтони сояафкан шинонида шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Дар фасли баҳор танаи дарахтонро бо маҳлули махсус сафед намоед
ИМРӮЗ — РӮЗИ ГУЛ ВА НИҲОЛШИНОНӢ. Пешвои миллат: «Барои наслҳои оянда ниҳол шинонем, боғ бунёд намоем!»
ДАРАХТ БИНШОН! Дар хатсайрҳои сайёҳии Панҷакент беш аз 200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Ёвон беш аз 400 бех ниҳоли арча шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар минтақаи Рашт беш аз 5 000 ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва ороишӣ шинонида шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо ҳолати сабзиши дарахтон дар боғу токзори шаҳри Ҳисор шинос гардид
Дар маҳаллаҳои Бӯстон ва Шукуҳии пойтахт 2500 бех ниҳолҳои ҳамешасабз ва мевадиҳанда шинонида шуданд
«ТОҶИКИСТОНРО БА КИШВАРИ САБЗ ТАБДИЛ МЕДИҲЕМ!» Дар Лучоб 7 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ шинонида шуд