Душанбе дар номинатсияи «Беҳтарин шаҳри варзишии Тоҷикистон дар соли 2020» ғолиб дониста шуд

Январь 11, 2021 16:20

ДУШАНБЕ, 11.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар маросими ҷоизасупории соҳаи кор бо ҷавонон ва варзиш дар соли 2020 шаҳри Душанбе дар номинатсияи «Беҳтарин шаҳри варзишии Тоҷикистон» ғолиб дониста шуда, Федератсияи футболи  Тоҷикистон беҳтарин Федератсияи миллии  варзишӣ аз рӯи намуди олимпӣ  муайян гардид. 

Ҳамчунин  дар номинатсияи «Беҳтарин ташкилоти ҷамъиятии кор  бо ҷавонон дар соли 2020» Ташкилоти ҷамъиятии  «Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон», «Пайравони Пешвои миллат» ва   «Созандагони Ватан» ғолиб ҳисобида шуданд.

Ёдовар мешавем, ки 9 январи соли равон дар маҷмааи «Кохи Суруш» -и пойтахт  маросими ҷоизасупории Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар он муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлуба Сатториён, Раиси Кумитаи кор бо чавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулло Раҳмонзода, муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ ва роҳбарону намояндагони вазорату идораҳо, ҷавонон ва ғолибони ҷоизаҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш  иштирок намуданд.

Январь 11, 2021 16:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар баъзе аз кӯчаҳои пойтахт ҳаракати воситаҳои нақлиёт муваққатан қатъ карда мешавад
DITE-2025. Бо ташаббуси Рустами Эмомалӣ Душанбе ба маркази сайёҳии минтақа табдил меёбад
Дар Душанбе 37 фоизи кӯдакони синни томактабӣ ба таълиму тарбияи аввалия фаро гирифта шудаанд
15 июл иҷлосияи дуюми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
ТАЪТИЛИ БОФАРОҒАТ. Дар Душанбе 47 майдончаи тандурустиву солимгардонӣ ташкил гардидааст
ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ. Мусобиқаи футболи хурд байни кормандони вазорату идораҳо ҷамъбаст шуд
Иҷлосияи дуюми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Пагоҳ дар Душанбе ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ барномаи фарҳангӣ доир мешавад
Дилбар Одилзода: «Ваҳдати миллӣ ва рушди зан дар Тоҷикистон ду раванди бо ҳам пайвастанд»
Раиси шаҳри Душанбе бинои шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Исмоили Сомониро ифтитоҳ намуданд
Рустами Эмомалӣ роҳи мошингарди кӯчаи Бухоро пайваст ба кӯчаи Ҳабибулло Назаровро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ бо Шайх Сурур бин Муҳаммад Оли Наҳён мулоқот намуданд