Дирӯз Ҷозеф Байден ба ҳайси Президенти 46-уми Иёлоти Муттаҳида ба вазифа шурӯъ намуд

Январь 21, 2021 12:42

ДУШАНБЕ, 21.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. Маросими савгандёдкунии Президенти 46-уми Иёлоти Муттаҳида Ҷозеф Байден 20 январ дар зинаҳои Капитолий баргузор шуд. Вай барои садоқат ба конститутсия ва кишвар савганд ёд кард, менависад ТАСС.

«Ман, Ҷозеф Робинетт Байден — хурдӣ, бо тантана қасам ёд мекунам, ки вазифаҳои Президенти Иёлоти Муттаҳидаро софдилона иҷро мекунам ва тамоми қувваи худро ҷиҳати нигаҳбонӣ, ҳифз ва дастгирии Конститутсияи Иёлоти Муттаҳида равона мекунам. Ва Худо ба ман мадад мекунад, — ӯ дасти чапашро ба рӯи Библия, ки ҳамсараш Ҷилл Байден  онро дар наздаш нигоҳ медошт, гузошта, формулаи анъанавии савгандро ба забон овард. «Табрикоти маро бипазиред, ҷаноби президент», — гуфт Ҷон Робертс, Раиси суди олии ИМА, ки дар назди ӯ истода ва савгандро қабул намуд. Байден ба Библияе, ки 127 сол боз ба оилаи ӯ тааллуқ дорад, савганд ёд кард.

Дар маросими савгандёдкунӣ президентҳои пешини ин кишвар Билл Клинтон, Ҷорҷ Буш ва Барак Обама ва инчунин собиқ ноиби президент Майкл Пенс, ки ба маросими видоъ бо Доналд Трамп ба пойгоҳи низомии Эндрюс нарафт, ширкат варзиданд. Роҳбари собиқи давлат бар хилофи анъанаҳои дерина дар маросим ширкат накард ва субҳгоҳон ҳамроҳи оилааш ба мулки худ ба Флорида рафт.

Дарҳол пас аз савганди садоқати Байден дар болои теппаи Капитолий садои 21 шиллики тӯпхона баланд шуд. Чанд дақиқа қабл — бо риояи қатъии анъана — ноиби президенти 56-солаи ИМА Камола Ҳаррис савганд ёд кард. Ҳамин тариқ, дар нимаи рӯз (соати 20:00 ба вақти Москва) ҳисоби муҳлати чорсолаи маъмурияти Байден оғоз ёфт.

Маросими савгандёдкунӣ дар шакли нопурра ва бо риояи меъёрҳои фосилаи иҷтимоӣ бо сабаби паҳн шудани коронавируси нав дар кишвар баргузор гардид. Ғайр аз ин, ташкилкунандагони он аз расми гузашти тантанавӣ ба муносибати савганд ёд кардани сарвари навбатии давлат даст кашиданд. Дар ин рӯз, танҳо қонунгузорон ҳақ доштанд, ки мустақиман дар теппаи Капитолий ҳузур дошта бошанд ва ҳар яке аз онон метавонист танҳо як меҳмон даъват кунад.

Дар пойтахт тадбирҳои бесобиқаи амниятӣ андешида шуда буданд, ки ба хатари нооромиҳои эҳтимолӣ аз тарафи ҷонибдорони президенти пешин Трамп вобаста мебошанд.

ДАР АКС: Президенти ИМА Ҷозеф Байден ва ҳамсараш Ҷилл.

АКС:© REUTERS/Kevin Lamarque

Январь 21, 2021 12:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Пешгӯиҳои ҳарорат барои соли 2050 аз соли 2025 оғоз мегарданд
Коршиносони ИДМ лоиҳаи Нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 35-солагии Иттиҳодро мувофиқа намуданд
Бинобар гармии рекордӣ дар Чин талабот ба неруи барқ ба нуқтаи баландтарин расид
Хисороти аз офатҳои табиӣ расида дар Чин аз 7,5 миллиард доллар зиёд шуд
Гармои шадид дар Испания дар ду моҳи охир сабаби марги 1180 нафар гардид
Бар асари боронҳои мавсимӣ ва обхезии шадид дар Покистон 104 нафар ҳалок гардид
Бархе аз минтақаҳои Аврупоро гармои шадид фаро гирифт
Бар асари фаромадани ярч ва обхезӣ дар шимоли Ҳиндустон 51 нафар ҳалок гардид
Созмони ҷаҳонии тандурустӣ чораҳои муҳофизат аз гармии тобистонро пешниҳод менамояд
Гармои шадид дар Аврупо сабаби сӯхтори ҷангалҳо гардид
Беш аз 2 миллиард одамон ба оби тозаи ошомиданӣ дастрасӣ надоранд
Даҳҳо ҳазор нафар дар ҷануби Чин бар асари тӯфон кӯчонида шуданд