Душанбе дар номинатсияи «Беҳтарин шаҳри варзишии Тоҷикистон дар соли 2020» ғолиб дониста шуд
ДУШАНБЕ, 11.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар маросими ҷоизасупории соҳаи кор бо ҷавонон ва варзиш дар соли 2020 шаҳри Душанбе дар номинатсияи «Беҳтарин шаҳри варзишии Тоҷикистон» ғолиб дониста шуда, Федератсияи футболи Тоҷикистон беҳтарин Федератсияи миллии варзишӣ аз рӯи намуди олимпӣ муайян гардид.
Ҳамчунин дар номинатсияи «Беҳтарин ташкилоти ҷамъиятии кор бо ҷавонон дар соли 2020» Ташкилоти ҷамъиятии «Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон», «Пайравони Пешвои миллат» ва «Созандагони Ватан» ғолиб ҳисобида шуданд.
Ёдовар мешавем, ки 9 январи соли равон дар маҷмааи «Кохи Суруш» -и пойтахт маросими ҷоизасупории Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар он муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлуба Сатториён, Раиси Кумитаи кор бо чавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулло Раҳмонзода, муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ ва роҳбарону намояндагони вазорату идораҳо, ҷавонон ва ғолибони ҷоизаҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш иштирок намуданд.








Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рӯзи Президент дар пойтахт дар сатҳи баланди ташкилӣ таҷлил мешавад
Бо мақсади тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба Чин сафар намуд
Қарори Раиси шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва таҷлили Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид
АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд
Марказҳои барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе ба кор оғоз намуданд
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ оромгоҳи Мир Сайид Алии Ҳамадониро зиёрат намуданд






