Дар шоҳроҳи байналмилалии Душанбе-Турсунзода 170 бех дарахт шинонида шуд

Январь 20, 2021 10:52

ДУШАНБЕ, 20.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ҳафтаи сипаришуда аз тарафи шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Ҳисор дар шоҳроҳи Душанбе-Турсунзода 170 бех дарахт шинонида шуд. Қаблан дар шафати ин шоҳроҳ, дар ҳудуди ноҳияҳои Рӯдакӣ 26 бех, Шаҳринав- 405 бех ва шаҳрҳои Душанбе- 410 бех, Турсунзода- 35 бех дарахтони сояфкану ороишӣ шинонида шуданд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки дар маъракаи ниҳолшинонӣ дар шоҳроҳи Душанбе-Турсунзода Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода ва роҳбарону намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор иштирок намуданд.

Ёдовар мешавем, ки бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола дар саросари Ҷумҳурии Тоҷикистон маъракаи сабзазоркунӣ баргузор мегардад,  ки ба беҳтар шудани ҳолати беҳдоштӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифати экологӣ ва зебопарастии аҳолӣ мусоидат менамояд.

Шоҳроҳи Душанбе – Турсунзода яке аз роҳҳои автомобилгарди байналмилалӣ маҳсуб ёфта, тавассути он ҳамлу нақли бор аз давлатҳои ҳамсоя сурат мегирад. Аз ин рӯ тасмим гирифта шудааст, ки дар шафати ин шоҳроҳ корҳои ободонӣ, аз ҷумла шинонидани дарахтони ороишӣ ва гулу буттаҳо ташкил карда шаванд.

Нигоҳубини ниҳолу дарахтони шинонидашуда ба зиммаи ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти маҳаллӣ гузошта шуда, масъулияти баланди онҳоро тақозо менамояд.

Дар маъракаи навбатӣ дар ин мавзеъ шинонидани 120 бех дарахтони дигар дар назар дошта шудааст.

Январь 20, 2021 10:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Ба дарахтони ҳамешасабзи шафати роҳи байналмилалии Бохтар, Хуросон ва Душанбе об доданд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар Тоҷикистон дар 78 гектар плантатсияҳои павловния бунёд гардидаанд
Дар остонаи ҷаласаи 45-уми Шурои Фонди иқлими сабз дар Душанбе ниҳоли дарахтони ҳамешасабз шинонида шуд
Дар ноҳияи Дӯстӣ бунёди 5 гектар боғи павловния ба нақша гирифта шудааст
Дар ниҳолхонаи шуъбаи ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Турсунзода беш аз 12 ҳазор бех ниҳоли гуногун парвариш меёбад
Дар Тоҷикистон 556,5 гектар боғҳои нав бунёд карда шуданд
Дар Тоҷикистон то соли 2040 беш аз 2 миллиард дарахт шинонида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон: «Дар Тоҷикистон дар доираи Барномаи давлатии сабзкорӣ то соли 2040 беш аз 1 миллиард бех дарахт шинонида мешавад»
ДАРАХТИ ДӮСТӢ БИНШОН. Ректорони донишгоҳҳои «сабз» беш аз 50 бех ниҳоли дарахти ҳамешасабз шинониданд
БАРНОМАИ КАБУДИЗОРКУНӢ. Дар мавзеи баландкӯҳи Вору зиёда аз 12 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар Мурғоб беш аз 3 ҳазор бех ниҳоли дарахтони сояафкан шинонида шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд