КИШВАРЕ, КИ ХАЛҚ ОНРО ҲИМОЯТ МЕКУНАД, ШИКАСТНОПАЗИР АСТ. Андешаҳои Музаффар Давлатзода дар партави Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олӣ

Январь 29, 2021 14:57

ДУШАНБЕ, 29.01.2021. /АМИТ «Ховар»/. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ чун ҳуҷҷати стратегӣ миёни қишрҳои гуногуни ҷомеа мавриди омӯзиш қарор гирифта, дар он доир ба нуктаҳои мавриди таваҷҷуҳ ибрози андеша карда мешавад.   

Дар ин робита андешаҳои мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои кадрҳо Музаффар ДАВЛАТЗОДАро доир ба ҳифзи арзишҳо ва ваҳдати миллӣ, ки дар партави Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олӣ нигошта шудаанд, манзури хонандагон мегардонем. 

-Мо, халқи Тоҷикистон қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ буда, худро дар назди наслҳои гузашта, ҳозира ва оянда масъул ва вазифадор дониста, таъмини соҳибихтиёрии давлати худ ва рушду камоли онро дарк намуда, озодӣ ва ҳуқуқи шахсро муқаддас шумурда, баробарҳуқуқӣ ва дўстии тамоми миллату халқиятро эътироф карда, бунёди ҷомеаи адолатпарварро вазифаи ҷонии худ қарор медиҳем.

Таърихи пурифтихори миллати тоҷик мактаби бузурги худшиносӣ мебошад ва мо, миллати соҳибтамаддун вазифадорем, ки ба он арҷ гузорем, сафҳаҳои дурахшони қаҳрамониву диловарии аҷдодони худро омўзем ва онро ҳамчун асоси ғояи ватандўстиву садоқат ба Меҳан тарғибу ташвиқ намоем. Ба дурустӣ, ҳеҷ адабиёте дар ҷаҳон монанди адабиёти мо, мардуми бофарҳанги тоҷик саршор аз панду андарзҳо нест. Ҳамин инояти эҷодии Худододаи бузургону нобиғагони мо, ба гунае меваи фаровони панду ҳикматҳо ба бор овардааст, ки метавонад то ҷовидон бо хираду маърифати азалии мардум ва дигар арзишҳои пазируфтаи одобу ахлоқи ҳамидаи инсонӣ коми насли имрўзу ояндаро ширину шодоб созад ва миллати соҳибтамаддуни тоҷикро бо умеду назари нек ба сӯи ояндаи дурахшон роҳнамоӣ намояд.

Воқеан, маҳз ҳамин суханони самимонаю ҳакимонаи Пешвои муззами миллат дар Паёми имсола ба мардуми шарифи тоҷик як ҷаҳон маъно дорад ва роҳнамову дастурест барои наслҳои имрўзу фардои тоҷикистониён. Мо бояд таърихи гузашта, имрўз ва ояндаи ободу осударо пеши назар оварда, дар таъмини ваҳдати Тоҷикистони соҳибистиқлол, ободии Ватани маҳбубамон  ва таҳкими ҳамаҷонибаи давлатдориамон саҳмгузор ва шукргузор бошем.

Ироаи Паёми Роҳбари давлат яке аз рукнҳои муҳими давлати соҳибистиқлол ва рамзҳои асосии давлатдории демокративу ҳуқуқбунёд мебошад. Пешниҳод гардидани ин санади муҳим аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи манфиатҳои миллии кишвар, яъне мустақилона муайян гаштани самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷӣ ва дурнамои рушди мамлакати мо, воқеан тантанаи давлатдории миллӣ ва амалӣ гардидани ормону таманниёти таърихии мардуми шарифи тоҷик мебошад.

Паёми имсолаи Пешвои муаззами миллат муждаи боварибахш барои идомаи қадамҳои устувор ва рушди бемайлони иқтисоди кишвар дар шароити тағйирёбии вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва амниятии ҷаҳон мебошад.

Таҳлили вазъи имрўзаи ҷомеаи ҷаҳонӣ ва тамоюли муносибатҳои байналмилалӣ дурустии роҳи интихобкардаи мардуми бофарҳанги тоҷикро дар асоси татбиқи манфиатҳои миллии кишвар собит месозад.

Тавре Роҳбари давлат дар ироаи ин ҳуҷҷати расмӣ зикр карданд, имрӯзҳо хушбахтона, Тоҷикистони азизи мо аз зумраи кишварҳои босубот ба ҳисоб меравад ва сол то сол обрӯ ва эътибораш дар саҳнаи ҷаҳонӣ меафзояд.

Тавре бузургони илму адаби мо фармудаанд, некбахтию саодатмандии ҳар миллат ба иттиҳоду ваҳдати халқи он вобаста мебошад. Чуноне исёнгарони касбии қавму халқияти гуногун эътироф карданд, барои ҳифзи сулҳу субот ва устувории ин ё он кишвар неруи низомӣ басанда нест. Кишваре, ки халқ онро ҳимоят мекунад, шикастнопазир аст.

