Дар шаҳри Кӯлоб 52 нафар иштирокчиёни даври вилоятӣ ва ҷумҳуриявии озмунҳо қадрдонӣ шуданд

Январь 29, 2021 08:51

ДУШАНБЕ, 29.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Кӯлоб бо иштироки Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода 52 нафар иштирокчиёни даври вилоятӣ ва ҷумҳуриявии озмунҳои ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» ва «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» бо Ифтихорнома, Сипоснома ва маблағҳои пулӣ қадрдонӣ гардиданд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба шуъбаи иттилооти раиси шаҳри Кӯлоб хабар медиҳад.

Ҳамчунин бахшида ба сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2020 бо қарори раиси шаҳри Кӯлоб комиссияи озмуни шаҳрӣ барои муайян кардани беҳтарин деҳот, деҳа, маҳалла, кӯча ва оилаи беҳтарин гузаронида шуда, беҳтаринҳо муайян карда шуданд.

Аз рӯи ҷамъбасти нишондиҳандаҳои деҳоти беҳтарин ҷойи якум ба деҳоти Зиракӣ,  ҷойи дуюм ба деҳоти Кӯлоб ва ҷойи сеюм ба деҳоти Даҳана дода шуд.

Аз рӯи нишондиҳандаҳои деҳаи беҳтарин ҷойи якумро деҳаи Гулистони Ҷамоати деҳоти Зарбдор, ҷойи дуюмро деҳаи Саричашмаи Ҷамоати деҳоти Кӯлоб ва ҷойи сеюмро деҳаи Зиракии Ҷамоати деҳоти Зиракӣ соҳиб шуданд.

Аз рӯи нишондиҳандаҳои маҳаллаи беҳтарин ҷойи якум ба маҳаллаи Исмоили Сомонии шаҳри Кӯлоб, ҷойи дуюм ба маҳаллаи Сайфидин Сангови шаҳри Кӯлоб ва  ҷойи сеюм ба маҳаллаи Мир Сайид Алии Ҳамадонии шаҳри Кӯлоб сазовор дониста шуд.

Аз рӯи нишондиҳандаҳои кӯчаи беҳтарин ҷойи якумро ба кӯчаи Ҷумъа Алии шаҳри Кӯлоб, ҷойи дуюмро ба кӯчаи Нонбойи поёни шаҳри Кӯлоб ва ҷойи сеюмро ба кӯчаи Сангак Сафарови шаҳри Кӯлоб сазовор донистанд.

Аз рӯи нишондиҳандаҳои оилаи беҳтарин ҷойи якумро оилаи Абдуҷаббор Зардиев, сокини Ҷамоати деҳоти Зиракӣ, ҷойи дуюмро оилаи Шариф Шеров, сокини Ҷамоати деҳоти Даҳана ва ҷойи сеюмро оилаи Амирхон Наимов, сокини кӯчаи Сайфиддин Сангови шаҳри Кӯлоб касб намуданд.

Дар ҷамъбаст ба ғолибони озмун Ифтихорнома, Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ, аз ҷумла мукофотпулиҳо дар ҳаҷми аз 2000 то 1500 сомонӣ супурда шуданд.

Январь 29, 2021 08:51

Хабарҳои дигари ин бахш

«ЗАБОНИ МО – ҶАҲОНИ МО». 16 октябр Анҷумани сеюми забоншиносони давлатҳои ҳамзабону ҳамфарҳанг баргузор мегардад
ФИЛМҲОИ МИЛЛӢ ДАР ҶАШНВОРАҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ЭЪТИРОФ ВА ҚАДРДОНӢ МЕШАВАНД. Эҳдо ба Рӯзи кинои тоҷик
«ИЛМ–ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». 19 октябр даври чоруми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Минск бахшида бо Рӯзи байналмилалии бузургдошти Ҳофизи Шерозӣ ҳамоиш доир шуд
Дар даври ҷамъбастии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» 581 довталаб иштирок менамояд
«ТОҶИ СОМОН». Меҳмонони синамоҷоизаи миллӣ бо имконоти сайёҳии Тоҷикистон шинос мегарданд
Ҷаласаи комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон—Ватани азизи ман» баргузор гардид
Иштирокдорони Форуми ҷавонони СҲШ аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон дидан намуданд
Оид ба ҳифзи мероси таърихию фарҳангии тоҷикон конфронси байналмилалӣ доир шуд
«ДОНАНДАИ БЕҲТАРИНИ АСАРҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ». Ғолибони озмуни ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ гардиданд
«ТОҶИ СОМОН». Дар доираи синамоҷоизаи миллӣ рӯзҳои кинои Эрон, Русия, Узбекистон ва Қирғизистон баргузор мегардад
«БАРНОМАИ РУШДИ КИТОБХОНАҲОИ ДЕҲОТ». Он фаъолияти китобхонаҳоро ба талаботи замони муосир мутобиқ менамояд