Шукри Эзид, ки ба ин миллати ранҷкашидаю ҷафодида фарзанди фарзона ва дўстдору ғамғор, шахсияте чун муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро иноят фармуд, ки имрўз бо сиёсати оқилонаву хирадмандона, эҳёи давлатдорӣ, фарҳангу маданият, тамаддуни оламшумул ва рисолати созандагию бунёдкорӣ мавқеъ ва нуфузи тоҷику тоҷикистониёнро дар арсаи байналмиллалӣ, бахусус дар миёни кишварҳои ҷаҳони мутамаддин баланд намуда, ҳамзамон мардуми азияткашидаи тоҷик аз баракати ин неъмати беҳамтои самовӣ ва ранҷу заҳмати корнамоиҳои абармарди майдони сиёсат солҳои тўлонӣ дар фазои ҳаловатбахшу осоишта ва хотирҷамъӣ умр ба сар бурда истодаанд, ки ин албатта, мояи ифтихору қаноатмандии хурду бузурги кишвар мебошад.

Миллати тоҷик бо истифода аз эътиқод ба рукну арзишҳои муқаддас, суннату анъанаҳои эътирофгардида ва баъдан ба фарҳангу ҳувияти миллии пурғановати гузаштагонамон ҳарчи бештар такя намуда, баёнгари он таърих мешавад, ки роҳи интихобкардаи мардуми тоҷик дар ҳама гуна масири ватансозиву ватандорӣ дурусту бомуваффақият мебошад ва умеду эътимоди моро ба зиндагии шоиста ва ояндаи дурахшон таҳти сиёсати ин фарзанди фарзонаи миллати тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зиёд менамояд. Чунончӣ бузургони илму адаби оламшумули мо  фармудаанд:

Ин саодат, ин каромат, ин шараф,
Ҷуз насиби миллати фаъол нест.

***

Ризқи ин хона зи даргоҳи Худо металабам,
Шодию сулҳу сафо баҳри шумо металабам.
Бахти неку бишавад ҳадяи кошонаи мо,
Рўзи хурсандию дурӣ зи бало металабам.

***

Андар ин дунё ҳаёт аз ваҳдат аст,
Созу барги коинот аз ваҳдат аст…

***

Ваҳдат агар набошад, гул аз замин нарӯяд!
Хуршед кай барояд, кай сабза роз гӯяд?
Ваҳдат агар набошад, кай сабз як дарахт аст?
Кай  хок нарм бошад, кай санг низ сахт аст?
Ваҳдат агар набошад, не қатраву на дарёст,
Не дар замин замин аст, не сур дар Сурайёст.
Ваҳдат агар набошад, ин хок бесиришт аст.
Дони умеду армон дар бодҳо кӣ киштаст?
Ваҳдат агар набошад, сар нест, дасту по нест!
Дар торҳо наво нест, дар зиндагӣ бақо нест!
Ваҳдат агар набошад, не созу не фари туст!
Не хонаву дари туст, ҳатто на пайкари туст!
Ваҳдат биҷӯ, ки бошӣ андар бақои ваҳдат,
Ҳастист чун дарахте, мо — меваҳои ваҳдат.

Январь 29, 2021 14:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Комиссияи Иттиҳоди Аврупо Урсула фон дер Ляйен аз иқтидори бузурги Неругоҳи азими барқи обии «Роғун»-и Тоҷикистон ёдовар шуд
Президенти Тоҷикистон тавсеаи ҳамкории давлатҳои Осиёи Марказиро бо Иттиҳоди Аврупо дар соҳаи энергетикаи «сабз» аз самтҳои ояндадор номиданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Пиряхҳои Тоҷикистон танҳо манбаи об барои минтақа набуда, дар нигоҳдории иқлими минтақа низ нақши муҳим мебозанд»
Инъикоси густурдаи таҷлили Ҷашни байналмилалии Наврӯз бо иштироки Сарони се давлати Осиёи Марказӣ дар расонаҳои хабарии минтақаю ҷаҳон ва шабакаҳои иҷтимоӣ
Эмомалӣ Раҳмон: «Натиҷаҳои вохӯриҳои имрӯзаро мо ҳамчун пайки таҷдид ва оғози марҳилаи сифатан нав дар муносибатҳои се кишвар медонем»
Президенти Тоҷикистон: «Худдорӣ намудан аз ҳама гуна зиёдаравию исрофкорӣ вазифаи ҳар бандаи муъмин дар ҳама ҳолат, аз ҷумла дар айёми ид мебошад»
23 март-Рӯзи ҷаҳонии обуҳавошиносӣ. Дар ҳар се соат ҳавошиносони тоҷик ба Хадамоти ҷаҳонии ҳавошиносӣ маълумот пешниҳод менамоянд
«НАВРӮЗ ДАР АСЛ ҶАШНИ ЗИНДАГИСОЗ АСТ». Иқтибос аз суханрониҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Ҳифзи пиряхҳо аз обшавии босуръат ҳамкории дастҷамъонаи давлатҳо ва созмонҳои байналмилалиро тақозо менамояд
Пешвои миллат: «Тоҷикистони маҳбуби мо воқеан Ватани аслии Наврӯз аст»
Бузургии Зан-Модар- ин олиҳаи ҳаёт ҳамеша вирди забони башарият аст
Рӯзи Модар рамзи эҳтиром ва қадршиносии махсуси давлату ҳукумати Тоҷикистон нисбат ба Зан-Модар мебошад